сиёсат
ДУШАНБЕ. МУАРРИФИИ ЛОИҲАҲОИ ИНШООТИ НАВ ДАР КӮЧАИ АЙНӢ
9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо лоиҳаҳои иншооти нав, аз қабили биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, ки асосан дар кӯчаи Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи «Дӯстии Халқҳо» бунёд мешаванд, шинос гардида, ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои меъморӣ сохтани он ба масъулони сохторҳои дахлдори шаҳр ва ширкатҳои сохтмонию лоиҳакашӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Зимни муаррифии тарҳи иншооти бунёдшаванда ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи «Дӯстии Халқҳо» дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида, дар давоми ду сол бунёди зиёда аз 50 бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар масоҳати 42 гектар бо фарогирии марказҳои савдою хизматрасонӣ барои беш аз 25 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин нишондод 19 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурӣ дар ду шафати роҳи асосӣ бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир сохта мешавад.
Биноҳои истиқоматии сохташаванда накамтар аз 12 ошёна буда, дар идомаи ташаббусу иқдомҳои созандаи шаҳрдорӣ, ки тайи ду соли охир боиси ба куллӣ дигаргун шудани симои пойтахт гардидаанд, бо бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба монанди майдончаҳои бозии кӯдакон, боғчаҳои бачагона, мактаб, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ ва шабакаи обу корез ба нақша гирифта шудаанд.
Ҳамчунин, дар ҳамин кӯча бинои нави маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сохта мешавад. Тибқи дурнамо сохтмони биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15, коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова дар назар аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намудани иқдоми мазкурро дар фароҳам овардани шароити аз ин ҳам беҳтари кору зиндагӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки сохтмони тамоми иншоот дар муҳлати муайяншуда бо риояи тамоми талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба анҷом расонда шавад.
Ҷиҳати васеъ намудани роҳҳо, чароғонсозии кӯча, биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ ва кабудизоркунии муҳити атроф низ супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Айни замон, дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт сохтмони чор бинои 16 - ошёна, ки аз лиҳози тарҳи меъморӣ дар шаҳр беназир аст, дар ҳоли анҷомёбист.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикршуда моҳи августи соли 2017 оғоз гардида буданд ва тибқи маълумоти кормандони сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хонаҳои истиқоматии ин чор бино дар маҷмӯъ, беш аз 60 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳанд ва баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанашон садҳо нафар сокинони пойтахт соҳиби манзили зист хоҳанд шуд.
Сокинони пойтахт мегӯянд, ки бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир бунёд гардидани иншооту биноҳо, боғу гулгаштҳои замонавӣ ва таҷдиду навсозии хиёбону кӯчаҳо ба шаҳри Душанбе воқеан ҳусни тоза бахшидаанд.
Боиси хушҳолист, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тайи солҳои охир симои пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, ҳамчунин, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси он бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, то таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.11.2018 №: 219 Мутолиа карданд: 191