logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

КОРРУПСИЯ
Кӯшиши заминфурӯшӣ боз як мансабдорро ноком кард
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон як ҳолати коррупсионии вобаста ба заминро ошкор намуда, шахси ришваситонро боздошт карданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти агентӣ, як шаҳрванд ба ин ниҳод бо ариза муроҷиат намуда, гуфтааст, ки сардори шуъбаи агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Носири Хусрав Шарифхон Мадалиев барои ҷудо намудани 0,10 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ 2000 доллари амрикоӣ талаб кардааст.
Дар пайи муроҷиати шаҳрванд кормандони агентӣ дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - тафтишотӣ 4 сентябри соли ҷорӣ Шарифхон Мадалиевро ҳангоми аз шаҳрванд Панҷӣ Тилабов гирифтани 2000 доллари амрикоӣ дар ноҳияи Носири Хусрав дастгир намуданд.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Шарифхон Мадалиев бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

ҚАЛЛОБӢ
ё боздошти мардумфиребон
Кормандони милитсия дар пайи чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ як марди 48 - сола, сокини шаҳри Турсунзодаро боздошт намуданд, ки дар ҳамдастӣ бо як шарикаш даст ба қаллобӣ задааст.
Бино ба иттилои сомонаи ВКД, ин афрод ҳангоми дар шаҳри Бохтар қарор доштанашон бо роҳи фиреб ба боварии зани 58 – сола, сокини шаҳри Душанбе,  даромада, аз ӯ 40000 доллари амрикоӣ ва 30000 сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардондаанд.
Дар ин робита, нисбат ба гумонбарони қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2018    №: 200    Мутолиа карданд: 158

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед