logo

сиёсат

16 НОЯБР. РӮЗЕ, КИ БАХТ БА РӮИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ХАНДИД

Яке аз санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми мо - ин баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Онро метавон ҳамчун воқеаи наҷотбахши миллат ном бурд.
Маҳз ба шарофати он мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расид. Бо баргузории он заминаи мусоиде барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар кишвар ва, ҳамчунин,  эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овард. Иҷлосия барои миллати тоҷик, иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот бахшида, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пойдор сохт ва барои пойдории ваҳдати миллию истиқрори сулҳ нақши созгоре гузошт.
Имрӯзҳо маҳз ба шарофати сулҳу суботи комил, ки аз он рӯзи таърихӣ сарчашма мегирад, пешравиҳо дар тамоми соҳаҳо ба назар мерасанд. Мардуми сарбаланди мо дар фазои сулҳу суботи комил кору зиндагӣ доранд ва барои ободию шукуфоии кишвари азизамон ҷаҳду талош мекунанд. Нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ батадриҷ боло рафт.
Пешвои муаззами мо новобаста аз вазъи мураккаби кишвар ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба соҳаи фарҳанг ва рушду эҳёи он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, то ба имрӯз дар ин самт, як қатор қонуну қарор ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд. Онҳо зина ба зина амалӣ шуда истодаанд, ки мақсад аз он фароҳам овардани фазои хуби маънавӣ дар кишвар мебошад.
Дар ҳама давру замонҳо ҷойгоҳи илму фарҳанг дар ҳаёти мардум бузург буд. Фарҳанг қудратеро дорост, ки инсонҳоро ба ҳам меорад, миллатҳоро бо ҳам мепайвандад, инсониятро аз ҷаҳолат дур сохта, ба бунёдкорию созандагӣ ҳидоят менамояд. Ин рисолат дар ҳеҷ давру замоне қимати худро гум накарда, баръакс, муҳимтару созандатар мегардад.
Пӯшида нест, ки бисёре аз бадбахтии инсонҳо аз бемаърифатию бефарҳангӣ сарчашма мегиранд. Мисоли инро мо дар вазъи ноҷӯри сиёсии ҷаҳон, алалхусус Афғонистони ҳамсоя, Яман ва Сурияву Ироқ мебинем. Ҷинояткорони ифротӣ дар ин минтақа баробари ишғоли дилхоҳ шаҳре, ибтидо ба нест кардани ёдгориҳои бостонӣ машғул мешаванд. Мактабу китобхонаҳоро оташ мезананд.
Дар иртибот ба ин, сад дарсад бо боварӣ метавон гуфт, ки дар кишвари мо заминаи хуби фарҳангӣ фароҳам омадааст. Мардум, махсусан наврасону ҷавонони миллатро, ки ояндаи Ватан ба онҳо вогузораст, ба китобхонию китобдӯстӣ, рафтан ба китобхонаҳо, тамошои театрҳо бояд ҷалбу ҳавасманд намоем. Ба шарофати сулҳу суботи комил кормандони муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ бо маром фаъолият намуда, дар пойдории истиқлолият ва ваҳдати миллӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. 
Акбар АБДУСАМАДОВ, корманди Агентии миллии
Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти
китоб - Хонаи китоби Тоҷикистон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2018    №: 221    Мутолиа карданд: 296

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед