logo

иқтисод

РУШДИ МАҲСУЛОТИ СОДИРОТӢ ВА ВОРИДОТИВАЗКУНАНДА. БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ ЧӢ ГУНА ТАТБИҚ МЕШАВАД?

Дар ҷумҳурӣ дар доираи ҳадафҳои  Стратегияи миллии рушди   Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» амалӣ шуда истодааст. Татбиқи пурра ва босамари барномаи мазкур  ба такмили асосҳои институтсионалии рушди содирот ва воридотивазкунӣ, диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигарондашуда ва воридотивазкунанда, ҳамчунин, бартараф кардани монеаҳо дар соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ вобастагии калон дорад.
Тавре муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Гулрӯ Ҷабборзода, иброз намуд, татбиқи барнома имконият медиҳад, ки низоми савдо ва сармоягузорӣ ба талаботи умумиҷаҳонӣ мутобиқ гардида, рушди содироти кишвар ба таври назаррас афзоиш ёбад ва вобастагии бозори истеъмолии кишвар аз молу маҳсулоти воридотӣ камтар гардад.
Бино ба гуфтаи ӯ дар доираи барнома то имрӯз аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор корҳои асосии пешбинишудаи омодагӣ иҷро шудаанд. Иқдоми аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод кардани воридоти техника, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ зарурӣ, ҳамчунин, таҷҳизот барои ташхисгоҳҳои рушди босамари корхонаҳои истеҳсолӣ барои татбиқи барнома такони ҷиддӣ бахшид. Соли гузашта бо васеъгардонии фондҳои асосии соҳаҳои саноат ва харҷи 557,6 миллион сомонӣ маблағҳои дохилию хориҷӣ корхонаҳои нави саноатӣ  бунёд ва бо таҷҳизоти технологӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Дар ин давра дар соҳаи саноати сабук ва пилла 4, саноати хӯрокворӣ 7, саноати масолеҳи сохтмонӣ 7, саноати ангишт 2 ва дар соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 3 корхона бо техника ва технологияҳои нав таҷҳизонда шуданд.  Бо истифода аз технологияҳои муосир барои истеҳсоли якчанд номгӯйи маҳсулоти нави саноатии воридотивазкунанда  имконияти фарох фароҳам омад.
 Барои соҳибкорони хурд бошад, ҳадди даромад дар низоми махсуси андозбандӣ аз 500 ҳазор сомонӣ то 1 миллион  сомонӣ баланд бардошта, андоз аз фурӯши нахи пахта бекор ва бар ивази он боҷи содиротии нахи пахта ҷорӣ гардид. Дар кодексҳои андозу гумрук вобаста ба ҷорӣ намудани имтиёзҳои андозӣ барои воридоти ашёи хом ҷиҳати ташкили истеҳсолоти ватанӣ (либосҳои мактабӣ, доруворӣ, қолинҳо ва ғайра) тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
Мавриди амал қарор гирифтани қисми асосии тадбирҳои номбаршуда дар марҳилаи аввали татбиқ имконият дод, ки дар гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи содирот аз 20 дарсади  соли 2015 - ум дар соли 2017 то 31 дарсад  баланд гардад. Ҳамзамон, ҳиссаи воридот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 80 дарсади соли 2015 - ум то 69  дарсад ( 2017) коҳиш ёфт.
Солҳои қаблӣ содироти кишвар асосан аз алюминий, нахи пахта ва сабзавоту мева ташаккул меёфт. Ҳоло дар сохтори содирот ҳиссаи маъдан, семент, қувваи барқ, маҳсулоти тайёри пахтагӣ, шоҳӣ, пӯсти коркардшуда, металлҳои сиёҳ ва маҳсулоти дигар низ афзоиш ёфтааст. Аз 20 номгӯйи маҳсулоти содиротии дар барнома пешбинигардида рушди 14 номгӯйи он - маъданҳои тозакардашуда, неруи барқ, меваи хушк, матоъҳои пахтагин, маҳсулоти ҷӯроббофӣ, қолинбофӣ, калобаи пахтагӣ, шарбати меваю сабзавот ва семент таъмин гардид.
Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, соли гузашта аз 20 номгӯйи маҳсулоти воридотивазкунанда ҳаҷми истеҳсоли 14 номгӯйи он, аз ҷумла семент (55,9 дарсад), бензин (5,2  дарсад),  сӯзишвории дизелӣ (2,1 маротиба), мазут (31,2  дарсад), чӯб ва маводи чӯбу тахта (88,9 дарсад) ва профилҳои алюминий (21,6  дарсад) боло рафтааст.
Дар заминаи роҳандозии чораҳои саривақтии Ҳукумати мамлакат барои дастгирии истеҳсолгарони ватанӣ, хусусан дар самти истеҳсол, коркард ва содироти алюминий, корҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд. Дар сурати сари вақт ва пурра татбиқ гардидани ҳадафҳои барнома ёфтани ҳиссаи содироти алюминийи аввалия ҳамчун ашёи хом хеле коҳиш меёбад ва бо ба роҳ мондани коркарди ниҳоии алюминий дар корхонаҳои саноатии кишвар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тайёр ва шумораи ҷойҳои нави корӣ зиёд мешавад. Дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ «Ширкати алюминийи тоҷик»  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94,9 дарсад зиёд алюминийи аввалия истеҳсол кардааст.
Айни замон суръати рушди иқтисодии мамлакат пайваста меафзояд. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди бемайлони соҳаи саноат ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ дар мамлакат даҳҳо корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ бунёд меёбанд. Танҳо дар ноҳияи Ёвон корхонаҳои бузурги истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, криолит, алюминийи фтордор, кислотаи сулфат ва ғайра мавриди истифода  қарор гирифтанд, ки ба рушди истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунанда мусоидат менамоянд.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият» 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2018    №: 200    Мутолиа карданд: 174

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед