logo

Хабарҳо

Владимир Жириновский: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз сиёсатмадорони соҳибэҳтиром аст»

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  Шукурҷон Зуҳуров вакили Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Владимир Жириновскийро ба ҳузур пазируфт.
Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки ҳамкории байнипарлумонии Россия ва Тоҷикистон таърихи бисёрсола дошта, аз оғози ба роҳ мондани ҳамкории дипломатӣ байни кишварҳоямон дар соли 1992 сарчашма мегирад ва то имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия 250 санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидаанд. Ҷонибҳо ҳамоҳангии зичи мусоидат оид ба амалӣ шудани бандҳои санадҳои имзошуда ва иҷрои онҳоро таъмин мекунанд.
- Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо Россия мо ба соҳаи маориф аҳамияти бештар равона мекунем, зеро  маҳз ин соҳа  маҷмӯи арзишҳои равобити моро ташкил медиҳад. Мисоли равшани ин таваҷҷуҳ густариши омӯзиши забони русӣ дар кишвари мо ба шумор меравад,- афзуд Шукурҷон  Зуҳуров.
Владимир Жириновский  роҷеъ ба  дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Россия ибрози назар намуда, зикр кард, ки   Эмомалӣ Раҳмон яке аз сиёсатмадорони бонуфуз ва соҳибэътибор дар Россия мебошад. Ӯ, ҳамчунин, яке аз президентҳои соҳибэҳтиром дар фазои пасошӯравист. Тоҷикистон дорои манобеи бузурги энергетикӣ буда, Россия  дорои имкониятҳои молиявӣ аст. Мо бояд ин захираҳоро муттаҳид намоем, ки ин ҳам ба манфиати  Москва ва ҳам ба нафъи Душанбе мебошад.
Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки дар ояндаи наздик Ҳизби либерал - демократии Россия барои қабули қонун «Дар бораи мақоми махсуси шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россия» кӯшиш хоҳад кард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 125

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед