logo

иҷтимоиёт

ЛАХШ. ТАЪМИРИ РОҲҲО ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ АСТ

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Лахш бо мақсади дар ҳолати хуби техникӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгарди дар тавозуни муассиса қарордошта, корҳои назаррасро ба анҷом расондааст.
Зимни суҳбат Музаффарҷон Маҳмудов, сардори муассиса, иброз дошт, ки дар тавозуни онҳо 175,6 километр роҳ қарор дошта, барои корҳои таъмиру таҷдиди он 14 техникаю механизми роҳсозӣ сафарбар шудааст.
Бахшида ба солгарди Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муассиса дар роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Янгишаҳр - Ёрмазор - Тандиқул дар масофаи 11 километр ва 9 километр роҳи дорои аҳамияти маҳаллидоштаи байни деҳаҳои Янгишаҳр - Ёрмазор - Ҷонқирғиз бо ҷалби техникаҳои муассиса ва дастгирии сокинони деҳаи Янгишаҳр корҳои таъмириро бо роҳи тахту ҳамвор ва шағалпӯш намудан ба анҷом расондааст.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар шафати роҳҳои марказии ноҳия - Ҷамоати шаҳраки Ваҳдат ба масофаи 1 километр ҷӯйборҳои бетонӣ рехта шуда, чунин корҳо дар дигар қитъаҳо бомаром идома доранд.
Бо истифода аз қувваи сокинони деҳаҳо ва техникаҳои муассиса роҳи аҳамияти маҳаллидоштаи маркази Ҷамоати деҳоти Қашот, ки ба шоҳроҳи Ваҳдат - Ҷиргатол - сарҳади Қирғизистон пайваст мешавад, дар масофаи 2 километр мумфарш карда шуд.
Сокинони ҷамоатҳои деҳоти Янгишаҳр ва Ҷиргатол низ бо дарки масъулияти баланд даст ба амалҳои хайр зада, маблағҳои аз ҳисоби тӯю маъракаҳо сарфашударо барои навсозии роҳҳои деҳаҳо равона намудаанд.
Бино ба гуфтаи М. Маҳмудов, муассиса тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои наздик бо дастгирии раиси ноҳия Файзулло Баротзода роҳи автомобилгарди Домбрачӣ - Сартало ва Эркабоғ - Сугатро таъмир намуда, барои рафтуомади аҳолии деҳаҳои баландкӯҳ шароити мусоид муҳайё намояд.
- Барои бе ягон мамониат гузарондани зимистон мувофиқи нақша корхонаи мо 112 метри мукааб маводи зиддилағзиш ва 3 тонна ангиштсанг захира намудааст, - гуфт М. Маҳмудов.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2018    №: 201    Мутолиа карданд: 68

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед