logo

иқтисод

ҶАНГАЛ ИҚТИДОРИ БУЗУРГИ ИСТЕҲСОЛӢ

Тоҷикистон минтақаи камҷангалтарини Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, масоҳати умумии фонди давлатии ҷангал ба 1,8 миллион гектар баробар аст ва аз ин заминҳои ҷангалпӯш 422,7 ҳазор гектар мебошанд. Аз ин лиҳоз, дар раванди тағйирёбии иқлим ҳифз ва нигоҳдории ин ҷангалзор хеле муҳим аст.
Ҷангалҳои Тоҷикистон аҳамияти муҳофизатӣ, обнигаҳдорӣ, санитарию гигиенӣ ва солимгардонӣ доранд. Вазифаи  кормандони соҳаи ҷангал, пеш аз ҳама, бунёди ҷангалҳои нав ва барқарор сохтани ҷангалҳои кӯҳна,  нигоҳубин ва ҳифзи онҳо, инчунин истифодаи босамар  мебошад, ки имрӯз яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба ҳисоб меравад. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди ҷангалзорҳои нав имкониятҳои зиёд дорад. Ба гуфтаи директори агентӣ Азизулло Исматзода, дар ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар майдони 1633,6 гектар замин корҳои бунёду барқарорсозии ҷангал гузаронда шуданд. Фаъолияти хоҷагиҳо танҳо бо иҷрои вазифаҳои экологӣ маҳдуд набуда, онҳо ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ҷангал низ машғуланд. Ба муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангал (44 адад) 4 мамнӯъгоҳ, ду парки табиӣ, парки миллӣ, 13 парваришгоҳи табиӣ, 5 корхонаи воҳиди давлатии ниҳолпарварӣ, муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ ва Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор шомиланд. Ҳар яки ин муассисаҳо бо иқтидори бузурги табиӣ ва имкониятҳои истеҳсолӣ барои пешрафти соҳаҳои афзалиятнок ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, хусусан мардуми деҳот, саҳми арзанда гузошта метавонанд. Барои мисол, хоҷагиҳои тобеи агентӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна то 20 тонна гиёҳҳои шифобахш, 90 тонна писта, 140 тонна меваи хушк, 300 - 400 тонна ғалладона, 140 тонна чукуриву сиёҳалаф, 30 тонна пиёзи анзур, 11 тонна асал ва 4000 тонна алафҳои табиӣ ҷамъоварӣ менамоянд, ки дар бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар нуфузу эътибори баланд пайдо кардаанд. Махсусан ба меваи хушк ва писта, ҳамчунин, ғалладона таваҷҷуҳи бештар равона шудааст. Бо истифода аз усулҳои нави коркард имконияти афзоиши ҳаҷми аз ин ҳам зиёди маҳсулот имконпазир аст. Аз ин лиҳоз, таҳия ва амалисозии барномаи нави рушди чормағзпарварӣ ва писта ин ҷо ба манфиати кор хоҳад буд. Ба роҳ мондани парвариши дарахту буттаҳои ба рӯйхати "Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон" воридгардида, таҳия ва қабули стандартҳои соҳавӣ оид ба маҳсулоти ҷангал ва ниҳолҳо, ҳамчунин, таҳияи барномаи муҳофизати ҷангал аз ҳашароти зараррасон ва амсоли инҳо низ самаранокии кори ҷангали Тоҷикистонро вусъат мебахшанд. Ба андешаи мутахассисон, роҳи асосии устувор фаъолият кардани соҳаи ҷангал  рушд додани базаи моддӣ – техникии хоҷагиҳои он мебошад.
О. ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2018    №: 196 -197    Мутолиа карданд: 239

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед