logo

иқтисод

АЗХУДКУНИИ ЗАМИНҲОИ НАВ. ҚАРОР ДАР СУҒД ЧӢ ГУНА ТАТБИҚ МЕШАВАД?

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи “Барномаи давлатии аз худкунии заминҳои нави обёришаванда  ва  барқарорсозии заминҳои аз  гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  солҳои  2012 - 2020” бояд дар вилояти Суғд 940 гектар заминҳои нави кишоварзӣ аз худ карда шавад. Оё татбиқи барномаи мазкур дар давоми шаш соли охир мувофиқи талаботи рӯз роҳандозӣ шудааст?
Дар иҷлосияи шонздаҳуми маҷлиси  вакилони халқи вилояти Суғд даъвати панҷум маҳз ҳамин масъала  мавриди баррасию муҳокима қарор гирифт, муовини раиси вилояти Суғд назди вакилони халқи вилоят гузориш дод. Бино ба гузориши муовини раиси вилоят Ориф Хоҷазода Ашӯр аз оғози татбиқи барномаи мазкур то имрӯз дар шаҳру навоҳии вилоят 3 ҳазору 219 гектар замини нав азхуд карда шудааст.
Дар давоми шаш сол дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 1000, Истаравшан 957, Деваштич 440, Кӯҳистони Мастчоҳ 420 гектар заминҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ин амал, бешубҳа дар фаровонии бозор, рушди соҳаи кишоварзӣ, равнақи соҳаи сабзавоткорӣ ва боғдорӣ нақши муассир бозид. Дар доираи барнома тайи солҳои 2016-2020 танҳо дар ноҳияи калонтарини вилоят - Бобоҷон Ғафуров азхудкунии 5000 гектар замини нави обёришаванда дар мавзеи Сомғор - Мирзоработ бо маблағгузории 300 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Тоҷикистон - таъмини амнияти ғизоии кишвар татбиқи саривақтии барномаи мазкур талаботи рӯз маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ва мулоқот бо аҳолии кишвар пайваста аз ин барнома ёдовар шуда, даъват ба амал меоваранд, ки дар шароити камзаминии мамлакат ҳар як ваҷаб замин бояд самаранок истифода шавад, онҳое бо замин сару кор гиранд, ки аз кори кишоварзӣ огоҳ бошанд ва дар як сол аз замин ду - се ҳосил бардоранд.
Яке аз вазифаҳои мутахассисон ва кишоварзони ҷумҳурӣ низ дар шароити кунунӣ бунёд намудани боғҳои интенсивӣ мебошад.  Дар ин самт таҷрибаи мутахассисони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боиси дастгирист. Дар мавзеи Сомғори ин ноҳия феълан 1000 гектар заминҳои асрҳои аср бекорхобида азхуд шуда, ба боғҳои нопайдоканори сарсабзу ҳосилдеҳ табдил меёбанд. Омӯзиши бозори минтақавию ҷаҳонӣ аз он бозгӯйӣ дорад, ки парвариш ва истеҳсоли олуи сиёҳ, зардолу ва шафтолу айни муддаост. Аз ин хотир, дар заминҳои навазхудшудаи мавзеи Сомғор дар майдони зиёда аз 700 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд ёфтанд, ки аллакай самар медиҳанд. Ҳоло бо ҳамин усул дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла Ашт, Конибодом, Исфара, Зафаробод, Ҷаббор Расулову Спитамен, Панҷакенту Айнӣ ва Мастчоҳ боғу токзорҳои ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир бунёд мешаванд ва эътибори меваи Тоҷикистонро дар ҷаҳон боз ҳам боло мебаранд.
Самти дигари барномаи мазкур, ки вакилони халқи вилоят баррасиву таҳлил намуданд ва солҳои охир ин мавзӯъ ба доғи рӯз табдил ёфтааст, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда мебошад. Чунин заминҳо дар миқёси вилоят, мувофиқи маълумоти омори расмӣ, 11 ҳазору 798 гектарро ташкил медиҳанд. Тибқи барномаи дар боло зикрёфта, дар давоми  солҳои 2012 - 2020 бояд 1400 гектар замин аз нав барқарор, яъне ба гардиши кишоварзӣ дохил карда шавад. Дар шаҳри Истаравшан 1300, ноҳияҳои Мастчоҳ 3500, Ашт 2000, Деваштич 400, Бобоҷон Ғафуров 650 ва Зафаробод ба ихтиёри кишоварзон вогузошта шуда, зироату сабзавот парвариш карда мешавад ва дар фаровонии бозори дохилӣ мусоидат мекунанд. Дар сурати ислоҳи нуқсонҳо дар навоҳии Деваштич, Истаравшан, Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷаббор Расулов азнавбарқарорсозии заминҳои аз кишт берунмонда вусъат хоҳад гирифт.
Беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо низ аз паҳлуҳои муҳими татбиқи барнома маҳсуб меёбад. Дар вилоят тибқи ин ҳуҷҷат, бояд дар маҷмӯъ ҳолати мелиоративии 5 ҳазору 496 гектар замин беҳтар карда шавад. Барои  ин  амал 5 миллиону 93 ҳазор  сомонӣ маблағ дар назар дошта шуда буд. Бино ба иттилои муовини раиси вилоят, то имрӯз ҳолати мелиоративии 4004 гектар заминҳои кишоварзии вилоят беҳтар карда шуд. Мутаассифона, дар ин самт ҳанӯз дар шаҳру навоҳии Конибодом, Ашт, Исфара, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров камбудиҳои зиёд ба мушоҳида мерасанд, ки ислоҳи онҳо тақозои рӯз аст. Таҳлилҳо аз он бозгӯйӣ доранд, ки фаъолияти силсилапойгоҳҳои обкашии навоҳии Зафаробод, Мастчоҳ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва шаҳри Панҷакент, ки аҳамияти стратегӣ доранд, боиси нигаронӣ шудааст. Вазъи феълии  баамаломада  зарурияти азнавбарқарорсозии шабакаҳои ирригатсионӣ ва мелиоративӣ, таъмири биноҳои пойгоҳҳои обкашӣ, иваз кардани муҳаррикҳои обкашӣ, барқарорсозӣ ва зиёд кардани қобилияти обгузаронии каналҳо, тоза кардану таъмири обанборҳо, таъмири асосии қубурҳои обгузар ва корҳои дигарро ҷиддан тақозо дорад.
Вакилони халқи вилоят Фирӯза Солиева, аз ноҳияи Деваштич, Ғайрат Азиззода, аз ноҳияи Мастчоҳ, Раҷаббой Ашӯрзода, аз ноҳияи Зафаробод ва раиси шаҳри Панҷакент Шафеиён Ислом Зиёзода зимни суханронӣ  вобаста ба масъалаи баррасишуда таъкид бар он доштанд, ки корҳои татбиқи барнома, қабл аз ҳама, беҳтар кардани сатҳу сифати обёрӣ ва мақсадноку самаранок истифода бурдани замин ва ба ин васила рӯёндани ҳосили фаровони зироату сабзавот, меваҷот ва пурнозу неъмат гардондани дастархони аҳолии кишвару зиндагии шоистаи мардум, таваҷҷуҳи хосса ва талоши бештарро тақозо доранд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2018    №: 196 -197    Мутолиа карданд: 131

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед