logo

иқтисод

САНГВОР. МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ФАРОВОН ШУД

Дар ноҳия  ҷиҳати  саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти ғизоии кишвар ва  рушди соҳаи кишоварзӣ ба васеъ намудани  майдони кишт ва афзудани  маҳсулоти кишоварзӣ диққати ҳамаҷониба дода мешавад.
Темур Қурбонов, муовини раиси ноҳия,  изҳор  дошт, ки диёри  Сангвор  аз минтақаҳои барои пешрафти бахши кишоварзӣ мусоид  ба шумор рафта, зиёда аз 70 дарсади аҳолии қобили меҳнат дар ин соҳа фаъолият мекунад. Ҳамин  аст, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ноҳия то имрӯз ба 77,1 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 миллион  сомонӣ зиёд мебошад.
Кишоварзони ноҳия баҳори соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  2820 гектар зироатҳои кишоварзӣ кишт намуданд. Аз ин, ғалла қариб 15 ҳазор гектар, картошка 765,  сабзавот 191, зироатҳои техникӣ 35 ва  алафҳои хӯроки чорво 40 гектарро дар бар мегирад. Ҳамчунин,  25 гектар боғи нав бунёд гардид. Барои боз ҳам вусъат бахшидани кишту парвариши зироатҳои кишоварзӣ ҳоло  дар ноҳия наздики 1000 гектар кишти тирамоҳӣ ба нақша гирифта шуд. Айни замон  кишти тирамоҳӣ дар ин минтақаи дурдасти ҷумҳурӣ бомаром идома дорад
Имсол аз ҳар гектар картошказор  230,9 - сентнерӣ ҳосил рӯёнда шуд. Дар  ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия  то имрӯз ғалла ба 52 ҳазор  тонна,  сабзавот  беш аз 1,5 ҳазор тонна  ва  картошка қариб ба  18 ҳазор тонна  расонда шудааст. Ҳамчунин, гӯшт наздики 1300  тонна,  шир беш аз  2800,  асал  304,  тухм 1 миллиону 165 ҳазор дона  ва пашм 21 тонна истеҳсол гардидааст. Ба ин васила ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ба 100  миллиону 200  ҳазор  сомонӣ  баробар гардид, ки 77,1 миллиони  он ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд.
Кишоварзон ҷиҳати омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018 - 2019 , инчунин,   24513 тонна (104 дарсад) хошоки  хӯроки чорво ҷамъоварӣ карданд. Шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат барои  боз ҳам рушди соҳаи кишоварзии ноҳия  заминаи устувор гузоштааст. Аҳли заҳмати ноҳия низ кӯшиш доранд, ки беш аз ҳарвақта дар таъмини амнияти ғизоии аҳолии ҷумҳурӣ саҳм гузоранд.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2018    №: 217    Мутолиа карданд: 166

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед