logo

иқтисод

НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН. ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН ЧӢ ГУНА ҶАРАЁН ДОРАД?

Баҳри дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода кардани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018 – 2019» муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин омодагии ҷиддӣ гирифта истодааст.
Тавре сармуҳандиси муассисаи  мазкур Абдурасул Маҷнунов, дар суҳбат ба мо иттилоъ дод, маъмурияти корхона имрӯз кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки ҳаракати мунтазами ҳама гуна воситаҳои нақлиётро дар давраи тирамоҳу зимистон дар сатҳи баланд ба роҳ монад.
Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин тибқи маълумотҳои ҷуғрофӣ, иқлими хеле хунук дошта, аз сатҳи баҳр 2 ҳазор метр баланд мебошад ва метавонад ба нақлиёти автомобилӣ ва рафтуомади мусофирон монеа эҷод кунад. Сабаби асосӣ ин аст, ки ҳама гуна воситаҳои нақлиёти вазнину сабукрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин маҳз аз ҳудуди ноҳия мегузаранд. Аз ин лиҳоз, дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар давраи зимистон барои аз барф сари вақт тоза кардани роҳҳои автомобилгард навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда мешавад.
Дар тавозуни муассиса 10 адад техникаҳои гуногунтамға, аз ҷумла 49,5 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ дошта, 41,5 километр роҳҳои  ҷумҳуриявӣ  ва 137,2 километр  роҳҳои  маҳаллӣ  мавҷуданд. Дар муассиса 43 нафар кормандон фаъолияти хуб доранд. Ҳамаи техникаҳо дар ҳолати хубу омодабош қарор дошта, то имрӯз таъмиру азнавсозии зиёда аз 60 километр роҳҳои аҳамияти маҳалли- доштаи Шамсиддин Шоҳин - Достон, Даштиҷум – Ёл – Сариғор, Туғмагӣ – Чагам, Шаҳрибарбар, Зулмобод ва Девдорро бо маблағи 103 ҳазор сомонӣ ба анҷом расид.   Дар деҳаи Сафедоби Ҷамоати деҳоти Даштиҷум аз болои дарёчаи оби Ниёб ва дар Ҷамоати деҳоти Доғистон, дар миёни деҳаҳои Доғистон – Кафтар ва Доғистон – Дараи Эмом аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорон сохтмони 3 пули мошингузар ҷараён дорад. Аз ҷумла, дар қалъаи роҳи Туғмагӣ – Чанам як истгоҳи замонавӣ насб гардида, як адад қубури обгузар дар қалъаи роҳи Зулмобод. Девдор бо маблағи 40 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ карда шуд. Дар мавзеъҳои мушкилгузари Шамсиддин Шоҳин – Кӯлоб, Шамсиддин Шоҳин – Тавилдара – Дарвоз, ки масофаи онҳо 228,2 километрро дар бар мегирад, то имрӯз ба миқдори 1147 м3 маводи зидди лағжиш, аз қабили қуму намак ва 15 м3 ҳезум захира карда шудааст. Дар маҷмӯъ, раванди корҳои зимистонгузаронӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла соҳаи коммуналӣ, роҳсозӣ, тандурустӣ ва соҳаи маориф дар сатҳи баланд ҷараён доранд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2018    №: 196 -197    Мутолиа карданд: 187

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед