logo

сиёсат

ҲУМОЮН БОД, РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ!

9 декабри соли 2015. Дар ин санаи таърихии миллати куҳанбунёди мо мардуми Тоҷикистон фарзанди баруманди хеш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расман ба мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат баргузид.
Воқеан, шахсияте, ки барои Ватан, пешравии кишвар, накуаҳволии мардум, эҳёи тамаддуну фарҳанг талошу хидматҳои мондагор кардааст, ба чунин мақоми баланд сазовор аст. Пешвои миллат баландтарин мақомест, ки миллат ба фарзанди сарсупурдаи хеш лоиқ медонад.
Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи сангини таърихӣ ба сари қудрат омад ва масъулияти баланди роҳбарии мамлакатро бар уҳда гирифт. Дар замоне, ки Тоҷикистон чун ашк дар сари мижгон меистод, ӯ тавонист мардумро сарҷамъ ва давлатро аз парокандагӣ наҷот диҳад. Мардум ӯро нахуст “Президент”,  баъдан “Фарзанди фарзонаи миллат”, “Президенти мардумӣ”,  ва билохира, “Пешвои миллат” хонданд.
Хизматҳои ин марди шариф дар роҳи созандагию бунёдкорӣ беназир аст. Оид ба корнамоиҳои ҷасурона ва қаҳрамононаи Сарвари давлатамон дар он давраи душвор сиёсатмадорони бузурги Ғарбу Шарқ, олимону нависандагон суханҳои арзанда гуфтаанд.
Аз ҷумла, шодравон Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст: “Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дод  ва саҳми асосии Тоҷикистон ин эҷоди сулҳ мебошад”.
Президенти Федератсияи Россия В. В. Путин гуфтааст: “Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста аст  ва дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест, тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои халқҳову мамолики дигар”.
Яке аз сиёсатмадорони ҷаҳони муосир собиқ Президенти Фаронса Жак Ширак гуфтааст: “Мардуми Фаронса ҳеҷ гоҳ мавқеи устувори Президенти Тоҷикистонро, ки ба фарҳанги ғанӣ ва бузурги сиёсиву маънавии халқи тоҷик такя мекунад, фаромӯш нахоҳад кард”.
Эътироф ва арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҷаҳони имрӯз таҷрибаи ин шахсияти барӯманд ва сиёсатмадори варзидаро дар ҳалли мушкилоти сиёсию иқтисодии байналмилалӣ, хосса бартараф кардани ихтилофоти байниҳамдигарӣ дар роҳи таъмини сулҳу амният ва суботи умумибашарӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат номбардори  на танҳо тоҷикони дохили кишвар, балки тамоми ҷаҳонанд. Агар Исмоили Сомонӣ дар таърихи сари қудрат омаданаш, худро “Девори Бухоро” эълом дошта бошад, пас Эмомалӣ Раҳмон “Сипари тоҷикон” аз ҳамаи хатару офатҳои дохиливу берунианд. Ҳумоюн бод, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Рӯҳафзо МИРАКОВА, омӯзгор аз шаҳри Душанбе

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2018    №: 222    Мутолиа карданд: 680
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед