Хабарҳо
Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад
Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ, ки 12 октябр дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.
Зимни ҷаласа баррасии вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ, вазифаҳои афзалиятноки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, самтҳои рушди ҳамкории ҳарбӣ байни давлатҳои ИДМ, дурнамои системаи муттаҳидаи назорати вазъияти радиологӣ, кимиёвӣ ва биологӣ дар назар аст.
Ҳамчунин, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ оид ба таъмини парвозҳои ҳавопаймоҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои ИДМ, татбиқи Консепсияи рушди системаи ягонаи давлатии шинохти радиолокатсионӣ, таҳсилоти низомӣ, гузарондани чорабиниҳои муштарак бахшида ба 75 - солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ матраҳ хоҳанд шуд.
Ғайр аз ин, аъзои шӯро ният доранд, нақшаи кории шӯроро дар соли 2019 қабул карда, ҳуҷҷатҳоро оид ба системаи алоқаи муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои аъзои ИДМ, таъминоти иттилоотӣ оид ба фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи то соли 2022, ҳамкорӣ дар самти баҳрнавардӣ, геотехникӣ, геодезия, метрология ба имзо расонанд ва чораҳои муштараки системаи муштараки ҳавоӣ дар кишварҳои ИДМ барои соли 2019 - ро тасдиқ намоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 198