logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. БЕҲТАРИНҲОИ ВИЛОЯТ МУАЙЯН ШУДАНД

Дар шаҳри Бохтар озмуни вилоятии “Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, маҳалла ва деҳа», ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, анҷом ёфт.
Тавре аз шуъбаи иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд, озмун бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ташвиқу тарғиби таҷрибаи пешқадам дар шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, деҳаҳо, маҳаллаҳо ва ба ин васила гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ баргузор гашт.
Зимни  ҷамъбасти  озмун, раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба фаъолони шаҳру навоҳии вилоят барои дар сатҳу сифати баланд амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардондани диёр ва сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамин тавр, ҳангоми натиҷагирӣ, ҳайати комиссия шаҳри Бохтар, ноҳияи Данғара, Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара, Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, деҳаи Наврӯзи ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ  ва маҳаллаи Ибни Синои ноҳияи Кӯшониёнро ҳамчун ғолибони озмун эълон дошт.
Шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Ёвон, Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён, Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Ҳамадонӣ, деҳаи Сангтӯдаи Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара ва маҳаллаи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Бохтар сазовори ҷойи дуюм шуданд.
Шаҳри Левакант, ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ, Ҷамоати шаҳраки Шаҳритузи ноҳияи Шаҳритуз, Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш, деҳаи Зарбдори Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб ва маҳаллаи 1-уми ноҳияи Фархор мақоми сеюмро ишғол карданд.
Ҳамчунин, барои ширкати фаъолона дар озмун ноҳияҳои Хуросон, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Темурмалик, Ҷамоати шаҳраки ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб, Ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрав, Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ ва Ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун бо “Ифтихорнома” - и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.
Бахтовар КАРИМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2018    №: 196 -197    Мутолиа карданд: 206

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед