logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. БЕШ АЗ 100 ҲАЗОР КОРТИ НАҚЛИЁТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Аз 3 октябри соли ҷорӣ дар хатсайри автобуси 22 пардохти ҳаққи роҳкиро тавассути корти электронӣ ба роҳ монда шуд. Пардохти ғайринақдӣ бори нахуст 18 июни ҳамин сол дар хатсайрҳои автобуси 3 ва троллейбуси 1 роҳандозӣ гардида буд. Доир ба ҷузъиёти бештари мавзӯъ Бежан Азонов, роҳбари лоиҳаҳои инвеститсионии ҶДММ «Авесто - гурӯҳ», чунин шарҳ дод:
- Иқдоми мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» амалӣ  гардида, мақсад беҳтар кардани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ мебошад. Татбиқи лоиҳа аз моҳи феврали соли 2018 оғоз шуда, марҳила ба марҳила идома меёбад. Аллакай аз 18 сентябр пардохти роҳкирои автобусу троллейбуси хатсайрҳои 8 ва 10 пурра ба шакли ғайринақдӣ гузаронда шуд. 3 октябр дар хатсайри автобуси 22 низ пардохти ҳаққи роҳкиро тавассути кортҳои электронӣ роҳандозӣ гардид. Мусофирон ва меҳмонони пойтахт метавонанд кортҳои электрониро аз терминалҳои «Express Pay» ва нуқтаҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо дар истгоҳҳои пойтахт дастрас намоянд. Барои сода кардани кори мусофирон, инчунин, барномаи махсус таҳия шудааст, ки тавассути он пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи телефони мобилӣ сурат мегирад. Онро метавон аз манбаъҳои иттилоотии Play Market ва App Store дастрас намуд.
Ҳоло сокинону меҳмонони пойтахт аз фаъолияти ин низом қаноатманданд. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» наврасони то панҷсола ҳуқуқ доранд ҳаққи роҳкироро пардохт накунанд, яъне онҳо метавонанд аз воситаҳои автомобилии истифодаи умум ройгон истифода баранд. Наврасони аз 6 то 12 - сола метавонанд ҳаққи роҳкироро 50 дарсад пардохт намоянд. Шумораи зиёди шаҳрвандоне, ки аз имтиёзҳо бархӯрдоранд, аллакай соҳиби кортҳои имтиёзнок гаштанд. Барои наврасон низ аз ҷониби лоиҳа кортҳои махсус пешбинӣ шудааст. Инчунин, тибқи қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои донишҷӯён низ имтиёзҳо ҳангоми хариди корти нақлиётӣ ба миқдори 50 сафар ва зиёда аз он тахфиф ба андозаи 30 дарсад барои пардохти ҳаққи роҳкиро пешбинӣ гардидааст.
Айни замон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Авесто – гурӯҳ»  якчанд намуд кортҳои пардохти электронии роҳкиро омода шудаанд ва яке аз инҳо корт барои истифодаи доимӣ автобус ва троллейбусҳои пойтахт мебошад. Корт 10 сомонӣ арзиш дорад. Аз ин 4 сомониаш дар тавозуни корт ҳамчун масрафнашаванда боқӣ мемонад. Тавозуни кортро ба воситаи терминалҳои «Express Pay» пурра кардан мумкин аст. Арзиши сафар баробари арзиши муайяннамудаи хатсайр мебошад. Муҳлати истифодабарии корт 3 сол мебошад. Корти имтиёзнок ба шахсони маъюб ва дорои имконияташон маҳдуд низ дода мешавад. Он танҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи истифодабарандаи имтиёз амалӣ шуда, ройгон аст. Инчунин, корт барои кӯдакони аз 7 то 12 - сола пешбинӣ шудааст. Сафар бо корти мазкур бо тахфифи 50 дарсад аз маблағи тасдиқшудаи тарофаи сафар амалӣ карда мешавад. Корти дигар ин барои меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ буда, барои 4 - 8 сафар пешбинӣ шудааст. Арзиши корт 5 -  10 сомонӣ ба муҳлати 10 рӯз аст. Корти эҳтиром барои шахсони аз 75 - сола боло пешбинӣ шуда, ройгон мебошад.
Ҳоло сокинону меҳмонони пойтахт метавонанд пурра аз ин низом истифода баранд. Дар 340 воситаи нақлиёт валидатор - таҷҳизоти қабулкунандаи корти ҳаққи пардохт насб шудааст. То имрӯз зиёда аз сад ҳазор кортҳои нақлиётӣ ба гардиш дароварда шудаанд. Аммо ин ҳанӯз аввали кор аст. Нақша дорем марҳила ба марҳила хатсайрҳои  дигареро, ки берун аз ин низом фаъолият мекунанд, бо ин тарзи хизматрасонии ҷавобгӯ ба талаботи муосир пайваст намоем.
Фишурда аз АМИТ "Ховар"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2018    №: 196 -197    Мутолиа карданд: 66

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед