logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Идомаи сафари корӣ
Мактаби санъат дар шаҳри Гулистон
25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон мактаби санъатро, ки бо тарҳи зебо бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ карданд.
Бинои мактаб аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 135 ҷойи нишаст мебошад. Сохтмони иншооти фарҳангу маърифатӣ моҳи июни соли 2016 оғоз гардида, моҳи августи соли 2018 бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои миллию ҷаҳонӣ, ба анҷом расонда шуд.
Зимни шиносоӣ бо шароити бинои тозабунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, омӯзгорони санъату ҳунари шаҳри Гулистонро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд.
Бинои наву замонавии мактаби санъат аз бист ҳуҷраи дарсӣ, аз ҷумла синфхонаҳои рассомӣ, фортепиано, рубобҳои гуногун, солфеҷио, дутор, доира, карнай, овозхонони фалаку шашмақом, синфи компютерӣ ва китобхона иборат мебошад.
Дар мактаби санъат як толори намоиш, толори консертӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, роҳбарияти мактаб ва ҳуҷраҳо барои омӯзиши дигар асбобҳои мусиқӣ, толори рақс, рассомӣ ва кулолӣ мавҷуданд.
Дар таҳхонаи бинои мазкур синфхонаи кулолӣ, ҳайкалсозӣ, омӯзиши санъати рақс, синфи карнай, доира ва толори хурди намоиш сохта шудаанд.
Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактаби санъати шаҳри Гулистон 50 асбоби мусиқии гуногун тақдим гардид.
Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар толору синфхонаҳо, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагони шаҳр суҳбати самимӣ доир карданд.

Шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон таҷдид шуд
Рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон ширкат карданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо тобондани ҷумак ба фаъолияти шабакаи обрасонӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Тарҳи мазкур бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Барқарорсозии шабакаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон - 1” амалӣ гашт. Барои тадбиқи ин ҳадаф қариб 23 миллион сомонӣ сарф гардида, зиёда аз 15 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Гулистон, ки аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд, ба оби тоза дастрасӣ пайдо карданд.
Дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳа азнавсозии хати магистралии обтаъминкунии шаҳри Гулистон бо дарозии 12 ҳазору 384 метр ба анҷом расонда шуд. Инчунин, барқарорсозии 4 стансияи насосии барориши 2-юм, навсозии 8 чоҳи амудӣ бо васл кардани таҷҳизоти барқиву насосӣ, сохтмони 7 чоҳи амудӣ, кашидани хати баландшиддат дар масоҳати 1700 метр ва гузоштани 5 зеристгоҳи барқӣ, кашидани хати технологӣ бо лӯлаҳои полиэтилении қутрашон гуногун дар масофаи 2650 метр, ободонии ҳудуди обанбори марказӣ, мумфарш намудани роҳ аз обанбор то маркази шаҳр, сохтмони бинои хлоркунӣ ва таъмири бинои анбори нигоҳдории маводи безараргардонӣ, ивази зеристгоҳи барқӣ дар обанбори марказӣ сифатан хуб сомон дода шуданд. Дар чаҳорчӯбаи амалисозии ҳамин ҳадафҳо шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон соҳиби 7 адад техникаи коммуналӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ карда, ба масъулон барои истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида дастуру ҳидоятҳо доданд.
Сокинони шаҳри Гулистон ин иқдоми наҷибонаро ғамхории навбатии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва самараи тадбиқи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.

Фестивали «Оши палав», «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ» дар Қасри Арбоб
25 октябр, дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, дар тантанаҳои фестивали «Оши палав», «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ» иштирок карданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар назди  чойхонаи Қасри Арбоб, ки ба макони тантанаҳои идонаи ҳунармандони асил ва деҳқонони зарофари вилоят табдил ёфта буд, бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.
Дар ин ҷо кишоварзони зарофар аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навъҳои гуногуни меваю сабзавот ва полизиҳои шаҳдбор, аз қабили  харбуза, тарбуз, себ, ангур, нок, хурмо, анор ва меваи хушкро ба маъраз гузоштанд. Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони Иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот ва корхонаҳои хӯроквории вилоят намоиши маҳсулоти нонӣ ва 27 намуди ширинии миллӣ, ба монанди ҳалвои кунҷитдор, наботи «Муфассал», парвардаи «Ковок», нишолло ва ғайра ташкил карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузории чунин намоишгоҳҳоро, ки тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар вилояти Суғд ба ҳукми анъана даромадааст, дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Зеро бо ин восита метавон маҳсули дасти деҳқонони зарофар ва мардону занони ҳунармандро ба таври шоиста ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ кард.
Дар робита ба ин, дастур дода шуд, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бунёди коргоҳҳои нонпазию қаннодӣ ва таъсиси нуқтаҳои фурӯши он васеъ ба роҳ монда шуда, ба кадбонуҳо ва мардони ҳунарманд, ки завқи баланди нонпазӣ ва омода намудани шириниҳоро доранд, шароити хуби фаъолият фароҳам оварда шавад.
Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди бахши кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ маънидод намуданд.
Дар вилояти Суғд 67 ҳазор хоҷагии кишоварзӣ ба парвариш ва истеҳсоли маҳсулот машғул буда, соли 2018  бо истифода аз таҷрибаи пешрафта дар майдони беш аз 227 ҳазор гектар кишти зироати гуногунро ба роҳ монданд.
Ба андешаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои ҳадафҳои бобарори Ҳукумати кишвар мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ бирасем ва бо ин, сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем. Ба таъкиди кишоварзон, соли равон дар баробари зиёд намудани майдони кишт истеҳсоли маҳсулот низ афзоиш ёфт.
Имрӯзҳо хоҷагидорон дар баробари таъмини бозори дохилӣ, ҳамзамон, маҳсулоти кишоварзиро ба хориҷи кишвар содир мекунанд. Аз ҷумла, соли равон наздики 80 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили пиёз, зардолу, ангур, меваи хушк содир карда шуд. Дар самти бунёди боғ низ хоҷагидорон кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд. Айни замон дар вилоят 72 ҳазор гектар боғ ва 11 ҳазор гектар токзор мавҷуд аст. Соли равон барои дар амал татбиқ кардани «Барномаи давлатии боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» хоҷагидорон зиёда аз 20 гектар боғи нави  интенсивӣ бунёд намуданд. Ба деҳқонон тавсия дода шуд, ки ҳамасола майдони кишти зироати кишоварзиро зиёд намуда, дар ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ саҳмгузор бошанд.
Дар ҷойи баргузории «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ» пирамида, хаймаҳо, катҳои миллӣ, нуқтаҳои намоиши харбузабурӣ, маҳсулоти аз харбуза коркардшуда дар маъраз буд. Дар доираи ин чорабинии бошукӯҳ озмун ва мусобиқаҳо бо шарту шароити шавқовар гузаронда шуданд. Аз ҷумла, озмуни зуд хӯрдани харбуза миёни ҷавонон басо ҷолиб буд. Ҳамчунин, дар  ин намоишгоҳ занбӯриасалпарварони 12 шаҳру ноҳияҳои вилоят навъҳои гуногуни асал ва прополисро ба  маъраз гузоштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта занбӯриасалпарварони вилоят аз 52 ҳазору 250 оилаи занбӯр 1 ҳазору 360 тонна асал истеҳсол карданд. Имсол ният доранд, ки ин нишондодро ба 1 ҳазору 500 тонна расонанд.  Занбӯриасалпарварон мегӯянд, шароит ва иқлими шаҳру ноҳияҳои вилоят барои рушди ин соҳаи сердаромад басо мувофиқ мебошад.
Зимни суҳбат бо занбӯриасалпарварони вилоят Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо ворид кардани зотҳои серҳосили занбӯри асал оилаҳои онро афзоиш дода, истеҳсоли  асалро ҳам барои содирот ва ҳам барои таъмини бозори дохилӣ бештар намоянд.
Занбӯриасалпарварон мегӯянд, бо татбиқи барномаҳои давлатӣ ва дар ҳамин замина муқаррар намудани имтиёзҳо барои фаъолияти пурсамар шумораи оилаҳои занбӯр ва истеҳсоли асали аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки имрӯз дар бозори дохил ва хориҷ талабот ба он бештар аст, зиёд гардида, дар ноҳияҳои кӯҳистон мардум ба ин шуғли манфиатовар бештар машғул мешаванд. Натиҷа ҳамин аст, ки соли равон шумораи оилаи занбӯри асал ба зиёда аз 52 ҳазор расонда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаровонии асал, тарбузу харбуза, ангур, помидор ва дигар навъҳои меваю сабзавот ва полизию лӯбиёгиҳо, ки аксаран маҳсулоти содиротӣ аст, изҳори хушнудӣ намуда, таъкид доштанд, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди саноатии он бояд сол ба сол афзун гардад ва аз ин ҳисоб қудрати содиротии Тоҷикистон боло бардошта шавад. Зикр гардид, ки Тоҷикистон метавонад дар бозори ҷаҳонии асал ва меваю сабзавот, аз ҷумла бо зардолу ва олуи сиёҳи хушк, мавизи кишмиш, харбуза, ангур, помидору бодиринг, пиёз ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ҷойгоҳи намоён дошта бошад.
Дар ҳамин рӯз даври ниҳоии фестивали «Оши палав» баргузор гардид, ки дар он беҳтарин ошпазҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, дар 30 дег таоми миллии мардуми тоҷик - оши палавро  омода карданд. Ошпазони моҳир аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Исфара, Гулистон, Бӯстон, Ашт, Истиқлол, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Деваштич, Шаҳристон, Спитамен, Конибодом, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов  ва Зафаробод ҳунари волои худро муаррифӣ карданд. Аз ҷумла,  барои меҳмонон ва ҳакамони озмун намудҳои гуногуни оши палави миллӣ, ба монанди «Оши палав бо биринҷи девзираи Панҷакент», “Оши палав бо биринҷи кенҷа», «Оши палав бо гӯшти кабк», «Бедонапалав», “Оши палав бо кабки кӯҳӣ”, «Оши палав бо равғани зағир ва тухми харбуза», «Оши палав бо қазӣ», «Оши палав бо кишмиш», «Оши палав бо тухми бедона» ва «Оши палав бо гӯшти мурғи марҷон» омода карда шуданд.
Фестивали мазкур бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъанаю суннатҳои мардумӣ баргузор гардид. Оши палав аз маҳсулоте, чун сабзӣ, биринҷ, гӯшт, равған, пиёз ва обу намак пухта мешавад. Ба он мувофиқи табъ ва хоҳиши мизоҷон нахӯд, зира, заъфарон, сирпиёз, биҳӣ, мурч, зелол, лимӯ ва дигар давоҳои хуштамъкунанда илова карда мешаванд. Тарзи таҳияи оши палав аз се марҳила: бирён кардани зирбак, ҷӯшондан ва дам андохтани биринҷ иборат мебошад. Ҳар кадоми ин амал меъёр ва фосилаи вақти муайянро тақозо дорад.
Дар охири чорабинӣ ба иштирокчиёни беҳтарини фестивали «Оши палав» ва «Шириниҳои миллӣ» аз рӯи панҷ номинатсия: «Ошпази беҳтарин», “Ошхӯри беҳтарин”, “Хаймаи беҳтарин”, “Фолклори беҳтарин” ва “Қанноди беҳтарин” мукофотҳои молию пулӣ тақдим шуданд. Бояд гуфт, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав» - и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардид.
Ба муносибати ташрифи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни Қасри Арбоб ҳунари адрасбофии дастӣ ва маҳсулоти тарроҳону пардозгарони либосҳои миллӣ, гулдӯзону зардӯзон, қолинбофон, чӯбтарошон, наққошону рассомон, оҳангарону мисгарон, устоҳои асбоби миллии мусиқӣ, зарфҳо ва ашёи рӯзгор ба намоиш гузошта шуданд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст.
Дар ин раванд, Ҳукумати мамлакат барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монда, инчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд. Аз ин иқдом ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд изҳори хушнудӣ менамоянд ва ҷиҳати эҳё ва муаррифии бештари ҳунарҳои мардумӣ корҳои назаррас анҷом медиҳанд. Намоишгоҳи имрӯз далели ин гуфтаҳо ба ҳисоб меравад.
Чорабинии фарҳангӣ - Фестивали вилоятии «Атлас ва адраси тоҷик - 2018» дар Қасри Арбоб доир гашт. Сутунҳои даромадгоҳи Қасри бошукӯҳи Арбоб бо намудҳои гуногуни атласу адрас оро дода шуда, фазоро зебову дилрабо карда буд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат маҳсули дасти чеваронро тамошо карда, ба кори бонувони чирадаст баҳои баланд доданд ва онҳоро барои эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарбияи шогирдон ва ҳар чи бештар тарғиб кардани либосҳои тоҷикӣ ҳидоят намуданд. Дар толори пурнақшу нигори Қасри Арбоб тарроҳону дигар ҳунармандон барномаи мукаммали рангинеро бо муаррифии дастовардҳои соҳаи ресандагию бофандагӣ намоиш доданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик ва ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронда шуд.    Дар вақти баҳодиҳӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, зебоӣ, тарҳи либосҳои нотакрору ғайримуқаррарӣ, тобиш ва обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдӯзӣ,  интихоби ашёи ороиш ва пардоз ба назар гирифта шуд.
Дар охир, барномаи рангини ҳунарӣ, ки таърихи рушди санъати атлас ва адрасбофиро тавассути саҳнаҳо инъикос менамуд, аз рӯи шартҳои озмун муайян шуданд. Ба иштирокчиёни муваффақ ва ғолиб барои бофтани атласу адраси хушсифат ҷоизаҳо муайян карда шуда буданд, ки онҳоро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуда, ба иштирокчиён - тарроҳони ватанӣ барои пешниҳоди чунин як барномаи рангин изҳори сипос намуданд ва таъкид карданд, ки ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз таъсиси корхонаҳои дӯзандагию бофандагӣ, пеш аз ҳама, бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани бонувони хонашин ва эҳёи ҳунарҳои миллию муаррифии он ба ҷаҳониён мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2018    №: 209    Мутолиа карданд: 271

16.12.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Луиҷи Ди Майо

Ҳавзаҳои интихоботӣ муқаррар шуданд

БОКС. Ду медали бонувони тоҷик

ЁВОН. Фермаи азими чорво бунёд мегардад

БАТР ба Тоҷикистон дар безарарсозии партовгоҳҳои радиоактивӣ ёрӣ мерасонад

ИМА аз Афғонистон беш аз нисфи низомиёнашро мебарорад

Дар Қазоқистон 14 ҷангии гурӯҳи "Давлати исломӣ" - ро зиндон карданд

Дар Ӯзбекистон таҳсил панҷрӯза мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед