logo

сиёсат

ХОРУҒ. БАРРАСИИ РАФТИ ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Ёдгор Файзов оид ба рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба роҳ мондани корҳои бунёдкориву созандагӣ бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид.
Дар он ҳайати кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вазирони адлия Шоҳмурод Рустам, фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, нақлиёт Худоёр Худоёрзода, раисони кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода, рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода, ҳифзи муҳити зист Хайрулло Ибодзода, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят ширкат варзиданд.
Ёдгор Файзов зикр намуд, ки ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят амалӣ намудани зиёда аз 600 барномаву лоиҳаҳои гуногун, аз ҷумла бунёди иншооти иҷтимоию маишӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳову боғот, таъмири манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ ба нақша гирифта шудаанд. Ӯ аз раисони шаҳру ноҳияҳо талаб намуд, ки қабл аз ба нақшаи ҷашнӣ даровардани иншоот шароит ва таъмини маблағгузории онҳоро ҳаматарафа  омӯхта, танҳо  иншооти бунёдашон имконпазирро ба нақша гиранд. 
Раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба рафти корҳои созандагӣ ба таври муфассал гузориш доданд. Лоиҳаву барномаҳо мавриди баррасии ҳайати корӣ қарор гирифта, аз рӯи  зарурияти  воқеӣ ба нақшаҳо тағйироту иловаҳо ворид гардиданд.
Тибқи иттилои сардори шуъбаи сохтмони асосии вилоят Шероз Абдуллоев, биноҳои Донишгоҳи давлатии Хоруғ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 - и маркази вилоят ва варзишгоҳҳои марказии ноҳияҳои Ишкошим ва Рӯшон аз ҷумлаи калонтарин иншооте ба ҳисоб мераванд, ки то Ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд.
Раҳмони ГУЛЗОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2018    №: 213    Мутолиа карданд: 558
19.04.2021


АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед