logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲОМӢ ВА РОҲНАМОИ ҶАВОНОН

Таърих гувоҳ аст, ки дар даврони бесарусомониҳо ва рӯзгори шикастарӯҳии мардуми мо, баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайки наҷот буд. Зеро ин анҷумани саодатофар ба халқи тоҷик дар симои фарзанди фарзонаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари хирадманду наҷотбахши миллатро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишт насиб гардонд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо садоқати бепоён нисбат ба халқу миллати худ зимоми идораи давлатро дар замони бисёр ҳассос бар уҳда гирифта, шуълаи умед ба фардои дурахшонро дар замири халқ фурӯзон намуданд. Ин сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ дар муддати кӯтоҳи таърих оташи ҷанги хонумонсӯзро хомӯш намуда, сулҳу ваҳдати миллиро истеҳком бахшиданд ва кишвари азизи моро ба шоҳроҳи тараққиёт раҳнамун сохтанд.
Президенти маҳбуби кишвар дар доираи сиёсати хирадмандонаву ояндасози худ принсипҳои бунёдии сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва рӯҳи ҷавонон мувофиқ сохта, ваҳдати байни ҳамдигариро густариш бахшиданд. Дар марҳилаҳои гуногуни рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатӣ дар ин бахш қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, консепсияву стратегияҳои давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон қабул гардиданд, ки дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим бозиданд. Татбиқи як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои муаззами миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ба вазифаҳои масъули роҳбарикунанда таъйин гардидани ҷавонони лаёқатманд, эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон нишони таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба насли ояндасози кишвар аст.
Пешвои муаззами миллат ҳамеша ба ҷойгоҳ ва нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангиву иҷтимоии мамлакат баҳои баланд дода, аз ҷумла дар як суханронии худ зикр намуданд: “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, зеро ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар - Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.         
Ин нуктаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, рӯҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавонони саодатманди диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозанд, то ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем.
Ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод ва пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талош доранд. Ва бояд чунин бошад. Зеро дастгириву ғамхориҳои беназири Пешвои муаззами миллат дар ҳаёти ҷавонони кишвар як раванди бесобиқа аст. Бо дарки ҳамин ҳақиқат ҷавонони баору номуси кишварро зарур аст, ки дар пайрави ба мактаби бузургу ватандӯстонаи Президенти маҳбуби кишвар дар татбиқи ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ҳамеша иштироки фаъолона дошта бошанд.
Насиба ИСЛОМОВА,
корманди дастгоҳи Суди Олии
иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2018    №: 222    Мутолиа карданд: 277

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед