logo

энергетика

Умед ба нерӯгоҳҳои тозабунёд

Оё дар фасли сармои дарпешистода манзилҳои мардум гарму чароғон мешаванд?
Барои посух гирифтан ба ин суол тасмим гирифтем бо масъулони Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ доир ба натиҷаи фаъолияти онҳо  дар самти таъминоти аҳолӣ ва корхонаҳо бо нерӯи барқ ва гармӣ сӯҳбате анҷом диҳем.

Мувофиқи иттилои сардори раёсати электроэнергетикаи вазорат Абдулло Қурбонов, барои таъмини фаъолияти мунтазами иншоотҳои энергетикӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2009—2010 дар  ШСХК «Барқи тоҷик» ситод созмон дода шуд, ки дар он ҳисоботи ҳармоҳаи роҳбарони сохторҳои зертобеи ширкат дар бораи рафти  тайёрии нерӯгоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ барои кори мунтазам ва боэътимод баррасӣ мешаванд.
Корхонаи фаръии муассисаи таъминоти молӣ - техникии «Тоҷикэнергоснаб» барои  таҳвили  саривақтии маводи сӯхт ва равғанҳои молиданӣ, инчунин қисмҳои эҳтиётӣ чораҳои зарурӣ дида истодааст. Барои барқарор кардану ба истифода додани ҳамаи иқтидорҳои мавҷудаи системаи  энергетикии  ҷумҳурӣ дар корхонаҳои зертобеи «Барқи тоҷик» корҳои таъмирию барқарорсозӣ вусъат меёбанд. Аз ҷумла, дар НБО-ҳои Норак, Бойғозӣ, Қайроққум, силсиланерӯгоҳҳои Вахш, Варзоб корҳои таъмирӣ дар арафаи анҷомёбианд.
Ҷиҳати сохта ба истифода додани 50 адад нерӯгоҳи хурди барқӣ чораҳои  зарурӣ андешида шуда, то имрӯз сохтмони 10 адади онҳо  дар ҳамкорӣ бо ШСХК «Барқи тоҷик» идома дорад. Аз рӯи ахбори муассисаи давлатии  «МИЛБЭ» 26 адад нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори умумии  977,5 кВт бо ҷалби сармояи ватанӣ сохта ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа 497 хоҷагӣ ва 16 бинои ёрирасон бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд.
Инчунин бо ҷалби сармояи  ватанӣ ва хориҷӣ сохтмони 22 адад НБО-и хурд  бо иқтидори  13854 кВт/ соат давом дорад. Тибқи нақша сохтмони 18- тои он бояд то охири соли  2009 ба  анҷом расад.
Ба гуфтаи А.Қурбонов  НБО- ҳое, ки айни замон сохта ба истифода  дода шудаанд, имкони пурра бо қувваи барқ таъмин   намудани ҷумҳуриро надоранд, зеро  норасоии қувваи барқ дар миқёси ҷумҳурӣ аз 3 то 4 млрд.кВт/ соатро ташкил медиҳад
Доир ба роҳҳои истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия,  яъне  офтоб ва шамол мавсуф зикр намуд, ки ба роҳ мондани  технологияи  истифодаи  васеи онҳо  маблағҳои калонро  талаб мекунад ва айни замон ШСХК «Барқи тоҷик» дар шароити вазнини молиявӣ қарор  дошта, пайдо намудани чунин сарчашмаи маблағгузориро надорад.
Дар миқёси ҷумҳурӣ танҳо аз ҳисоби  Хазинаи Оғохон, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва МД «МИЛБЭ» сохтани  нерӯгоҳҳои хурди офтобию бодӣ ба роҳ монда шудааст. Масалан, 7 адад нерӯгоҳи офтобӣ аз ҳисоби маблағҳои Хазинаи Оғохон бо иқтидори 150 кВт дар Ҷамоати деҳоти Даштиҷум ва 7 адад бо иқтидори 200 кВт дар Ҷамоати деҳоти «Доғистон»- и ноҳияи Шӯрообод ба кор дароварда  шудааст. Яктоӣ нерӯгоҳи бодӣ аз ҳисоби МД  «МИЛБЭ» дар деҳаи Бунгакиёни ноҳияи Файзобод бо  иқтидори  10 кВт, дар ноҳияҳои Балҷувон, Фархор, Шӯрообод ва шаҳри Чкалов бо иқтидори 20 кВт, инчунин аз ҳисоби маблағҳои  БР СММ сохтмони 3 адад чунин нерӯгоҳ бо иқтидори 10 кВт ва 1 адад бо иқтидори 40 кВт дар  ноҳияи Шӯрообод идома дорад. Тибқи меморандуми баимзорасида аз 1 июни соли 2009 то 1 июни соли 2010 ширкати мазкур ӯҳдадор шудааст, ки  корҳои тадқиқотиро дар  мавзеъҳои муайяншуда ба анҷом расонида, вобаста ба шароити маҳал мавқеи ҷойгиршавии нерӯгоҳро интихоб намояд. Дар баробари  ин ширкати хориҷӣ тасмим гирифтааст, ки дар давоми як сол генераторҳоро бо иқтидорҳои мутобиқ  истеҳсол намуда, дар ин мавзеъҳо  васлу насб намояд.
Мушкилот ҳаст. Барои рафъи он ва беҳдошти таъмини мунтазами нерӯи барқ ҳар яки мо хизмати  босазое карда метавонем. Яъне  хизмати мо аз дуруст ва сарфакорона истифода  бурдани нерӯи барқ иборат аст. Барои ин одитарин  тартиботи реҷавиро ҳангоми  истифодабарии энергияи барқ риоя кардан  лозим меояд, - бо таъкид гуфт А. Қурбонов.
Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, таҳти рақами 233 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2009-2010» оид ба зиёд намудани истихроҷи ангишт, захира ва ташкили нуқтаҳои фурӯши он тадбирҳо меандешад.
- Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ истихроҷи ангишт ба 128 ҳазор тонна расонида шудааст. Аз ин миқдор 89860 тоннааш ба фурӯш рафтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50469 тонна кам мебошад, - гуфт А. Қурбонов. - Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки  қобилияти харидории аҳолӣ ба ангишт 50% (талаботи солона зиёда аз 100 ҳазор тонна), корхонаҳои буҷетӣ 66,6% ва дигар харидорон 69,8% (ҷамъ 56,2%) -ро ташкил медиҳад.
Яке аз сабабҳои паст гардидани харидории ангишт, агар вобаста ба гарм омадани боду ҳавои зимистони гузашта бошад, аз тарафи дигар сари вақт накашонидани ангишт ва ҷудо нагардидани маблағҳои буҷетии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошад.
Айни замон аз тарафи Иттифоқи «Тоҷикматлубот» 11349 тонна ангишт захира шудааст. Захираи умумии ангишт бо назардошти бақияи соли сипаришуда танҳо дар анбор ва нуқтаҳои фурӯш зиёда аз 57 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.  Аз гуфтаҳои масъулон бармеояд, ки захираи ангишт барзиёд аст, вале ба фурӯш намеравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 1 тонна ангишти Зиддӣ дар шаҳри Душанбе бо назардошти роҳкиро 140-150 сомонӣ фурӯхта мешавад, ки 60% -и ин нарх ба кашонидани он рост меояд. Қисмати зиёди аҳолӣ имконияти харидории онро надорад. Ангишти захиранамудаи корхонаҳои истихроҷӣ нисбати талаботи аҳолӣ зиёд аст.
Бо вуҷуди мушкилоти зиёди дар соҳа ҷойдошта масъулони бахши энергетикаи кишвар кӯшиш доранд мардуми кишварро дар фасли зимистон бо гармӣ ва рӯшноӣ таъмин намоянд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 860

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД

ДАР ЧИН МОҲИ АПРЕЛ БАР КОРОНОВИРУС ҒОЛИБ ОМАДАНИАНД

ТӮЛИ ЯК МОҲ ДАР АФҒОНИСТОН 200 ТОННА МАВОДИ НАШЪАДОР МУСОДИРА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

12.02.2020


ҶОМИ КФО. РАҚИБИ "ХУҶАНД" КАДОМ ДАСТА АСТ?

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 13, 6 ДАРСАД АФЗУД

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. ОЛИМОН 28 ПАТЕНТ ВА 5 ШАҲОДАТНОМА БА ДАСТ ОВАРДАНД

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 1 МИЛЛИАРДУ 640 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

ВАРЗОБ. СОҲАҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ РУШД МЕКУНАНД

ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ОБТАЪМИНКУНӢ. ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД

10.02.2020


ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. МУҚАДДАС ДОНИСТАНИ ОИЛА МУҲИМ АСТ

БЕШ АЗ 580 КИТОБХОНА БИНОИ АЛОҲИДА НАДОРАД

МУЗДИ МЕҲНАТ 9 ДАРСАД АФЗУД

КҲФ 680 ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ЯК СОЛ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. 114 ГУЗОРИШИ ТАҲЛИЛӢ ВА ИТТИЛООТИЮ ТАҲЛИЛӢ ПЕШНИҲОД ШУД

МД "ТОҶИКФИЛМ". МАҶАЛЛАИ "КИНО" ТАЪСИС ЁФТ

ДДФСТ. РОҲАНДОЗИИ ОМӮЗИШИ СОЗИ АРҒУНУН

09.02.2020


ВАҲДАТ. ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД

БМТ. ҲАМКОРИҲО БО БОНКҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ДАР МУРОФИАҲОИ САЙЁР 249 ҲОЛАТИ ВАЙРОНКУНИИ ҚОНУН ОШКОР ШУД

КОРМАНДОНИ ТЕЛЕВИЗИОНУ РАДИО БАРОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БА ХОРИҶА ФИРИСТОДА МЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед