logo

сиёсат

МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ЯПОНИЯ

5 октябри соли 2018 маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дафтари Сарвазири Япония баргузор шуд.
Ба хотири истиқболи расмии меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони пазироӣ бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар оро ёфта, горд ва оркести фахрӣ саф ороста буданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Япония Синдзо Абэ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.
Баъди гузориши фармондеҳи горди фахрӣ сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо доданд. Сипас, сарони давлатҳо аз назди сарбозон гузашта, ба Парчами давлатии кишвари мизбон эҳтиром ба ҷо оварданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония Синдзо Абэ бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Япония шинос шуданд.

Баррасии масоили ҳамкорӣ дар мулоқоти сарони давлатҳо бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар идома ёфт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва истиқболи самимӣ ба Сарвазири Япония Синдзо Абэ изҳори сипос карданд.
Таъкид гардид, ки Япония дар сиёсати хориҷии давлати мо ҳамчун кишвари пешрафтаи олам мақоми хосса дорад ва мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ давлати шуморо ҳамчун шарики муҳим дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ менамоем.
Ҳамсон ва наздик будани мавқеи кишварҳо оид ба ҳалли масъалаҳои калидии ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, дастгирии Япония аз татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоии Тоҷикистон, қабули Изҳороти якҷоя оид ба дӯстӣ ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Япония ва дигар омилҳо ба рушду густариши муносибатҳои кишварҳо саҳм гузоштанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар давоми муносибатҳои якҷоя 426 лоиҳаи иҷтимоӣ аз тарафи Ҳукумати Япония ба маблағи беш аз 350 миллион доллари амрикоӣ татбиқ гардид ва ҳамаи ин барномаҳо бо ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам мебошанд.
Таҷдиди роҳи мошингарди Дӯстӣ - Панҷи Поён ва Қӯрғонтеппа - Дӯстӣ намунаи олии ҳамкории ду давлат буда, ҷавобгӯи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвари мо дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот саҳми назарраси Агентии байналмилалии ҳамкории Япония (JICA) ва Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония ” барои таҳкими ҳамкорӣ махсус зикр гардид. Таъкид шуд, ки аз рӯи натиҷаи соли гузашта ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо 40 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 10 миллион доллар зиёд аст.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот оид ба ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, ҳамкории техникӣ - гуманитарӣ, татбиқи 50 санади ҳамкории қаблан имзошуда, иштироки ҷониби Япония дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи дастгирии молиявӣ, ҷалби мустақими сармояи японӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ва таъсиси Фонди муштараки сармоягузорӣ табодули андеша карданд.
Рушди соҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, истеҳсоли неруи барқ, тарҳрезии барномаи муштараки дарозмуҳлат оид ба азхудкунии иқтидори азими гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ба хотири таъмини амнияти энергетикӣ, интиқоли неруи тозаи барқ ба бозори Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла ба Афғонистону Покистон, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи саноати кӯҳӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фармасевтика аз самтҳои ояндадори ҷонибҳо арзёбӣ шуданд.
Яке аз омилҳои рушди муносибатҳои иқтисодӣ - тиҷоратӣ ҳавасмандии ҳамкории доираҳои соҳибкории Япония барои ҷорӣ кардани тиҷорат дар Тоҷикистон маънидод гардид. Намунаи олии ин ҳамкорӣ фаъолияти пурсамари корхонаи муштараки “Аввалин” оид ба коркарди рустаниҳои шифобахш ва истеҳсоли доруворӣ аз он мебошад. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис дода, барои ҷалби сармояи хориҷӣ имконоти фарохро муҳайё кардааст.
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори фарҳангӣ - гуманитарӣ, табодули таҷрибаи доираҳои илмии ду кишвар, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисони тоҷик дар муассисаҳои олии Япония ба хотири рушди неруи инсониро баррасӣ карданд.
Зимни баррасии масъалаҳои таъмини амният аз саҳми назарраси ҷониби Япония барои таҳкими сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон изҳори сипос шуд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои беҳбудии сатҳи зиндагии сокинони маҳалҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ба рушди тиҷорати наздисарҳадӣ ҳавасманд аст.
Дар ҷараёни мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Япония бо иштирок ва дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Синдзо Абэ маросими имзои ҳуҷҷатҳо сурат гирифта, 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Нахуст, зери Изҳороти муштарак доир ба тақвият ва густариши минбаъдаи шарикии нав миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония Синдзо Абэ имзо карданд.
Сипас, аз ҷониби намояндагони расмии ду кишвар санадҳои зерин ба имзо расиданд:
- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Япония барои солҳои 2019 - 2021;
- Ёддоштҳои табодулӣ вобаста ба лоиҳаи “Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ” (лоиҳаи JDS);
- Созишномаи грантии лоиҳаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)”;
- Ёддошти тафоҳум оид ба давраи машқу тамрини пеш аз Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио - 2020 миёни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Аомории Япония, Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Япония;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф, фарҳанг ва варзиши Япония;
- Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Япония.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Синдзо Абэ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, мулоқоту музокироти сатҳии олии дуҷонибаро натиҷагирӣ карданд.

 

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.10.2018    №: 198    Мутолиа карданд: 110

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед