logo

паёмҳо

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!
Чанд рӯз пеш аз ин, дар суханронии худ ба ифтихори ҷашни 15-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар он Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои асосии давлат ва нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат эълон шудаанд, изҳор карда будам, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президент доир ба муқаррар намудани Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни дахлдорро ба парламенти мамлакат пешниҳод намудам.
Боиси қаноатмандист, ки ба наздикӣ қонуни мазкур қабул гардид ва мутобиқи он мо акнун имкон пайдо кардем, ки минбаъд ҳар сол Рӯзи Парчами давлатиро, ки 24-уми ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ таҷлил намоем.
Ва имрӯз, ки мо дар таърихи давлати соҳибистиқлоламон Рӯзи Парчами давлатиро бори нахуст ҳамчун иди умумимиллӣ ҷашн мегирем, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин ҳамаи тоҷикони ҷаҳонро, ки Тоҷикистонро хонаи умеди худ медонанд,  ба ифтихори ин ҷашни нави миллӣ ва давлатӣ самимона табрик мегӯям.
Миллати тоҷик, ки дорои таърих ва суннатҳои хеле қадимаи давлатсозиву давлатдорӣ мебошад, аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои мутамарказ ва рамзу рукнҳои хоси онҳо буд.
Дар ин маврид  тасвиру хусусиятҳои хоси Дирафши Ковиёнро, ки  ҳоло дар Ливои Президенти Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо инъикос ёфтаанд, хотирнишон кардан кофист.
Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Дар он рангҳои сурх, сафед ва сабз талошу муборизаҳои халқи тоҷикро барои озодиву истиқлол ва барпо намудани зиндагии осудаву поянда ифода карда, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзҳои барои миллати мо муқаддас соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистонро инъикос менамоянд. Вале барои хурду калони Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳимтар аз ҳама он аст, ки Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрошта мешавад.
Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.
Бо қаноатмандӣ мехоҳам изҳор намоям, ки имрӯз ифтихор аз рамзҳои давлатдорӣ зеҳну шуури тамоми ҷомеаро фаро гирифтааст ва метавон гуфт, ки ин эҳсоси гарми ифтихор дар таҳкими сулҳу субот, дӯстиву якдилӣ ва ваҳдати халқи азизамон нақши барҷаста дорад.
Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд.
Сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои муваффақ шудан ба ин ниятҳои нек тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст ва ҳоло мардуми мо ҳамаи имкониятҳоро доранд, ки барои беҳтар гардонидани сатҳ ва сифати зиндагии худ ва ободии сарзамини аҷдодиамон заҳмати бунёдкорона намуда, таҳти Парчами давлати худ бо ифтихори ватандорӣ ва шукрона аз неъматҳои истиқлол сӯи фардо устуворона қадам бардоранд. 
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш аввалин ҷашни Парчами давлатиро бори дигар ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз, самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадони кишвари азизамон шодиву сурури идона таманно дорам.
Бигзор, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ созад!
Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1403

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед