logo

туризм

РАШТ ДАР МАНЗАРИ САЙЁҲОНИ ҶАҲОН

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ назарработарин минтақаю мавзеъҳои диёрамонро кашф ва муаррифӣ намуд. Яке аз чунин мавзеъҳои дилпазир ноҳияи Рашт буда, дар он имсол бори аввал бахши рушди сайёҳӣ таъсис ёфт. Ноҳия аз сатҳи баҳр дар баландии 1350 метр ҷойгир аст ва номҳои ҷуғрофии суфта, зебо ва тоҷиконаи ноҳия аз бостонӣ будани мавзеи мазкур дарак медиҳад. Ҳудуди ноҳияро аз Шарқ ба Ғарб дарёи Сурхоб бурида мегузарад. Ба он рӯду дарёчаҳои бисёре ҳамроҳ мешаванд, ки калонтаринашон Руноб, Шӯрак, Оби Кабуд, Ясманд, Оби сафед, Сорбоғ ва Санги кар мебошанд.

Мудири бахши рушди сайёҳии ноҳия Одилҷони Ҳайдар иттилоъ дод, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ бо мақсади кору фаъолият ва дидан намудан аз мавзеъҳои сайёҳии Рашт 120 шаҳрванди хориҷӣ вориди ноҳия шудаанд. Бештари меҳмонони ташрифоварда аз кишварҳои Чин (40 нафар), Олмон (10 нафар), Молдова (9 нафар), Амрико (8 нафар), Ҷопон (8 нафар), Русия (6 нафар) ва Ӯзбекистону Ҳолланд (5 нафар) мебошанд.
Дар ноҳия 64 муассисаи фарҳангӣ ва фароғатӣ, 18 мавзеъ ва ёдгории таърихӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин ҷо ду осорхона: осорхонаи назди бахши фарҳанг ва осорхонаи хусусии “Кӯҳсори Аҷам” фаъолият доранд. Таъсисдиҳандаи осорхонаи назди бахши фарҳанг сокини ноҳия Ҳабибулло Олимов аст. Ӯ дар натиҷаи заҳмату талошҳои пайваста зиёда аз 450 нигораро ҷамъоварӣ намудааст.
Осорхонаи “Кӯҳсори Аҷам” бо ташаббуси соҳибкор ва кишваршинос  Мирзошои Акобир дар деҳоти Ҷафр амал мекунад. Он 18 киллометр дуртар аз маркази ноҳия, дар бинои барҳавои сеошёна мавқеъ гирифтааст. Дар хазинаи осорхона 2200 нигора мавҷуд мебошад. Атрофи осорхонаро боғи барҳавою дидании ботаникӣ иҳота кардааст.
Боғи ботаникии «Кӯҳсори Аҷам» соли 1988 ташкил ёфта, дар он  52 навъи маҳаллии себ, 34 навъи муруд, 22 навъи зардолу, навъҳои зиёди гелос, ангур, олу, шафтолу, чормағз ва бодом парвариш меёбанд.
Қайд намудан бамаврид аст, ки Мирзошоҳи Акобир бо боғпарварони 24 кишвари дунё робита дошта, таҷрибаҳои худ-ро бо онҳо иваз мекунад.  Ҷаҳонгардон аз тамошои ин боғҳои зебо як дунё лаззати маънавӣ мебаранд. Вақте мо меҳмони боғи ӯ шудем, як гурӯҳ меҳмонон аз Ҷопон омаданд ва ба сайри боғ пардохтанд.
Ташкилоти ҷамъиятии “Рӯшноӣ”, воқеъ дар деҳаи Ҷафр, маълумот медиҳад, ки барои тамошои ин деҳаи зебоманзар аз Австралия (10 нафар), Олмон (8 нафар)  ва аз Итолиёю Швейтсария (7 нафар) меҳмонони хориҷӣ ташриф овардаанд. Ба ҷуз ин, зиёда аз сад иштирокчии экспедитсияи кӯҳнавардии қуллаи Исмоили Сомонӣ аз хизматрасониҳои мавҷудаи сайёҳӣ истифода бурдаанд.
Ҷиҳати ташкили инфрасохтори муосири сайёҳӣ ва муҳайё намудани сатҳи баланди хизматрасонӣ ба сайёҳон аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия нақша - чорабиниҳои мукаммал тарҳрезӣ гардида, тибқи он корҳои назаррас амалӣ гардида истодаанд.
Ноҳия дорои захираи бойи рушди сайёҳӣ, бахусус сайёҳии экологӣ мебошад. Ба истифода дода  шудани шоҳроҳи байналмилалии Душанбе -  сарҳади Қирғизистон ва роҳи шаҳраки Ғарм - шаҳраки Навобод ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар шафати роҳҳои номбурда аз тарафи соҳибкорон чойхонаю тарабхона, мағоза, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва таъмири автомобил ва дигар намуди нуқтаҳои хизматрасонӣ сохта шудаанд, ки барои рушди соҳа мусоидат менамоянд.  Дар  даромадгоҳи ноҳия чашмаи Навдонак ҷойгир аст ва дар паҳлуи он чойхонаи барҳаво бо нақшу нигори миллӣ қомат афрохтааст. Маркази ноҳия дорои теъдоди зиёди мағозаю тарабхона ва чойхонаю ошхонаҳои миллӣ мебошад, ки дар онҳо дилхоҳ хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти гуногуни тайёрнамудаи ҳунармандони мардумиро дастрас кардан имкон дорад. Айни ҳол, дар ноҳия 3 меҳмонхонаи замонавӣ - «Соҳили Сурхоб», «Шоми Рашт» ва «Ҷамъияти матлубот» амал мекунанд. Меҳмонхонаҳои мазкур ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, дар як шабонарӯз метавонанд ба 270 нафар меҳмон хизмат расонанд.
Дар ноҳияи Рашт мавзеъҳои нодир кам нестанд. Дараҳои хушманзари Камароб, Қалъанак, Ҳиҷборак, Ясманд, Ҳоит бо манзараҳои дилфиреб, гиёҳҳои шифобахш, рӯду кӯлҳои мусаффо, мардуми меҳмоннавоз ва дигар вижагиҳояшон шуҳратёб гардидааст.
Дараи овозадори Камароб ҳар сол садҳо сайёҳро мепазирад. Шаршараҳои хурду бузург, оби шифобахши Хушлар, шикоргоҳҳо, кӯҳи пурсаховати Зуғол, ки дар он кони ангишти Кафтархона ҷой гирифтааст, инчунин, дарахтони гуногуни худрӯй, ҳайвонҳои ваҳшӣ ва парандагони гуногун диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд.
Панҷ сол аст, ки дар дараи Камароб фароғатгоҳи «Шарики боэътимод» ба сайёҳон хизматрасонӣ дорад. Фароғатгоҳ дорои боғу гулгашт, айвонҳои хурду калон, майдончаи варзиш ва ҳавзи шиноварист. Инчунин, дар ҳавзҳои парвариши моҳӣ ҳамасола аз 20 то 22 тонна гулмоҳӣ истеҳсол ва пешкаши харидорон мегардад.
Парваришгоҳи давлатии “Камароб” соли 1960 дар назди муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия  таъсис ёфта, ҳудуди он 10 ҳазору 500 гектарро ташкил медиҳад. Мақсади асосии фаъолияти он парвариши гулмоҳӣ, хирси малла ва бузи кӯҳӣ мебошад. “Камароб” дорои 23 намуди паранда ва 350 намуди гиёҳҳои шифобахш аст. 
Дар ҳудуди деҳаҳои Ҳоит низ гӯшаҳои диданӣ зиёданд. Ошноӣ бо оромгоҳи аввалин муаллимаҳо ва дигар поягузорони давлати Тоҷикистони шӯравӣ бинандаро ба сайри таърих мебарад. Дараҳои Ясманд, Назарайлоқ ва Шавр ҷойҳои тамошобоб ва шикоргоҳҳои мувофиқанд. Дараи Шавр, ки аз саргаҳ то охираш бисту як километр аст, бо анвои рустаниву дарахтони босамару ҳамешасабз ва дарёи Оби сафед, ки аз миёни дара мегузарад ба ҳусни Рашт ҳусни дигар зам менамояд. Дар ин мавзеъ 24 навъи кандании фоиданок дар синаи кӯҳи дараи Пиёзӣ нуҳуфтааст.
Дар ҳудуди деҳоти Тагоба дараи хушманзари Хӯҷашамсиддин воқеъ буда, макони беҳтарин барои шикор аст. Дар ин мавзеъ барои қабули сайёҳон бошишгоҳи замонавӣ сохта шудааст.
Дар деҳаи Оби меҳнат оромгоҳи яке аз шахсиятҳои маъруфи ҷаҳони ислом Хоҷа Абдуллоҳи Валӣ қарор дорад, ки оид ба рӯзгори вай дар китоби “Тазкират-ул-авлиё” ёд шудааст.
Дар Ҷамоати деҳоти Аскалон низ ҷаҳонгардон аз оромгоҳи олими маъруфи гиёҳшинос Эшони Малеҳ дидан намуда, дар бораи заҳматҳои ин марди бузург, ки то инқилоб бо рустаниҳои шифобахш садҳо беморро шифо бахшидааст, маълумот пайдо мекунанд. Мавзеъҳои Зуҳбед, Кӯли соярӯ ва Кӯли офтобрӯ низ маконҳои диданӣ ва тамошобобанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
Маҳмуд БАҲРОМ,    
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2018    №: 195    Мутолиа карданд: 490

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед