logo

иҷтимоиёт

КӮЛОБ. 868 ИНШООТИ ҶАШНӢ

Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 30  - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сохтмони 30 иншооти таъйиноташон гуногун оғоз гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, иттилоъ доданд, барои сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни бузурги миллӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 ба тасвиб расида, барои амалишавии корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Кӯлоб ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода таъйин шуданд.
Пӯлод Ҳафизов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, иброз дошт, ки тибқи нақшаи пешбинигардида то соли 2021 дар шаҳру деҳаҳои Кӯлоб 868 иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла 30 муассисаи томактабӣ, 3 китобхона, 64 корхонаи истеҳсолӣ, 3 беморхона, 29 ҳаммом, 54 сартарошхона, 47 кошонаи ҳусн, 36 бунгоҳи тиббӣ, утоқҳо барои таваллуд, хатна, 31 дорухона, майдончаҳо ва толори варзиш сохта ба истифода дода мешаванд. Дар баробари марказҳои хизматрасонӣ дар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб бунёду таъмири 127 иншоот низ ба нақша гирифта шудааст. Феълан дар ҳудуди шаҳр сохтмони 30 иншоот шурӯъ гардида, аз тарафи соҳибкор Сафаралӣ Салимзода чароғонкунии роҳи мошингарди маҳаллаи С. Даминзода ба анҷом расид. Аз тарафи ҳамин соҳибкор боз 821 метр роҳи маҳаллаи мазкур таъмиру тармим шудааст. Ба ҳамин монанд, сохтмони бинои истиқоматии 9 - ошёна аз ҷониби соҳибкор Алишер Акрамов оғоз гардида, корҳои бунёди таҳкурсии бино идома дорад. Сохтмони бинои 5 - ошёнаи маркази савдо, корхонаи қаннодӣ, хонаи истиқоматӣ ва ҳуҷраи дандонпизишкӣ дар маҳаллаи Борбад низ аз тарафи соҳибкор Шуҳрат Мирзоҳусайнов бомаром ҷараён дорад. Кори пурмаҳсули соҳибкор Анвар Ализода дар таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди дохили кӯчаи Ҷ. Алӣ ба итмом расид. Ҳамчунин, соҳибкори дигари шаҳри  Кӯлоб Наврӯз Комилов тасмим  гирифтааст, ки дар шафати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 41 барои 480 нафар хонанда як мактаби замонавии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир сохта ба истифода медиҳад. Корҳои дигари бунёдкорию созандагӣ дар шаҳри Кӯлоб босуръат ҷараён дошта, армуғонест барои мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки аз ҳар яки онҳо масъулияти баланди шаҳрдорию шаҳрнишинӣ тақозо менамояд. 
Исломи РАҶАБАЛӢ, Рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2018    №: 196 -197    Мутолиа карданд: 33

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед