logo

Хабарҳо

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

Дар шаҳри Турини Италия Фестивали байналмилалии “Slow Food” баргузор гашт, ки дар он ташкилотҳои ҷамъиятии “Ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшавандаи табиати Тоҷикистон”, “Нисо” ва кооперативи истеҳсолии “Ҳакимӣ” ширкат варзида, гулмоҳии амударёӣ (моҳии шоҳона) ва оши палови тоҷикиро муаррифӣ намуданд.
Тавре Абдукарим Қурбонов, корманди бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабар дод,  ҳамзамон, намояндагони ҷумҳурӣ ба иштирокдорони фестивал доир ба манзараҳои зебову афсонавӣ, кӯлу дарёҳои мусаффо, таъриху фарҳанги қадимаи Тоҷикистон расму наворҳои ҷолиби тарғиботиро пешниҳод карданд.
Лоиқи зикр аст, ки диққати ҳозиринро, бахусус, маълумот дар бораи гулмоҳии амударёӣ ҷалб намуд. Дар иртибот ба ин, зикр гашт, ки ин намуди моҳӣ дар дарёҳои кӯҳӣ ва тозаву мусаффои Тоҷикистон зиндагӣ намуда, басо лазиз ва аз лиҳози экологӣ тоза аст.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии “Slow Food” имрӯз ба ҳаракати ҷаҳонӣ табдил ёфта, бо мақсади таъмини дастрасӣ ба ғизои тозаву солим, дар беш аз 160 кишвари ҷаҳон миллионҳо нафарро бо ҳам муттаҳид намудааст.
Бахтовар КАРИМ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 173

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед