logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИИ СААД

8 ноябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев иштирок карданд.
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ масъалаҳои вобаста ба ҳамгироии давлатҳои аъзои созмон дар доираи узвият дар он ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ҳисоботи котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба амнияти дастаҷамъӣ ва рафти иҷрои қарордодҳои ҷаласаи қаблии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар моҳи ноябри соли 2017, доир ба самтҳои ояндадори фаъолият дар давраи раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар масъалаҳои муҳими марбут ба таъмини амнияту суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуданд, ки дар ҷаҳони имрӯза хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ афзун гардида, тақвияти бештари ҳамгироии давлатҳои аъзои созмонро дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби аср тақозо менамояд.
Ба таври мушаххас аз афзоиши гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва вазъи мураккаби сиёсию ҳарбӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ шуд.
Дар ин зимн, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои созмонро ба таҳкими сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон, ки сарҳади ҷанубии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ маҳсуб меёбад, рафти татбиқи минбаъдаи Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ “Дар бораи расондани кумак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон” ва вусъат бахшидани таҳияи лоиҳаи “Барномаи мақсадноки байнидавлатии таҳкими сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон” ҷалб намуданд.
Муҳимияти тақвияти муборизаи муштарак бо дигар зуҳуроти номатлуби аср, бахусус муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккилу фаромиллӣ низ таъкид гардид.
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Изҳороти Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Изҳороти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ “Дар бораи чораҳои ҳамоҳангшуда нисбати нафароне, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалии террористӣ дар муноқишаҳои ҳарбӣ иштирок намудаанд” ва 18 қарори дахлдори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ доир ба ҳамгироии минбаъда дар самтҳои гуногун ба имзо расиданд.
Рафти баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма натиҷагирӣ шуд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2018    №: 218    Мутолиа карданд: 487
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед