logo

сиёсат

КОНСТИТУТСИЯ - ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ

Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД, Прокурори генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бисту чор сол муқаддам, бо ташаббус ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бунёдгузори давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳастанд, Қонуни асосии кишвар - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. 
Барҳақ, ормонҳои халқро, ки дар сарсухани ин ҳуҷҷати тақдирсоз ба таври ҷовидонӣ сабт шудаанд, метавон бо ҳисси баланди ватандорӣ ба забон овард: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».
Боиси ифтихор аст, ки манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон, яъне меъёрҳои конститутсионӣ, ҳанӯз дар асри VI пеш аз милод аз ҷониби давлатдорони аҷдоди тоҷикон Ҳахоманишиён - дар давраи ҳукмронии Куруши Кабир ба вуҷуд оварда шудааст. Дар даврони ҳукмронии худ, соли 539 пеш аз милод, Куруши Кабир санади меъёрии ҳуқуқиеро қабул ва эълон кард, ки он нахустин маротиба дар таърихи башар ҳуқуқ ба озодии виҷдон, ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил ва дигар ҳуқуқҳои калидиро эътироф ва татбиқ кардааст.
Бо гузашти вақт, пас аз ҳазорсолаҳо 9 сентябри соли 1991 тоҷикон боз соҳиби давлати соҳибихтиёру демократӣ шуданд, ки ин воқеаи муҳими таърихӣ барои қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояи устувор гузошт.
Бояд таъкид намуд, ки солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, яъне солҳои 1991-1994, давраи ҷустуҷӯи ҷавоби мушаххас ба саволҳое буданд, ки мо ба чӣ гуна сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ эҳтиёҷ дорем, ояндаи ҷомеа ва давлатро дар доираи кадом низоми сиёсӣ ва арзишу меъёрҳои иҷтимоӣ дидан мехоҳем, ормонҳои миллии дар давоми ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтаамонро, бо кадом роҳу равиш амалӣ менамоем? Дар ин раванд таҳияи Конститутсия тавассути ҷалби неруҳои ақлонии ҷомеа, бо ба инобат гирифтани манфиатҳои олии миллату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ва истифода аз таҷрибаву дастовардҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ сурат гирифта буд. Шаҳрвандони мамлакат дар раъйпурсии умумихалқии соли 1994 ба тарафдории қабули Конститутсияи нав овоз дода, роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб карданд.
Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти ба амал омадани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқуқии кишвар, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ се маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардид. Тағйиру иловаҳои 22 майи соли 2016 воридшуда ҳамчун идомаи мантиқии ислоҳоти ҳуқуқӣ, сиёсию иҷтимоӣ, ба марҳалаи муосири рушд ворид шудани давлат ва ҷомеа вобаста буда, ба мустаҳкам намудани асосҳои сохти конститутсионӣ, таҳкими мақоми конститутсионии шаҳрвандӣ, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ ва ташаккули мақомоти худидоракунии маҳаллӣ равона гардида, ба рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат намуданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз беҳтарин санадҳои олии ҳуқуқӣ эътироф шуда, дар он ҷанбаи башардӯстӣ мавқеи аввалиндараҷа ва асосӣ дорад ва ҳимояи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои фитрии ӯ мақсади асосӣ эълон шудааст. Чуноне ки дар моддаи якуми он омадааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Маҳз бо ҳамин сабабҳо, дар муддати басо кӯтоҳ Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохта шуда, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон эътироф гардид.
Дар асоси меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иродаи халқ, дар мамлакат як қатор қонунҳои миллӣ, аз қабили Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар қонунҳо қабул гардиданд, ки мояи ифтихор ва нишонаи ҳувияти миллии мардуми тоҷик мебошанд.
Яке аз талаботи муҳими Конститутсия - ин эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳо мебошад. Зеро қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии суботу оромии ҷомеа ва дар ин замина пешрафту созандагии он аст.
Барои ноил гаштан ба ин мақсад, пеш аз ҳама, зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо ба ҳукми ниёзмандии ҳамарӯзаи шаҳрвандон табдил гарданд. Танҳо дар ҳамин сурат мо ба ҳадафҳои ниҳоии худ - эъмори давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона, ки дар Конститутсияи мамлакат дарҷ гардидаанд, муваффақ хоҳем гардид.
 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2018    №: 215    Мутолиа карданд: 181

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед