logo

сиёсат

10 НОЯБР. РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК

10 ноябр ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомади бошукӯҳи идона бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик бо ворид шудани Сарвари давлат ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат ва ҳозиронро ба ифтихори ҷашни касбиашон - Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик карда, аз ҷумла таъкид намуданд: “Кормандони милитсияи тоҷик дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90 - уми асри сипаришуда вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташударо бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шуҷоату мардонагии садҳо нафар кормандони содиқи мақомоти корҳои дохилӣ, ки барои таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомеа ҷоннисорӣ кардаанд, ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки мардуми сипосгузори Тоҷикистон хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медоранд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Ҳукумати мамлакат хизматҳои кормандони мақомотро ҳамеша қадрдонӣ мекунад ва барои беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ тадбирҳои муассир меандешад.
Танҳо дар давоми ҳафт соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби Буҷети давлат беш аз 150 фоиз афзуда, музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна яку ним баробар зиёд гардидааст. Дар ин муддат беш аз 700 нафар корманд ва оилаҳои бесаробонмондаи кормандони милитсия бо манзили истиқоматӣ ва зиёда аз 2600 нафар бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шудаанд.
Бо фармонҳои Президенти мамлакат дар даврони истиқлолият 60 нафар, аз ҷумла дар ҳафт соли охир 23 нафар бо рутбаҳои олии афсарӣ ва 281 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонда шудаанд.
Таъкид шуд, ки дар давоми ҳафт соли охир даҳҳо иншооту биноҳои маъмурии сохторҳои мақомот, аз ҷумла шуъбаҳои вазорат дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Ваҳдат, Рашт, Шаҳринав, Шамсиддини Шоҳин, Сангвор ва қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ сохта ва ба истифода супурда шудаанд.
Зимни суханронии худ Пешвои миллат оид ба вазъияти мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои минтақа андеша ронда, таъкид доштанд, ки дар чунин шароит милитсияи тоҷик, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиву касбиро аз даст надода, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ ба таври қатъӣ мубориза баранд.
Ҳамзамон, дар суханронии худ Сарвари давлат барои таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, гардиши ғайриқонунии силоҳ, таъмини риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва масъалаҳои дигар дар назди мақомоти корҳои дохилӣ вазифаҳои муҳим гузоштанд.
Дар интиҳои суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, дар ҷодаи хизмати бошарафу пурмасъулият ба нафъи давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон ба ҳар яки онҳо саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барори кор орзу намуданд.
Ҷамъомади тантанавиро ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик барномаи рангини консертии устодони санъат ва ҳунармандони ансамбли “Сипар” - и назди Вазорати корҳои дохилӣ хотирнишин кард.

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2018    №: 219    Мутолиа карданд: 608
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед