logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

(Идомаи гузориш)
Корхонаи муштараки “Муосир” фаъол шуд
5 ноябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки “Муосир” оғози расмӣ бахшиданд.
Барои бунёди корхонаи мазкур моҳи майи соли 2017 аз тарафи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шуда буд. Ҳамон вақт Сарвари давлат ба масъулон дастур дода буданд, ки корхона дар муҳлати яку ним сол бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода дода шавад. Инак, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар муддати камтар аз як солу шаш моҳ ин корхонаи бузурги саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Корхонаи муштараки “Муосир” дар масоҳати 24 гектар бунёд гардида, аз 21 бинои истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад. Баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ ва васлу насби технология дар марҳилаи аввал масъулон азм доранд, ки дар оянда барои ба роҳ мондани истеҳсоли дигар намуди маҳсулот нақшаҳои мушаххасро амалӣ созанд.
Дар маркази идораи бинои маъмурии корхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугма таҷҳизоти муосири онро ба кор андохта, раванди истеҳсолотро тавассути монитор назорат карданд. Чунин низоми замонавӣ дар ҳудуди иншооти истеҳсолӣ низ ба роҳ монда шудааст ва тавассути марказҳои ягонаи идораи рақамӣ раванди истеҳсолот дар ҳудуди корхона пайваста назорат карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин 14 намуд таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудааст ва иқтидори истеҳсолии он дар як сол 20 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.
Ашёи хом ба корхона аз дохили мамлакат ва аз Федератсияи Россия, Чин ва Ӯзбекистон дастрас мегардад. Айни замон дар корхонаи муштараки “Муосир” 3 намуд маҳсулот барои кандани нақбҳо, истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, бунёди роҳҳо ва кофтани чоҳҳои амудӣ истеҳсол мешавад. Барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр берун аз ҳудуди корхонаи истеҳсолӣ 4 анбор бунёд карда шудааст ва дар ҳар яки он мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит муҳайё мебошад. Анҷоми корҳои истеҳсолию хизматрасонӣ, захира ва интиқоли маҳсулоти тайёр тавассути 12 техникаву механизми махсусу борбардор роҳандозӣ мегардад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ин корхона 80 нафар, аз ҷумла 60 нафар шаҳрванди мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин аст. Барои мутахассисону дигар коргарон шароити мукаммали фаъолият фароҳам оварда шудааст.
Дар корхонаи муштараки “Муосир” баробари сокинони маҳаллӣ аз дигар минтақаҳои мамлакат шаҳрвандон ба кор ҷалб шудаанд ва ба онҳо дар ҳудуди корхона манзили зист муҳайё мебошад. Дар хобгоҳи корхонаи азими саноатӣ, ки аз ду ошёна иборат аст, шароити хуби зист муҳайёст. Дар ошёнаи якуми бино ошхона бо 50 ҷойи нишаст мавҷуд аст.
Мутахассисони корхона дорои ихтисоси баланд буда, фаъолияти кории онҳо мутобиқ ба меъёри байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Барои такмил додани маҳорати касбии кормандон дар корхонаи муштараки “Муосир” синфхонаи таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд аст. Дар ин синфхона кормандон бо ҷалби мутахассисони дорои тахассуси баланд аз курси омӯзишӣ гузаронда мешаванд.
Ба хотири таъмини амният ва бехатарии кормандон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратӣ дидбонгоҳҳои назоратӣ ташкил гардидаанд. Ҳудуди корхона тавассути камераҳои мушоҳидавӣ пурра назорат карда мешавад. Атрофи корхонаи мазкур ва шафати роҳравҳо дар асоси талабот сабзазор карда шуда, дар назди иншооти мавҷуда дарахтони ороишии ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг шинонда шудаанд, ки барои истироҳату фароғати кормандон мусоид аст.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки “Муосир”, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони ватандӯсту ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд ёфтааст, дар татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат - гузаштан аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба кишвари индустриалӣ - аграрӣ заминаи устувор хоҳад гузошт.

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 ва маркази саломатӣ дар деҳаи Паркамчӣ
5 ноябр дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Паркамчӣ маркази саломатӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 - ро ифтитоҳ карданд.
Бинои нави маркази саломатӣ аз ҷониби сокинони деҳа бунёд гардида, аз як ошёна ва ҳуҷраҳо барои хатна, таваллуд, доругузаронӣ, қабули беморон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Айни замон маркази саломатӣ дар деҳаи Паркамчӣ ягона буда, бо тамоми шароитҳои зарурии тиббӣ ва мутахассисони кордону ботаҷриба таъмин аст.
 Пешвои миллат иқдоми сокинони деҳаи мазкурро намунаи ибрат ва амали хайрхоҳонаву ҷавонмардона маънидод намуда, табибону мутахассисонро ба хизмати софдилонаю содиқона барои ҳифзи солимии мардум ҳидоят намуданд.
Дар шафати маркази саломатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 - ро ифтитоҳ карданд. Бинои нави таълимӣ 3 - ошёна буда, барои 480 хонанда пешбинӣ шудааст ва аз синфхонаҳои фаннӣ, китобхона, ошхонаю дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Мавриди зикр аст, ки муассисаи мазкур аввалин мактаб дар деҳаи Паркамчӣ буда, аз соли 1930 то соли 1968 - ум ҳамчун мактаб барои синфҳои ибтидоӣ ва баъдтар то соли 1989 ҳамчун мактаби 7 - сола фаъолият кардааст. Аз соли 1989 ба зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаштани мактаб, барои бошандагони деҳаи Паркамчӣ туҳфаи арзандае гардид, зеро ба ин васила аз пештара дида имконияти таҳсил дар деҳот фарохтар шуду шароитҳо низ хубтар гаштанд. Акнун вобаста ба талаботи замон ва рушди соҳаи маориф дар кишвар,  дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси деҳа ва сокинони ватандӯсти он бинои куҳнаи мактаб ба як иншооти наву замонавӣ табдил дода шуд. Сохтмони бино ҳанӯз моҳи  апрели соли 2018 оғоз гардида,  дар давоми 7 моҳ пурра бо сифати баланд ба истифода дода шуд. Бино бо тарҳи зебои меъморӣ бунёд шуда, ба симои деҳа зебоии дигар зам кард.
 Зимни шиносоӣ, Пешвои миллат ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, барои беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, фаъолияти босамар ва истифодаи судманди имкониятҳои таълимӣ ба омӯзгорон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Қобили зикр аст, ки дар муассиса ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, муваффақиятҳо низ назаррасанд.
Дар таълимгоҳ айни замон 300 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шудааст, ки омӯзгорони соҳибихтисосу ботаҷриба ба онҳо таълим медиҳанд. То имрӯз тариқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара 16 нафар омӯзгори ҷавон аз ҳисоби хатмкардаҳои муассисаҳои соҳавии кишвар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият менамояд.
Мавриди зикр аст, ки баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону шахсони саховатпешаи деҳа дар дастаҷамъӣ барои ободии як гӯшаи диёр камари ҳиммат бастанд.
Дар ин муддат мумфарш кардани 4,5 километр роҳҳои байни деҳаҳо, иваз намудани симчӯбҳои фарсуда бо пояҳои оҳанию бетонии нав, васли чароғакҳои равшанидиҳӣ, бунёди иншооти маишию хизматрасонӣ ва ғайра аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи маҳаллӣ сурат гирифтанд.
Сокинони ватандӯсти деҳа барои истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди дигар иншооти муҳимро идома медиҳанд ва барои шукуфоии диёри хеш саҳми муносиб мегузоранд.
Баъди ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 дар саҳни ҳавлии мактаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳия ва ҳайати омӯзгорону хонандагон мулоқоти самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат ифтитоҳи бинои мактаб ва маркази саломатиро ба сокинон муборакбод гуфта, ба шахсони саховатпешаи ноҳия барои амалӣ кардани иқдомҳои ибратбахш баҳри ободии диёри хеш, изҳори сипос карданд.

Боздид аз Кооперативи истеҳсолӣ - тиҷоратии “Раҳмон Футур”
Дар деҳаи Паркамчии ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти намунавии Кооперативи тиҷоратӣ - истеҳсолии «Раҳмон Футур» шинос шуданд.
Майдони умумии хоҷагӣ дар маҷмӯъ, 439 гектарро ташкил медиҳад ва аҳли меҳнат ба ғаллакорӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ машғул мебошад. Майдони боғоти хоҷагӣ имрӯз тақрибан 100 гектарро дар бар мегирад ва дар он асосан дарахтони меваҳояш ба содирот нигарондашуда шинонда шудаанд. Аз ин майдон 25 гектараш боғи интенсивӣ мебошад ва дар он 10 намуди дарахти себ шинонда шудааст. 75 гектари дигарро дарахтони зардолу, олу, гелос ва нок ташкил медиҳанд.
Қаблан дар ин ҷо токзор буд ва аз он давоми солҳои охир гирифтани ҳосил ғайриимкон гашта, рӯ ба нестшавӣ оварда буд. Дар доираи иҷрои ҳидоят ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2013 дар ин мавзеъ бунёди боғ оғоз гардид. Ҳоло дар доираи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар кооператив 90 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштааст.
Барои бунёди боғ ва таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара асосан заминҳои лалмӣ аз ҳисоби талу теппаҳо аз худ карда мешаванд. Заҳмати пайваста ва равнақ додани соҳаи кишоварзӣ имрӯз аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии сокинони ин ноҳияи аграрии мамлакат маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки танҳо соли 2018 дар доираи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 дар ноҳияи Данғара дар майдони 154 гектар боғу токзори нав бунёд гардид.
Дар ҳамин ҷо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёди боғи меваҳояш содиротӣ дар майдони 100 гектар оғоз гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангури навъи ҳусайнии сиёҳу сафед шинонда, ба кишоварзон дар самти амалӣ намудани ин иқдоми нек барору комёбӣ орзу карданд.
Ҳамчунин, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил ва аз тарафи бонувони ҳунарманд намунаҳои таомҳои миллӣ, намудҳои гуногуни нон омодаву пешниҳод шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар Кооперативи истеҳсолӣ - тиҷоратии “Раҳмон Футур” аз 10 то 15 - тоннагӣ ҳосили бодом, олу ва нок ҷамъоварӣ шуд.
Обёрии майдони боғот бо истифода аз ду пойгоҳи обкашӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз аллакай аз майдони умумии хоҷагӣ тақрибан 70 фоизи он ба ҳосил даромадааст. Ояндаи наздик бо мақсади захира кардани ҳосили боғот барои 2 ҳазор тонна мева сардхона сохта мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хоҷагидорон баҳои баланд дода, кишоварзонро барои идомаи заҳмати пайваста, таъмини рушди дучанди соҳа ва ҳамин гуна бунёду нигоҳубини боғҳои намунавӣ ҳидоят намуданд.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.11.2018    №: 216    Мутолиа карданд: 58

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед