logo

Хабарҳо

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати иҷрои даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вусъати корҳои ободонӣ баҳри созандагиву бунёдкорӣ барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 414 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, раиси ноҳия, зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни миллӣ бунёди 76 иншооти соҳаи маориф - мактаб, биноҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, муассисаҳои томактабӣ,  марказҳои касбу ҳунару забономӯзӣ, 72 сартарошхона, 45 маркази саломатӣ, бунгоҳи тиббӣ, ташхисгоҳи замонавии тиббӣ, коргоҳи дорубарорӣ ва дорухона, 3 китобхона, 35 майдончаи варзиш, 9 растаи ҳунармандӣ, 9 маркази зебоипарастӣ (кошонаи ҳусн), 5 ҳаммом, 4 маркази дилхушӣ, 8 гулгашт, 10 иншооти таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, 15 пул, 68 маркази савдо, мағозаю дукон ва марказҳои хизматрасонӣ, ҳамчунин, таъсиси 17 корхонаи истеҳсолӣ дар назар аст.
То имрӯз 13 иншоот, аз ҷумла мағозаи хӯрокворӣ, дорухона, нуқтаи шоназании пахта, майдончаи варзиш дар деҳаи Гулбутта, лӯлаи оби нӯшокӣ дар Ҷамоати деҳоти Эсанбой, бинои нави маъмурии шуъбачаи минтақаи Эсанбойи шуъбаи ноҳиявии Вазорати корҳои дохилӣ, сехи ҳасиббарорӣ, корхонаи мурғпарварӣ, сехи мебелбарорӣ ва хишти сементӣ, толори варзиш бо нуқтаҳои савдо мавриди истифода қарор гирифтанд.
- Давоми сол 27 иншоот, аз ҷумла 7 иншооти соҳаи маориф, 3 иншооти соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, 3 майдонча ва толори варзиш, 4 иншооти коммуналӣ ва 6 коргоҳи истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, - гуфт М. Юсуфӣ.
А. ШАҲБОЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 211

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед