logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Маросими истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи ноҳияи Данғара сурат гирифта, мардум Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Ифтитоҳи коллеҷи тиббӣ
Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави коллеҷи тиббиро мавриди истифода қарор доданд. Коллеҷи тиббӣ аз ду бинои панҷошёнаи хуштарҳу замонавии таълимӣ иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1510 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст.
Президенти мамлакат, зимни боздид, ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити  таҳсил дар коллеҷи тиббӣ баҳои баланд доданд. Сохтмони бино соли 2015 оғоз шуда, фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи   иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бинои асосии коллеҷ дорои 42 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои морфология ва физиологияи одам, биологияи тиббӣ ва химия, забонҳо, ҷомеашиносӣ, компютерӣ ва корию техникӣ, буда, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти таълимӣ муҷаҳҳаз  шудааст.
Дар бинои дуюм 31 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои физика, информатика, фармология, ҷарроҳӣ ва 38 ҳуҷраи корӣ мавҷуд мебошанд, ки ҷараёни таҳсил дар онҳо тибқи стандартҳои байналмилалӣ сурат мегирад.
Коллеҷи тиббӣ дорои китобхонаи электронӣ барои 70 ҷой, толори хониш бо фарогирии 60 нафар донишҷӯ ва дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ бо 300 ҷойи нишаст  мебошад. Толори варзиш бо 240 ҷойи нишаст дорои шароити арзандаи машқу тамрин буда, ошхона барои зиёда аз 200 ҷойи нишаст дар хизмати донишҷӯён қарор дорад.
Барои донишҷӯён дар синфхонаҳои коллеҷ имкониятҳои фарохи донишандӯзӣ муҳайё буда, онҳо бо истифода аз шароити арзандаи таълимӣ ба ҳайси мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ ба камол хоҳанд расид.
Донишҷӯён бо дарки масъулияти баланд аз ғамхорию таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳам сохтани шароити хуби таҳсил бо ифтихору сарфарозӣ изҳори хушнудӣ карданд.
Аснои шиносоӣ бо шароити таҳсил дар коллеҷи тиббӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён суҳбати озоду самимӣ намуданд ва онҳоро барои омӯзиши ҳарчи бештари донишҳои замони муосир ва технологияи замонавӣ ҳидоят карданд.

Фаъол шудани марҳалаи дуюми Маҷмааи истеҳсолии ҶСП “Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил”
5 ноябри соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати дуюми Маҷмааи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил” иштирок намуданд.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои ба кор андохтани навбати дуюми ин маҷмаа сармоягузории мустақим сурат гирифта, зиёда аз 200 нафар шаҳрванди кишвар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Иқтидори истеҳсолии навбати дуюми маҷмааи истеҳсолӣ наздик ба 15 ҳазор тонна коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли 12 ҳазор тонна ришта дар як сол буда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он қадами устувор дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ, инчунин фароҳам овардани ҷойҳои зиёди кории нав, арзёбӣ мешавад. Бо ҳамин мақсад, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдому дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ ба сармоягузорони ватанию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Маҷмааи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил” аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст ва дар коргоҳҳои алоҳидаи он пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия, Швейтсария, Олмон ва Чин васлу насб гардидаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар маҷмаа, аз масъулони дахлдор истифодаи самараноки таҷҳизоти корӣ, коркарди босифати нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро тақозо намуданд.
Маҳсулоти истеҳсоли маҷмаа имрӯзҳо ба Федератсияи Россия, Чин, Туркия, Беларус ва Қирғизистон содир мешавад. Ҳамзамон, корхонаҳои бофандагии мамлакатро бо ришта таъмин менамояд.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои ворид намудани таҷҳизоти истеҳсоливу инфрасохторӣ як қатор имтиёзҳо муқаррар гардида, ҳамзамон, барои бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин кардани корхона тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани корхона бо пахтаи аълосифат қариб 15 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.
Ҳамчунин, бо мақсади таъмини маҷмаа бо ашёи хом, дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Данғараи вилояти Хатлон корхонаҳои пахтатозакунӣ бунёд карда шудаанд.
Марҳалаи аввали Маҷмааи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил” бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна нахи пахта моҳи августи соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд. Дар маҷмӯъ, иқтидори истеҳсолоти ресандагии маҷмаа  коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, дар он барои 530 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст.
 Тибқи маълумот, дар нуҳ моҳи соли 2018 дар ин маҷмаа зиёда аз 8 ҳазор тонна ришта истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 3 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ҳиссаи маҷмаа дар истеҳсоли маҳсулоти нассоҷии кишвар дар давраи зикршуда 21 дарсадро ташкил карда, дар муддати ду соли охир ба Ҷумҳурии Мардумии Чин қариб 13 ҳазор тонна риштаи пахта содирот намудааст.
Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсолот, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил” ба бунёди се корхонаи нав, аз қабили корхонаи истеҳсоли ришта бо иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол, рангубор ва истеҳсоли матоъ оғози расмӣ бахшиданд.
Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони марҳалаи навбатӣ, зикр шуд, ки корхона дорои 4 даври пурраи коркарди пахта буда, дар он истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст. Корхонаҳои нав моҳи сентябри соли 2021 ба истифода дода мешаванд.
Пас аз ифтитоҳи навбати дуюми Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил” ва гузоштани санги асоси корхонаи истеҳсол ва рангубори матоъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахассисони ин маҷмааи истеҳсолӣ ва роҳбарону фаъолони ноҳияи Данғара мулоқот намуданд.

Оғози фаъолияти ҶДММ “Фарм Текс”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Текс” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуданд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд шуда, ба истеҳсоли маводи бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул буда, дар маҷмӯъ 13 номгӯй маҳсулот истеҳсол менамояд.
Хатҳои истеҳсолӣ ва дигар дастгоҳҳову таҷҳизоти корхона аз Олмон дастрасу насб гардида, имконият медиҳанд, ки маҳсулот то ҳадди ниҳоӣ бо сифати баланд коркарду пешниҳоди харидорон карда шавад.
Дар ҷамъият ду навъи маҳсулот - маводи бастубанди тиббӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ дар асоси коркарди саноатии пахта истеҳсол гардида, тибқи таҳлили мутахассисон, айни замон талабот ба чунин навъи маҳсулот дар бозори дохилу хориҷ зиёд аст. Корхона дар як шабонарӯз имкон дорад, ки 2 ҳазор килограмм пахтаро коркард карда, дар доираи стандартҳои ҷорӣ дар навбати аввал пахтаи гигроскопии сафедкардашударо омода намуда, сипас, пахтаи тиббӣ, пахтаи стоматологӣ дар шакли тампон, салфеткаҳои пахтагиву докагӣ, пахта ва навъҳои гуногуни бинти тиббии тамйизшуда ва лейкопластир истеҳсол намояд.
Ҳамзамон, барои истифодаи гигиенаи шахсӣ ва косметологӣ дар корхона истеҳсоли дискҳои пахтагӣ, чӯбчаҳои пахтагӣ, салфеткаҳои пахтагӣ ва, инчунин, аз омехтаи пахта ва маводи сунъӣ тавлиди дигар навъи маҳсулоти тиббӣ ба роҳ монда шудааст.
Корхонаи “Фарм Текс”, асосан, пахтаи  пастсифатро коркард карда, бидуни истифодаи хлор тариқи технологияи муосир аз он пахтаи гигроскопии сафедкардашуда ва дигар маҳсулоти тиббӣ омода менамояд. 
Зимни шиносоӣ, ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур дар Осиёи Марказӣ ягона буда, гузашта аз ин, тавлиди ин навъи маҳсулот дар кишвар роҳандозӣ нагардида буд.
Маводи бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ қаблан аз хориҷи кишвар ворид мегардид ва, тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа, ба стандартҳои ҷории тиббӣ ҷавобгӯ набуд. Корхонаи навтаъсис имкон дорад, ки маҳсулоти бо сифати баланд ва ба саломатӣ безарарро истеҳсол карда, на танҳо маҳсулоти воридотивазкунанда, балки ба содирот нигарондашударо ба бозорҳои дохилу хориҷ пешниҳод намояд. Пас аз ифтитоҳи корхонаи нав, воридоти ин номгӯи маҳсулот ба пурагӣ аз хориҷи кишвар қатъ гардида, эҳтиёҷоти соҳаи тандурустӣ ва аҳолии мамлакат бо истифода аз иқтидори  корхонаи ҶДММ “Фарм Текс” қонеъ карда мешавад. Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ - пахта фаъолият намуда, дар марҳилаи аввал дар “Фарм Текс” 80 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардид.
Аснои шиносоӣ, иттилоъ дода шуд, ки то Ҷашни Наврӯз боз 50 нафари дигар дар сехи дӯзандагии корхона соҳиби ҷойи кори доимӣ мегардад.
Корхонаи навтаъсис бидуни партов фаъолият намуда, пасмондаҳои маҳсулот барои дӯхтани кӯрпа,  кӯрпача, ҷома ва дигар номгӯи сарулибос ба занони хонашини соҳибҳунар тақсим карда мешавад, ки аз ин ҳисоб онҳо даромад ба даст меоранд.
Корхонаи “Фарм Текс” аз биноҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, дар масоҳати наздик ба 4000 метри мураббаъ сохта ба истифода дода шуд.
Пас аз ифтитоҳи навбати аввали корхона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Текс” санги асос гузоштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур барои истеҳсоли докаи тиббӣ ва маводи истифодаи гигиенаи шахсӣ пешбинӣ гардида, дар сурати бунёди он боз 40 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегардад. Тибқи иттилои масъулон, давоми 8 моҳ марҳилаи дуюми корхона мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Тибқи нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ, корхона дар оянда имкон дорад, то 3 миллион метри мураббаъ докаи тиббӣ, 10 миллион адад маҳсулоти алоҳидаи бастубандшудаи бинт, салфетка ва уребчаву маҳсулоти гигиенӣ истеҳсол намояд.
Зимни шиносоӣ, Пешвои миллат сохтмончиёну масъулонро барои иҷрои саривақтии корҳо ва васлу насби хатҳои муосири истеҳсолӣ вазифадор намуда, ба онҳо барои рушди истеҳсолот, тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва ба содирот нигарондашуда дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2018    №: 215    Мутолиа карданд: 215

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед