logo

Хабарҳо

МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар амфитеатри “Боғи Ирам” маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2018” баргузор гардид. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои дахлдор ширкат варзиданд. 
Озмун бо иштироки 484 субъекти хоҷагидор аз рӯйи шаш номгӯй – беҳтарин маҳсулоти хӯрокворӣ, саноатӣ ва маснуоти ҳунарҳои халқӣ, таъйиноти истеҳсолию техникӣ, хизматрасонии хӯроки умумӣ, меҳмонхонаҳо, саёҳат ва таъмири нақлиёт доир гардид. Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Ширин», «Маколли», «Комбинати шири Душанбе», «Фабрикаи шири Саодат», «Баҳор», «Покиза», «Ганҷи Ҳилол», «ИИ Нассоҷии Тоҷик», «Ёқут 2000», «Корвони аср», «Эскимо мастер», «555 МПК», «Технохим», «Шириниҳои Шафоат», «Ширкати Азизӣ» ва КВД «Ширкати алюминийи Тоҷик» аз ҷумлаи корхонаҳое мебошанд, ки ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2018» эълон шуданд.
Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Амирзода иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи татбиқи нақшаву барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ афзоиши нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъмин гардида, дар ин ҷода ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 144

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед