Хабарҳо
Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд
АН Podrobno.uz. Суди вилояти Оқтеппаи Қазоқистон мурофиаи судии парвандаи ҳалокати 52 шаҳрванди Ӯзбекистонро, ки дар автобус рух дода буд, анҷом дод. Ҷавобгар се ронандаи автобус, механик ва муассиси корхонаи нақлиётӣ дониста шуданд.
Автобус субҳи 18 январ бо ӯзбекони озими Россия дар роҳи Самара - Шимкент оташ гирифт. Танҳо ду мусофир наҷот ёфт. Баъдтар аниқ шуд, ки истифодаи лампаи лаҳимкорӣ дар дохили автобус боиси фоҷиа шудааст.
Суд ронандаҳоро гунаҳгор бароварда, панҷсолӣ аз озодӣ маҳрум кард. Механик ва муассиси корхона сеюнимсолӣ ҳукм гирифтанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 146