logo

маориф

ЯК НИШАСТИ МУҲИМ

Чанде пеш дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф таҳти унвони «Мустаҳкамгардонии системаи иттилоотии идоракунии маориф барои мониторинги мақсадҳои ҲРУ – 4» баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони созмонҳои байналмилалии ЮНЕСКО, СММ, вазоратҳои маориф ва илми ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Гурҷистон, Муғулистон, Корея ва Чин иштироку суханронӣ намуданд.
Муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Сайфиддин Давлатзода дар хусуси раванди низоми иттилоотии соҳаи маориф сухан ронда, зикр намуд, ки ҳадафи асосии баргузории симпозиуми мазкур таъмини муҳити мусоид барои фаъолияти идоракунӣ дар Вазорати маориф ва илм, кормандони идораю мақомоти сохторӣ, таҳия ва тадвини иттилооти омори таҳсилот дар заминаи мустаҳкамгардонии низоми идоракунии соҳаи маориф маҳсуб меёбад.
Истифодаи ҳадафмандонаи технологияи иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар замоне, ки тамоми соҳаҳои идоракунии мақомоти кишварҳо ба он иртиботи амиқ доранд, бавижа дар соҳаи маориф хеле муҳим аст. Раванди иттилоотонии идоракунии маориф бо истифода аз васоити технологияи навтарини муосир маҳз аз муассисаҳои таълимӣ сарчашма мегирад. Аз ин лиҳоз, татбиқи самарабахш ва амалии барномаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар таълимгоҳҳо дар мадди аввал қарор мегирад.
Директори бюрои минтақавии уқёнуси Орому Осиёии ЮНЕСКО дар соҳаи маориф Шигеру Асояги, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибха Мехта, директори шуъбаи иттилоотии Академияи хадамоти таҳсилотӣ, илмию пажӯҳишӣ  ва иттилоотии Корея Синхюн  Ян сухан ронда, иброз  доштанд, ки соли  2015  дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид ҷомеаи ҷаҳонӣ аз пешниҳод ва қабули масъалаи  Барномаи  рушди устувор то соли 2030, ки 17 барномаро дар самти инкишофи таҳсилоти  инклюзивӣ  ва  босифат  дар бар мегирифт, истиқбол намуд. Шурӯъ аз соли 2011 созмони ЮНЕСКО симпозиуми кишварҳои Осиёи Марказиро оид ба истифодаи  технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф ташкил ва баргузор менамояд. Аз ҷумла, соли 2016 симпозиуми зикршуда дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардида буд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи институти таҳлилии низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маориф баҳри мониторинги нишондиҳандаи рушди устувор ташкил карда шудааст, ки сари вақт маълумоти омориро дар соҳаи маориф таҳия ва омода менамояд.
Дар рӯзҳои дуюму сеюми симпозиум мавзӯъҳои зиёде, ки ба масоил ва мушкилоти барномаи пешниҳоднамудаи ЮНЕСКО дар ин самт бахшида шуда буданд, баррасӣ ва муҳокима гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2007 Ҳукумати кишвар Консепсияи системаи иттилоотии идоракунии соҳаи маорифи ҷумҳуриро қабул кард. Тибқи консепсия системаи иттилоотии идоракунии маориф коркард ва роҳандозии системаи миллии идоракунии соҳаи маориф дар чор марҳала  амалӣ мегардад.
Б. БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2018    №: 221    Мутолиа карданд: 300

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед