logo

иҷтимоиёт

ВАРЗОБ. ХАТИ НАВИ БАРҚ ДАР КӮКТЕППА

26 январи соли 2018 (№ 21) дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» матлаб бо номи «Кӯктеппа. Бебарқии сокинон аз бемасъулиятии роҳбарон аст», ки дар асоси номаи шикоятии сокинони маҳалла таҳия шуда буд, ба табъ расид. Гап сари он мерафт, ки сокинони маҳаллаи номбурда солҳои тӯлонӣ бо сабаби набудани хати барқ аз истифодаи ин неруи зиндагибахш истифода карда наметавонистаанд. Баъди чопи матлаб, роҳбарияти тозатаъйини ноҳия ваъда дода буданд, ки дар муддати кӯтоҳ мушкили мардумро рафъ месозанд...
Ва, инак, 10 ноябр дар деҳаи Кӯктеппаи Ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳия Муҳаммадулло Шерализода, намояндагони ширкати «Барқи тоҷик» ва сокинони ҷамоати деҳот дар фазои тантанавӣ хати барқ гузаронда шуд.
Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба хабарнигори рӯзнома гуфтанд, ки пас аз нашри матлаб барои аз наздик шинос шудан бо вазъи мавҷуда ва вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Кӯктеппаи Ҷамоати деҳоти Зидеҳ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Масъулони соҳа муваззаф шуданд, ки роҳҳои бо харҷи камтар сохтан ва гузарондани хати барқро ба деҳа омӯхта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ширкати «Барқи тоҷик» барои барқрасонӣ ба ин деҳа лоиҳаи сармоягузорӣ ва ё гранти хориҷиро дарёфт ва ҷалб намоянд. Аз ин рӯ, 3 феврали соли 2018 вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳаи Кӯктеппа баргузор гардид.
Баҳриддин Нозимзода, муовини раиси ноҳия, гуфт, ки новобаста аз камбудиҳои ҷойдошта бо талоши роҳбарияти ноҳия дар арафаи ба истифода додани агрегати аввали иншооти аср - НБО - и Роғун ва дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар як муддати кӯтоҳ ин иқдоми нек ҷомаи амал пӯшид. Сарпарасти иқдом ШСХК «Барқи тоҷик» буд. Корҳои сохтмонӣ, васлкунӣ ва кашидани хати барқро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмони барқи Душанбе» ба анҷом расонд. Масофаи хати барқ 3,7 километрро ташкил дода, 68 симчӯби оҳаниву бетонӣ ва зиёда аз 11 ҳазор метр сим гузаронда шуд. Маблағи лоиҳавӣ 726 ҳазор сомониро ташкил дод.
214 нафар сокини деҳа (23 хоҷагӣ) бо неруи барқи офтобӣ таъмин буданд. Дар ин деҳаи дурдасти кӯҳӣ офтоб кам буд, аз ин лиҳоз, таҷҳизоти барқистеҳсолкунандаи офтобӣ самари хуб намедод. Инчунин, дар деҳа неругоҳи барқи обии хурд низ дар фасли сармо кор намекард. Яъне, кӯктеппагиён дар сардӣ бе барқ мемонданд.
Саид Саъдуллоев, вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз деҳаи Кӯктеппа, гуфт, ки қатъи назар аз муроҷиатҳои пай дар пай солҳои тӯлонӣ ваъдаҳо дар рӯи коғаз мемонданд. Сокинони деҳа аз даврони шӯравӣ то ҳол муроҷиат мекарданд. Муроҷиати сокинони деҳа пас аз соли 2010 (пас аз гузарондани хати барқи баландшиддат) афзуд. Ба хулосае омадем, ки ҳоламонро ба Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» арз намоем. Хурсандиовар аст, ки роҳбарияти имрӯзаи ноҳия арзи моро шунида, ин иқдоми хайрро амалӣ сохтанд. Хеле рамзист, ки ин падидаи тоза дар арафаи ба кор оғоз кардани агрегати якуми НБО Роғун ба вуқӯъ пайваст. Роҳбарон ба ваъдаи худ вафо карданд. Мо ҳам дучанд кӯшиш мекунем, ки дар ободонии ин диёри аҷдодӣ бо тавони қудрате, ки дорем, саҳми худро гузорем…
Замони ба истифода додани хати неруи барқ сокинони деҳа шодиву хурсандӣ менамуданд. Аз наврасе пурсидем, ки «Имрӯз чӣ рӯз аст?». Наврас бо шодии ба худ хос гуфт: «Тӯйи «барқ» дорем».
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият» 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2018    №: 221    Мутолиа карданд: 168

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд

Тоҷикистон. Барои табобати Осия Зулфонова аз Олмон табиб оварданд

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Беларус ба бозор мебарояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед