logo

иҷтимоиёт

ВАРЗИШ – ОМИЛИ ҶАЛБИ МАЪЮБОН БА ҲАЁТИ ҶАМЪИЯТӢ

Дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Роҳбарияти Олии мамлакат ба масъалаи таъмини ҳуқуқу озодии шахсони маъюб ва дастрасии эшон ба хизматрасониҳои тандурустӣ, тавонбахшӣ ва таҳсилот таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ба тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ҳамин аст, ки моҳи апрели соли 2017 бо дастгирии Фонди “Абилис”-и Финляндия дар назди Иттиҳодияи миллии нобиноён Федератсияи шашкаю шоҳмоти маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Тавре сарвари он Муҳиддин Бобоев иброз дошт, шашкаю шоҳмот аз он навъҳои варзишанд, ки маъюбон низ метавонанд дар баробари шахсони солим ба он машғул шаванд. Дар ин намудҳо метавон байни маъюбон беҳтарин чеҳраҳоро дарёфт кард. Барои мисол, Суҳроб Ҳамдамов аз Иттиҳодияи миллии нобиноён қаҳрамони ҷаҳон оид ба шоҳмот миёни биноиашон сустбуда, варзишгарони наврасу ҷавон, ба монанди Дилрабо Тӯрдиева, Аниса Амирхон, Амин Аброров, Юнус Сидиқов ва Маҳмудҷон Нуров, қаҳрамонҳои бисёркаратаи Тоҷикистон миёни шахсони солим мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки айни замон Федератсияи шашкаю шоҳмот дар ҳамкорӣ бо Сафорати ИМА лоиҳаи “Варзиш барои тағйирдиҳӣ – имконпазир намудани варзиш ба одамони маъюб тавассути варзиши фарогир”-ро дар ду марҳила амалӣ намуда истодааст. Дар доираи он, бори нахуст мусобиқаи фарогир оид ба шашкаю шоҳмот миёни шахсони имконияташон маҳдуд ва солим баргузор гашт, ки дар он 84 нафар иштирок намуда, 30 нафарашон бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Хурсандиовар аст, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи маъюбон ба варзиш беш аз пеш меафзояд ва онҳо на танҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, балки  байналмилалӣ низ иштироки фаъол доранд. Аз ҷумла, соли 2017 дар Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни шахсони имконияташон маҳдуд, ки дар шаҳри Бишкек доир гашт, Суҳроб Ҳамдамов (Иттиҳодияи миллии нобиноён) медали тилло, Амин Аброров (Ҷамъияти маъюбон) медали нуқра ва Баҳодур Абдуллоев (Ҷамъияти ношунавоён) медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳамчунин, моҳи ноябри соли гузашта варзишгарони маъюби тоҷик дар шаҳри Тошканд дар мусобиқаи байналмилалии шашкаю шоҳмот байни нобиноён ва биноиашон суст мақоми 2 - юмро касб намуданд.
- Муваффақиятҳои бадастомада бозгӯи онанд, ки варзишгарони мо метавонанд ба натиҷаҳои аз ин ҳам беҳтар ноил гарданд. Фақат онҳоро бояд дастгирӣ кард, то тавонанд маҳорати касбии хешро сайқал бидиҳанд. Ба ин васила, худро узви ҷудонашавандаи ҷомеа ҳисобида, ба ояндаи нек устуворона гом ниҳанд, - мегӯяд Муҳиддин Бобоев.
Умед аст, ки варзишгарони маъюби тоҷик дар оянда низ дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба шашкаю шоҳмот иштирок карда, бо дастовардҳову комёбиҳои хеш нуфузи мамлакатро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар мебардоранд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2018    №: 217    Мутолиа карданд: 81

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед