logo

сиёсат

РАҲНАМО ВА КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲО

Ҳамасола, 6 - уми ноябрро ҳамчун рӯзи таърихиву фаромӯшнашаванда ва пурнишот – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегирем. Ин рӯз дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон сафҳаи тозаеро боз намуд. Имрӯз бо ифтихор иброз медорем, ки яке аз бузургтарин дастоварди ҷумҳуриамон ин қабули Конститутсия ба таври раъйпурсии умумихалқӣ мебошад, ки истиқлолияти миллии кишварро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи рушди ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян намуд.
Ифтихори ман ҳамчун шаҳрванд боз аз он аст, ки воқеан ҳам, дар тӯли 24 соли амали ин санади асосии миллӣ арзишҳояш ба куллӣ собит гаштанд. Конститутсияи даврони истиқлол, дарвоқеъ, ифодагари манфиатҳои волои миллату Ватан, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминсозандаи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ ва амсоли он эътироф гардидааст.
Санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки дар заминаи талаботи модда ва бандҳои алоҳидаи Конститутсия қабул гардиданд, дар давоми 24 сол бо назардошти талаботи замон мавриди таҷдиди назар қарор гирифта, мукаммал шуданд. Аз ҷумла, борҳо мавриди таҷдиди назар қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва ба он ворид шудани тағйироту иловаҳо, эътирофи ҳуқуқу озодиҳо ва мақому манзалати шаҳрвандон ва субъектҳои раванди таълиму тарбия мебошад.
Қонун «Дар бораи маориф» ифодагари моддаи 41 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи шаҳрвандонро дар худ ва дигар санадҳои зерқонунӣ таҷассум намудааст. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ», «Дар бораи адабиёти таълимӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҳамчунин, чандин санадҳои дигари дар шакли стратегияву барнома ва консепсияву низомномаҳо қабулгардида,  раванди таълиму тарбияро дар тамоми зинаҳои таълим ба танзим дароварда, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба таҳсил таъмин менамоянд.
Таъкиди барҳақи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи он ки «Қонун бояд дар навбати аввал инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро  ҳамчун арзиши олӣ эътироф ва ҳифз намояд, яъне барои зиндагии хубу шоистаи афроди ҷомеа, фаъолияти пурсамари ташкилоту корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, пешрафти иқтисодиёти кишвар, сулҳу субот, оромии сиёсӣ шароити мусоид фароҳам орад ва самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро ҳаматарафа танзим намояд»,  хеле арзишманданд.
Раҷабалӣ САНГОВ, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.11.2018    №: 216    Мутолиа карданд: 412
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед