logo

иҷтимоиёт

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ АВВАЛИН ШУДА АЗ ИҶРОИ НАҚША ГУЗОРИШ ДОД

Аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як моҳ сипарӣ гардид. Аз аввали моҳи октябри соли равон чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад. Дар миёни шаҳру вилоятҳо ВМКБ пешсаф буда, аз иҷрои нақша гузориш дод.
Бино ба иттилои Ориф Нозимиён, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Суғд 90 дарсадро ташкил дода, шаҳрҳои Истиқлолу Бӯстон, Гулистон, ноҳияҳои Айнӣ, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Шаҳристон, Деваштич ва Ҷаббор Расулов аз иҷрои нақша баромаданд. Дар вилояти Хатлон иҷрои нақша 85 дарсад буда, ноҳияҳои Носири Хусрав, Темурмалик ва Ховалинг нақшаро иҷро карданд. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ 78 дарсади нақша иҷро шудааст. Шаҳри Роғун аз иҷрои нақша баромад. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе иҷрои нақша 96 дарсад буда, ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур аз иҷро нақша гузориш додаанд. Дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ иҷрои нақшаи даъват 90 дарсад иҷро шудааст.
Натиҷаи солҳои қаблӣ ва ҳозир гардидани ҷавонон дар рӯзҳои аввали даъват ба комиссариатҳои ҳарбӣ нишон дод, ки ташкилу гузарондани чорабиниҳои пеш аз даъватӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, дарки масъулияти хизмати ҳарбӣ, шаъну шарафи он ва дар таваҷҷуҳ бо хизматчиёни ҳарбӣ ба роҳ мондани ҳамкории доимӣ аз ҷониби сохтору идораҳои масъули даъватӣ ва намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеа амали воқеӣ ва басо ҳам зарурӣ буда, метавонад омили пеш аз муҳлат иҷро шудани нақшаи даъват дар ҷумҳурӣ гардад.
Қобили зикр аст, ки ҳамакнун ин ҷавонаскарон дар ҳама қисмҳои низомии Артиши миллии кишвар, аз ҷумла дар ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа дар фазои дӯстиву бародарӣ, якдигарфаҳмӣ миёни ҳамхизматон, садоқат ба халқу Ватан ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ хизмат намуда, барои онҳо беҳтарин шароити дарсу тамрин муҳайё гардонда шудааст.
- Имрӯзҳо дар ҳамаи қисмҳои низомии Вазорати мудофиа мувофиқ ба талаботи ҳарбӣ барои ҳайати шахсӣ ё худ наваскарон синфхонаҳои таълимӣ, мавзеъҳои омӯзишии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, ошхона, хобгоҳ, китобхона, шаҳракҳои васеи варзишӣ, мавзеъҳои махсуси суҳбатороӣ, хонаҳои дидорбинии волидони сарбозон ва дигар шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд. Ҳамзамон, дар навъҳои қӯшуни Артиши миллӣ марказҳои таълимии дорои машқгоҳҳо мавҷуд буда, наваскарон зимни омӯзиши дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба онҳо ҷалб мешаванд. Дар ин машқгоҳҳо хаймаҳои муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои дашту саҳро, ошхона, хобгоҳҳои саҳроӣ, парки техникӣ, нуқтаи тиббии саҳроӣ, хонаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва синфхонаҳои зимистонаву тобистона, ҳаммом, майдончаҳои варзиш ва дигар шароити зарурӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд, - изҳор дошт зимни суҳбат Ориф Нозимиён.
Ёдрас мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991 - 2000 -  уми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ва ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” даъвати ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аз 1 октябри соли равон оғоз гардида, то охири моҳи ноябр идома меёбад.
Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.11.2018    №: 216    Мутолиа карданд: 323
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед