Хабарҳо
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Юе Бинро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин аз дастовардҳои ду кишвари ҳамҷавору дӯст дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, нақлиёт, саноат, маориф, илмӣ-техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо, инчунин, доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ШОС, МҲТБО, табодули афкор намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 136