logo

сиёсат

БОЗДИД АЗ БОҒИ МИЛЛИИ ШИНҶУКУ

5  октябр  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Япония дар шаҳри Токио аз боғи миллии Шинҷуку боздид ба амал оварданд.
Боғи Шинҷуку бо якчанд боғи дигар дар ҳудуди шаҳрҳои Шинҷуку, Сибуя ва Токио ҷойгир аст. Он соли 1906 дар ҷойи бӯстонсаройи Даимё - Наито, ки асрҳои пеш барои истифодаи шахсии император бунёд шуда буд, таъсис ёфтааст. Масоҳати умумии боғ 58,3 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо беш аз 100 ҳазор дарахт, аз ҷумла 1300 навъи сакура парвариш меёбад. Дар фасли шукуфтанҳо боғи Шинҷуку макони дӯстдоштаи сайру саёҳати сокинону сайёҳон мегардад.
Он ба се қисм - японии анъанавӣ, франсузӣ ва англисӣ тақсим шуда, дар боғи ботаникӣ навъҳои хеле зиёди растаниҳои тропикӣ ҷамъоварӣ гардидаанд. Дар ин ҷо навъҳои нодири платан ва дарахтони лола парвариш меёбанд. Дар фасли баҳор олу, магнолияи сафед ва сакураҳо, дар тирамоҳ савсанҳои нилӣ ва дарахтони зайтун гул мекунанд.
Боғи миллии Шинҷуку яке аз боғҳои машҳури Токио ба шумор рафта, онро нигини санъати боғпарварии давраи Мейдзӣ меноманд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамошои боғ таассуроти нек бардошта, ба коргарону масъулони боғ барои парвариши ниҳолҳои нодиру зебо баҳои баланд доданд.
Мавриди зикр аст, ки солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат аз гӯшаву канори олам, аз кишварҳои хориҷ навъҳои гуногуни дарахтони соя- афкану ороишӣ барои корҳои ободонӣ, сабзу хуррамгардонии муҳити атроф ва боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ворид мегарданд. Қариб дар ҳама фаслҳои сол кӯчаву хиёбонҳои пойтахт бо гулу буттаҳои рангоранг ва ороишӣ, инчунин, дарахтони ба саломатии инсон фоидаовар, оро дода мешаванд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.10.2018    №: 198    Мутолиа карданд: 69

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед