logo

сиёсат

ПЕШВО БА МО ШАРАФ БАХШИДУ ИФТИХОР

Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои милат, Пешво ва раҳнамое, ки миллат назирашро намедонад. Оре, ӯ сарварест, ки оташи фурӯзони ҷангро хомӯш кард. Сарварест, ки чандин ҳазор гурезаро ба Ватан баргардонд. Миллату давлати дар вартаи нестӣ афтодаро наҷот дод. Кишвари харобро обод намуд. Мамлакат туфайли сарварияш рӯ ба тараққӣ ниҳод. Маориф, илм, фарҳанг, тиб ва ҳамаи соҳаҳо рушди тоза пайдо карданд.
Воқеан, бахту саодату фирӯзмандии миллат ба  Сарвару роҳбари он вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, чунин шахсиятҳо бо корномаҳои бузургу ҳидоятҳои дурусташон ба сони Хуршед медурахшанд ва бе дареғ нуру гармӣ мебахшанд.
Дӯстдориву эҳтироми хос гузоштан ба ӯ муҳаббату гиромидошт ба миллат ва давлат аст. Ин як ҳақиқатест, ки ба ҳеҷ гуна далелу исбот ниёз надорад. Мардум онро хуб дарёфта. Ва ҳам медонанд, ки ба камолу балоғати маънавиву моддӣ расидани миллат дар раванди таърихи навини тоҷикон, ки муддате заҳри талхи азхудбегонагиро чашида буд, самараи азхудгузаштагиву ҷасорати Пешвои миллат мебошад.
Ин сифатҳои неку волои Сарвари давлат баъдҳо ё худ ҳамасола афзуданду такомул ёфтанд. Магар метавон аз хотир ё саҳифаи таърих зудуду пок намуд, ки барои истиқрори сулҳ, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ҷонро гарав гузошт, сипар кард? Албатта, не.
Пешвои миллат нахустин Сарвари давлатест, ки ҷомеаи ҷаҳониро аз хавфу хатар ва таҳдиди терроризм ҳушдор дод. Ва ҳам ӯ аввалин шахсиятест, ки изҳор дошт: "Террорист Ватану дину мазҳаб надорад". Ба ин васила таъкид намуд, ки ин амалу афродро ба ислом, дини мубину пок қасдан напайванданд.
Вазъи мураккаби ҷаҳонро метавон бас рӯшану возеҳ бо таҳлили дурусту амиқ ҳамасола аз паёмҳояшон дарёфт. Ба ин васила, мо - шаҳрвандони кишварро огоҳ месозад, ки онро хуб бишносем ва роҳи дурустро интихоб карда тавонем. Аз ҷумла, изҳор медорад: «Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносибати байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд». Дар ин сурат, яъне дарёфти воқеият, ҳатман чунин пурсише ба миён меояд, ки оқибати ин таҳдиду хатарҳо ба чӣ меанҷомад. Посухро мо аз идомаи таъкидҳояш, ки фаҳмову ҳадафрасанд, дармеёбем: «Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад». Вокуниши кишвари мо дар ин марҳала бояд чӣ гуна бошад? «Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад».
Боиси нигаронии Пешвои миллат аз раванди бартариҷӯӣ ва мусаллаҳшавии бошитоб дар дунё мебошад. Ва низ аз пайдо шудани нишонаҳои марҳалаи нави «ҷанги сард». Моро ин Паём, ин эҳсос, дарк, фаҳмиш, таҳлили дурусту амиқи вазъи ҷаҳони мураккаб аз ҷониби Сарвару раҳнамоямон умед мебахшад, ки ӯ худ дар ин маврид тадбиру роҳи ҳалро меёбад. Таъкидҳои пайвастааш дар ин хусус ба он хотир аст, ки миллат дар ғафлат намонад, роҳро дуруст бишносад ва ҳамеша муттаҳид бошаду дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту тараққиёти кишвар бо тамоми ҳастӣ масъулият эҳсос бикунад. Бешак, вазифаи шаҳрвандӣ ва инсонии мо дар он аст, ки сиёсати дурусту дурандешонаи ӯро дастгирӣ бикунем ва дар атрофаш сарҷамъ бошем. Ба ин хотир, Пешвои миллат бо дилпурӣ изҳор медорад, ки ба қудрати созандаи халқи азизаш бовар ва итминони комил дорад.
Ӯ ҳамзамон, мехоҳад, ки сатҳи зиндагии халқаш аз имрӯза дида, баландтар бошад. Танҳо бо хостан қонеъ намешавад. Барои амалӣ гардидани ин хоста нахуст тамоми шароити рушду пешрафтро ба вуҷуд меорад. Ҳолиё, агар сатҳи зиндагиямонро бо солҳои пеш қиёс бинамоем, мебинем, ки он ба чандин маротиб беҳтар гардидааст. Дастовардҳо дар ҳамаи соҳаҳои муҳим он қадар зиёданд, ки дигар дар шумор овардани онҳо бас душвор мебошад.
Миллату давлатро туфайли заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ин ҳама муваффақиятҳои бадастовардаашон дар дунё бештару беҳтар шинохтанд ва эътироф карданд. Пешвои миллат ба ин васила барои ҳар сокини кишвар шараф бахшиду ифтихор.
Саидислом АБДУҶАББОРЗОДА,
муовини сардори раёсати Агентии назорати
давлатии молиявӣ ва мубориза бо
коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2018    №: 203    Мутолиа карданд: 308

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед