logo

мулоқотҳо

ФУТБОЛБОЗОНИ НАВРАС ДАР ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

11 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби футболбозони навраси то 16 - солаи Тоҷикистон, ҷоизадорони Чемпионати Осиё оид ба футболро, ки бо медалҳои нуқра ба Ватан баргаштанд, бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфтанд.
Иқдоми шоистае, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аъзои даста амалӣ гардид, аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 33 нафар, ба ҳар яки онҳо 20 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 660 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.
Зимни суҳбат бо варзишгарон нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастоварди дастаро дар Чемпионати Осиё ба Федератсияи футболи кишвар, варзишгарон ва мардуми ҷумҳурӣ муборакбод гуфтанд.
Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки комёбии наврасон дар таърихи футболи тоҷик дастоварди бузург аст ва ин натиҷаи талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи кишвар ва заҳмати содиқонаи худи футболбозон мебошад, ки дар як чорабинии бузурги варзишӣ бо натиҷаи арзанда ба Ватан баргаштанд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар байни 45 дастаи олам сазовори ҷойи дуюм гардидан ва Парчами давлатиро боло бардоштан,  шарафи бузург аст ва ҳам боз як омили муаррифии давлату миллат ва болоравии обруву нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввал ва интихобии Чемпионати Осиё оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби то 16 - сола дар тамоми кишварҳои Осиё, аз ҷумла дар Тоҷикистон, аз 16 то 29 сентябри соли 2017 баргузор гардида буд.
Чемпионати Осиё оид ба футбол байни наврасони то 16 - сола дар  ду марҳила бо иштироки 45 кишвари қитъаи Осиё баргузор шуд. Марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё байни наврасон моҳҳои сентябр - октябри соли ҷорӣ дар кишвари Малайзия бо иштироки 16 кишвари қитъаи Осиё сурат гирифт ва тими мунтахаби Тоҷикистон дар он аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дод. Варзишгарони тоҷик сазовори ҷойи дуюм гашта, ба Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни наврасони то 17 - сола, ки соли 2019 дар Перу баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
Дастоварди мунтахаби футболбозони навраси то 16 - солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизадорони Чемпионати Осиё оид ба футбол рӯҳияи мардуми шарафманди тоҷикро боло бардошта, дар дили наврасон шавқу ҳавасро нисбат ба ин бозии оламшумул боз ҳам бештар намуд. Аксари мардуми ҷумҳурӣ бозиҳои ниҳоиро тамошо карда, ба дастаи дӯстдоштаи худ мухлисӣ карданд.
Дар охири суҳбат Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ғалабаро ба варзишгарони тоҷик муборакбод гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки наврасони ҷумҳурӣ бо садоқати баланд, масъулият ва машқу тамринҳо дар Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар Перу бо ғалаба ба Ватан бармегарданд ва бори дигар шарафи диёрро дар арсаи олам ҳимоя менамоянд.

 

 

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2018    №: 201    Мутолиа карданд: 316

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед