logo

иқтисод

НАҚШИ СИФАТ ВА СТАНДАРТ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Рақобати шадиди бозорӣ тақозо дорад, ки корхонаҳои истеҳсолӣ молу маҳсулоти рақобатпазир ва бозгӯ ба талаботи бозори ҷаҳониро истеҳсол карда, сифати  хизматрасониро мувофиқ ба талаботи меъёрҳои стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монанд. Узви комилҳуқуқ будани Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии савдо низ риояи чунин меъёрҳоро талаб мекунад.
Агентии «Тоҷикстандарт» мақомоти миллии соҳаи стандартонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, нақши он  дар таъмини амнияти иқтисодии кишвар калон аст. «Тоҷикстандарт» Тоҷикистонро дар созмонҳои байналмилалии соҳаи стандартикунонӣ муаррифӣ менамояд ва дар ҷумҳурӣ мақомоти пешбаранда ва нигоҳдорандаи  фонди давлатии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - техникӣ мебошад. Айни ҳол дар фонди мазкур зиёда аз 24 ҳазор стандарти байнидавлатӣ, давлатӣ ва байналмилалӣ нигоҳ дошта мешавад. Аз миқдори умумии стандартҳои дар фонд мавҷудбуда 3165 ададро стандартҳои соҳаи кишоварзӣ ва хӯрокворӣ ташкил медиҳанд. Стандартҳои миллии фонди мазкур мунтазам ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг карда мешаванд.
- Стандартҳо ба истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагон хизматрасониеро пешниҳод мекунанд, ки аз рӯи низоми идоракунии «чӣ тавр бояд маҳсулотро коркард намуд, ки дастраси ҳама бошад?» ба роҳ монда мешавад. Стандартҳо дастрасии ҳар шахс-ро ба маҳсулот, сохтор ва хизматрасониҳо осон намуда, дар худ талаботи бехатарӣ, меҳнатшиносӣ ва усулҳои мувофиқашудаи ҳамаи ташхисҳоро, ки ба тавсеаи дастрасӣ равона шудаанд, дар бар мегиранд. Ҳамзамон, барои паҳн намудани навовариҳои технологӣ дар кишварҳои мутараққӣ ва мамлакатҳои дар ҳоли рушд мусоидат намуда, барои рушди бозор ва савдои ҷаҳонӣ кумак менамоянд, - гуфт  Қудрат Давлатзода,  директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Тоҷикстандарт”).
Бамеъёрдарории  техникӣ  ва  стандартонӣ яке  аз равандҳои  ҳамкориҳои  мустаҳками  давлат  ва  институтҳои  ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои  тиҷоратӣ,  муассисаҳои  илмӣ  ва ташкилотҳои  ҷамъиятӣ   мебошад. Стандартҳо бехатарии  мол, кор  ва  хизматрасониро дар  бозори дохилӣ таъмин  намуда,  нақши «Муҳаррики  савдо» - ро  иҷро  мекунанд  ва,  ҳамчунин,  механизми  фаъоли  банизомдарории  соҳаи  иҷтимоӣ ба  ҳисоб  мераванд. Ғайр  аз ин, стандартҳо мустақиман ба савдои  хориҷӣ  таъсир  расонда,  монеаҳои  техникиро  барои ба бозор ворид шудани маҳсулот кам менамоянд. Тибқи  маълумоти  омори байналмилалӣ,  80 фоизи  савдои  ҷаҳонӣ  аз  стандартҳо  вобастагӣ  дорад.
Ҳамчунин, болоравии сифати маҳсулот ва кору хизматрасониҳо  ба ҷорӣ намудани «Низоми менеҷменти сифат» марбут мебошад. Мақсади асосии ҷорӣ намудани ин низом дар корхонаҳои саноатӣ ва хизматрасониҳо, пеш аз ҳама,  фароҳамсозии шароити мусоид барои тавлиди молу маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, дар оянда пур намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифат, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани усулҳои муосир, солимгардонии муҳити зист, сарфаи ашёи хоми истеҳсолӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат мебошад.
- Дар натиҷаи ҷорӣ намудани «Низоми менеҷменти сифат» дар раванди истеҳсолот корхона имкон пайдо менамояд, ки дар миқёси байналмилалӣ шарикони боэътимоди худро пайдо намуда, аз ҳисоби сифатнокии маҳсулот даромади молиявӣ, яъне фоидаи иқтисодии зиёд ба даст орад. Яъне, дар натиҷаи татбиқи дурусти ин низом манфиатҳои иқтисодӣ зиёд гардида, камшавии хароҷот ва афзоиши истеҳсолот ба амал меояд. Барои расидан ба ин дастовардҳо шахсони масъули корхонаву ширкатҳо бояд талаботи стандартҳои байналмилалии силсилаи ИСО 9000 - ро ба хубӣ дарк намуда, ҳар чи зудтар дар корхонаҳои худ ҷорӣ намоянд, - гуфт Абдулвосит Абдураҳмонзода, сардори шуъбаи менеҷменти сифати агентӣ.
  Боиси  хушнудист, ки  имрӯз  сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба  баланд  бардоштани рақобатпазирии  маҳсулоти  ватанӣ,  кор  ва  хизматрасониҳо  нигаронда шудааст ва  ин  барои  рушди  босуботи иқтисодиёти  кишвар  имконият  медиҳад.
“Тоҷикстандарт” дар робита ба  воридшавии ҷумҳурӣ ба СҶС, бо корхонаҳое, ки ба истеҳсолот сарукор доранд ва асосан маҳсулоти худро ба хориҷ содирот менамоянд, ҳамкориҳоро тақвият додааст ва барои таъмин намудани онҳо бо стандартҳои байналмилалӣ, ки омили асосӣ барои содироти маҳсулот ба ҳисоб мераванд, тадбирҳо меандешад. Бо мақсади  ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд. Ҷиҳати баланд бардоштани сифат ва бехатарии маҳсулоти истеҳсолӣ  дар 222 корхонаи  ватанӣ, аз ҷумла дар соли 2018 дар 25  корхона, корҳои сертификатсионӣ  ба сомон расонда шуданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2018    №: 217    Мутолиа карданд: 157

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед