logo

сиёсат

САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Идомаи сафари корӣ
Телевизион ва радиои вилояти Суғд соҳиби 2 бинои иловагӣ шуд
24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии идораи телевизион ва радиои вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нав нахуст бо пахши тугма ба фаъолияти телевизиони Суғд дар формати дақиқияташ баланди HD оғози расмӣ бахшиданд. Намоиши барномаҳои телевизиони Суғд дар формати нав бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити муосири иттилоърасонӣ ва пешниҳоди барномаҳо дар студияҳои сабту пахши намоишҳо дидан намуда, бо ҳайати эҷодию кормандони техникии телевизион ва радио суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои телевизион ва радио моҳи июни соли ҷорӣ оғоз гардида, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 5 моҳ аз ҷониби коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонда шуданд. Бинои иловагӣ аз ду ошёна ва 24 ҳуҷраи корӣ, 4 студияи муосиру барҳавои сабту пахши барномаҳои телевизиониву радиоӣ, 9 танзимгоҳ, ошхона ва дигар шароити хизматрасонӣ иборат мебошад.
Айни ҳол дар шароити имрӯзаи идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд 100 нафар ва дар маркази техникии он 58 нафар фаъолият дорад. Гузаштан ба формати HD талаботи замон аст. Бо дарназардошти ин ҳамаи дастгоҳу таҷҳизоти наворбардорӣ, тасвирбардорӣ, танзимгарӣ, сабти овоз ва ғайра дар телевизиони вилояти Суғд нав карда шуда, студияҳои мутобиқ ба талаботи замон ташкил гардидаанд. Аз ин пас коргарону мутахассисони идора бо истифода аз шароити муҳайёшуда барномаҳои телевизиониро бо сифати баланду ҷавобгӯ ба стандарти ҷаҳонӣ сабт ва пахш хоҳанд кард.
Дар ошёнаи якуми телевизион студияи вертуалӣ, декоратсияҳо барои барномаҳои “Ахбор”, “Шамими субҳ”, барномаи мустақими фарҳангию фароғатии “Шоми дидор” ва декоратсияи замонавӣ барои ШОУ-барномаҳои сиёсӣ мутобиқ ба талаботи давру замон сохта шуда, дар он таҷҳизоти муосири равшанидиҳанда насб гардидаанд.
Дар замони муосир нақши васоити ахбори омма дар инъикоси ҳаёти рӯзмарраи мардум ва татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат хеле назаррас мебошад. Телевизиони вилояти Суғд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ барномаҳоро омода ва давоми 18 соат пахш мекунад.

Гимназияи рақами 1 дар шаҳри Хуҷанд
24 октябр, дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд гимназияи рақами 1-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шароити муосиру синфхонаҳои барҳаво, ки дар ин муассисаи таълимӣ муҳайё мебошанд, шинос шуда, бо хонандагон суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Гимназия аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 68 ҳуҷра, аз ҷумла 31 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои физикаю биология муҷаҳҳаз бо навтарин аёниятҳои таълимӣ, компютерӣ бо тахтаи электронӣ, хонаи муаллимон ва дигар шароити кориву таълимии муосир бунёд шудааст. Дар таҳхонаи гимназия 13 синфхона, 1 анбор ва 5 ҳуҷраи техникӣ мавҷуд аст.
Дар ин боргоҳи маърифат дар баробари аз худ кардани донишҳои муосир ҷиҳати соҳибкасб намудани хонандагон синфхонаи ҳунаромӯзӣ таъсис дода шудааст. Дар ин синфхона таълимгирандагон бо истифода аз шароит, ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ ва дӯзандагиро аз худ менамоянд.
Муассисаи таълимии мазкур дорои ошхона барои 120 нафар, маҷлисгоҳ бо 300 ҷойи нишаст, китобхона бо 15 ҳазор китоби дарсӣ ва 5 ҳазор китоби бадеӣ мебошад. Бо бунёди муассисаи таълимӣ 70 омӯзгор ва 10 корманди техникӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Гимназия аз рӯи равияи ҷамъиятӣ - гуманитарӣ фаъолият карда, дар он ба омӯзиши фанҳои забону адабиёт, забонҳои русию англисӣ ва таъриху ҳуқуқ диққати махсус дода мешавад.
Дар ниҳояти боздид аз гимназия бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таълимӣ ба номи Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил гузошта шуд.
Аз ин иқдоми созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагон изҳори миннатдорӣ намуданду устодон иброз доштанд, ки дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба соҳаи мактабу маориф кӯшиш ба харҷ медиҳанд то насли наврасро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ба камол расонанд.
Баъди ифтитоҳи гимназия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо намояндагони бахши маорифи вилояти Суғд мулоқот анҷом дода, оид ба дастовардҳои ин бахши ҳаётан муҳими ҷомеа ибрози андеша карданд.

ҶСК «Ариана Металл Пласт» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»
24 октябр дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварда, дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ариана Металл Пласт», иштирок намуданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ, ки дар майдони 4 гектар доман густурдааст, бо саҳми соҳибкорони ватанӣ - Алишер ва Мирзо Умаровҳо бунёд гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он беш аз 120 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуд. Баъди фаъол гардидани марҳилаи дуюми корхона боз 150 нафари дигар бо шуғли доимӣ таъмин мегардад.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки истеҳсоли 36 намуди маҳсулот, аз қабили бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва таҷҳизоти маишӣ, ба монанди яхдон, мошини ҷомашӯӣ, инчунин, қисмҳои эҳтиётии автомобил тариқи 8 хати муосири технологӣ сурат гирифта, дар як сол тақрибан ба маблағи зиёда аз 20 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид карда мешавад.
Соҳибкорон бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти дар бозор рақобатпазир ва аз лиҳози экологӣ безарар бо харҷи 6 миллион сомонӣ технологияи корхонаро аз бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ харид намуда, пеш аз оғози фаъолият ҳамаи коргарону мутахассисонро ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифтанд, ки ба гуфти коршиносони масоили иқтисодӣ ин омил боиси пешрафти кор, хусусан истеҳсоли маҳсулоти хушсифат мегардад.
Дар корхона кор дар ду баст ба роҳ монда шуда, ашёи хом қисман аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Федератсияи Россия, Чин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид мегардад ва ба таъкиди мутахассисон дар мамлакат ин аввалин корхонае ба ҳисоб меравад, ки тамоми қисмҳои бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва дигар таҷҳизоти маишӣ дар дохил истеҳсол карда мешаванд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкоронро дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, тақвияти имконияти содиротии кишвар, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, ба роҳбарият ва коргарону мутахассисони корхона дастур доданд, ки вақти тавлиди маҳсулот, пеш аз ҳама, ба сифати он диққати ҷиддӣ диҳанд ва манфиати худро аз солимии ҷомеа боло нагузоранд. Бо анҷоми ин амал онҳо метавонанд, дар бозори дохил ва хориҷи кишвар мизоҷони бештар пайдо намоянд. Зеро эътимоди харидор ба сифати маҳсулот яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхона ба ҳисоб меравад.
Дар баробари таъмини бозори дохилӣ дар оянда молу маҳсулоти корхона ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон содир хоҳад шуд.
Баъди шиносоӣ бо шароити кор ва ҷараёни истеҳсолот Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ баҳри дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, онҳоро ба идомаи иқдомҳои созанда ҳидоят карданд. Бо таваҷҷуҳ ба рушди корхона, сармоягузорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ариана Металл Пласт» ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дар самти ворид намудани хатҳои технологии нав, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор дар оянда низ тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2008 бо мақсади ҷалби бештари сармоя ба соҳаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуд, ки ҳоло дар он 12 субъект фаъолият мекунад. 
Аз оғози фаъолияти минтақа беш аз 70 миллион сомонӣ сармояи мустақим ворид гардида, зиёда аз 500 ҷойи корӣ таъсис дода шуд ва соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу хизматрасонӣ ва амалиёти воридоту содирот 80 миллион сомониро ташкил додааст.

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2018    №: 208    Мутолиа карданд: 245

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед