logo

сиёсат

ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР 7 МАКТАБИ ПОЙТАХТ

9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо лоиҳаҳои бунёди муассисаҳои таълимии муосир шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаби нав санги асос гузоштанд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳо ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури пойтахт аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватандӯст бунёд карда мешаванд.
Ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи 7 мактаби нав муаррифӣ шуд. Як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2560 нафар дар ду баст дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Сино, мактаб бо 2560 ҷой дар ҳудуди тараққиёти шаҳри Душанбе, мактаб бо 2560 ҷой дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мактаб бо 2400 ҷой дар маҳаллаи 65 - уми ноҳияи Фирдавсӣ, мактаб бо 2400 ҷой дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 бо 2400 ҷой дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 бо 2400 ҷой дар ду баст дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд карда мешаванд.
Имрӯз, дар маҷмӯъ, аз ҷониби Пешвои миллат барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаб бо 17 ҳазору 80 ҷойи нишаст санги асос гузошта шуд. Айни ҳол дар шаҳри Душанбе бунёди панҷ мактаби муосир идома дорад.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ, 22 мактаби наву замонавӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст бунёд  мешавад, ки ин талаботи ноҳияҳои пойтахтро барои бо ҷойи нишаст таъмин кардани хонандагон пурра қонеъ мегардонад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14, ки имрӯз лоиҳаи бунёди он ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ шуд, дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 апрели соли 2017 аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати қариб 1 гектар сохта мешавад. Мактаб аз чор иншооти се ва чорошёна иборат буда, барои 2200 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Дар ҳудуди иншоот майдонча барои машқҳои варзишӣ, нуқтаи назоратӣ, таваққуфгоҳ барои мошинҳо, дар ошёнаҳои он бошад, ошхона бо ҳуҷраҳои ёрирасон барои 215 хонанда, толори варзиш бо 200 ҷойи нишаст, синфҳо барои таълими меҳнати духтарон ва писарон, синфхонаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ, маҳорати ҳарбӣ, компютерӣ, рассомӣ, мусиқӣ, озмоишгоҳҳои физика, кимиё ва биология сохта мешаванд. Дар бинои мактаб китобхона бо толори хониш, анбори китоб ва толори маҷлис бо 350 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидаанд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳои сохтмони 7 мактаби наву замонавӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои иҷрои корҳои босифати   сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар пойтахт аз ҳадафҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои таъмини хонандагон бо шароити муосири илмомӯзӣ ва беҳтар кардани сифати таълиму тарбияи насли навраси кишвар мусоидат мекунад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2018    №: 219    Мутолиа карданд: 200

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед