logo

сиёсат

МАШВАРАТИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.
Дар машварат вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, ҷамъбасти рушди бахшҳои вилоят дар нуҳ моҳи соли 2018, рафти иҷрои дастуру супоришҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи нақшаи ободониву бунёдкории шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таҷлили сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоятро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд. Таъкид гардид, ки аз рӯи таҳлилҳо солҳои охир истеҳсолоти саноатӣ дар вилоят тадриҷан афзоиш ёфта, дар он саҳми соҳаҳои истихроҷи маъдан, коркарди ашёи хом ва кишоварзӣ зиёд шуда истодааст. Дар нуҳ моҳи соли 2018 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти вилоят 107 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 110 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми онҳо мутаносибан ба 12,8 ва 8,1 миллиард сомонӣ баробар шудааст.
Дар вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ - сентябри соли 2018 ба 5,6 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 6,6 фоиз, аз ҷумла дар соҳаи рустанипарварӣ 4,4 миллиард сомонӣ ё 7,6 фоиз ва чорводорӣ 1,2 миллиард сомонӣ ё 3,1 фоиз зиёд шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, мева ва дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ, захираи ҳаҷми зарурии маҳсулот, таъсиси коргоҳу корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бастубанду содироти он, ташкили гармхонаҳои нав, бунёди боғи меваҳои содиротӣ ва мунтазам зиёд кардани майдони кишти сабзавоту картошка вазифадор карда шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар зарфи солҳои 2016 - 2017 қисми зиёди лоиҳаҳои дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2016 - 2020 ба нақша гирифташуда аз ҷониби мақомоти масъул маблағгузорӣ нашудааст. Тибқи маълумот дар ин муддат 1,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ба татбиқи лоиҳаҳо ҷалб гардидааст, ки ҳамагӣ 28 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар баробари дастовардҳо дар бахшҳои алоҳида камбудиҳо низ ба назар мерасанд ва Сарвари давлат барои ислоҳи камбудиҳо, иҷрои саривақтии вазифаҳо ба масъулон дастурҳои мушаххас доданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин, вазорату кумитаҳои дахлдор супориш доданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар самти татбиқи босифату саривақтии барномаҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бартараф намоянд.
Вазифаҳои дигар вобаста ба иҷрои саривақтию босифати корҳои саҳроӣ, киштукори такрорӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили парваришшуда, рушди соҳаи саноат, истифодаи пурраи иқтидорҳои саноатии корхонаҳои амалкунанда, бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти босифату воридотивазкунанда ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи зарурии маводи озуқа дода шуданд.
Дар нуҳ моҳи соли 2018 аз 614 корхонаи саноатӣ 100 корхона ё аз шумораи умумӣ 17 дарсад бо сабабҳои гуногун фаъолият накардааст.  Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки доир ба фароҳам овардани шароит барои барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, тадбирҳои дахлдор андешанд.
Дастурҳои дигар доир ба ҷалби ҳар чи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ барои ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, таҷҳизондани корхонаҳо бо технологияҳои муосир ва диверсификатсияи истеҳсолоту содирот дода шуд.
Дар асоси нақшаи ободониву бунёдкории шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 6000 иншооти таъйиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамаи онҳо боиси фароҳам омадани даҳҳо ҳазор ҷойи нави кор, ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии сокинон ва боз ҳам ободу зебо шудани шаҳру ноҳияҳо мегарданд.
Бинобар ин, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ супориш дода шуд, ки бунёди иншооти банақшагирифтаро бо риояи меъёрҳои ҳозиразамон, санъати баланди меъморӣ, сари вақт ва босифат таъмин созанд.
Зимни баромади худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои рушди минбаъдаи шаҳру ноҳияҳо, беҳтар шудани сатҳи некуаҳволии мардум, аз ҷумла пешрафти соҳаи сайёҳӣ, таъмин намудани амният, суботу оромӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар қаламрави вилоятро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, сохторҳои марбутаро барои пешрафти кор дар ин самтҳо ва ислоҳи камбудиҳо, волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ вазифадор карданд.
Супоришҳо доир ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва фаъолияти мунтазами иншооти энергетикӣ, захираи маводи сӯхт дар давраи зимистонгузаронӣ дода шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сатҳи ҷинояту ҷинояткориро дар ҳудуди вилоят таҳлил намуда, вобаста ба ислоҳи камбудиҳо дар ин самт ва пешгирию коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Дар машварат ҳисоботи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба натиҷаи фаъолияти бахшҳои хоҷагии халқи вилоят давоми нуҳ моҳи соли 2018, рафти татбиқи супоришҳои Президент ва Ҳукумати кишвар ва иҷрои дигар дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд.
Дар охири машварат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки сокинони меҳнатқарини вилояти Суғд минбаъд низ бо сарҷамъӣ ва ҳисси баланди миллӣ барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат баҳри пешбурди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бештар талош варзида, дар пешрафти ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.

 

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2018    №: 209    Мутолиа карданд: 202

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед