logo

сиёсат

НБО - И РОҒУН. ТО ГАРДИШИ ЧАРХАИ АВВАЛ ЯК РӮЗ МОНД

Гузашти фосилаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар лаҳзаву ҳар соат аз афзудани эҷоди корномаҳои созандаву бунёдкорона башорат мерасонад, ки ҳамагӣ ба пайкор ва талошу ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунанд. Давоми чанд соли охир, мардуми сарбаланди Тоҷикистон шоҳиди он гардида истодаанд, ки мо марҳила ба марҳила ба иҷрои ҳадафмандона ва анҷоми муваффақонаи  ҳадафҳои стратегии таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мерасем.
Фурсат моро ба оғози фаъолияти яке аз бузургтарин иншооти аср – ифтитоҳи чархаи аввали Неругоҳи барқи обии Роғун расонд, ки бегумон метавон ин рӯйдоди муҳими таърихиро сароғози корномаҳои созандаи мардуми тоҷик таҳти раҳнамоиҳои Пешвои миллат ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон намуд. Бо бунёди пурраи ин иншооти муҳими аср, ки дар баробари табдили кишвари мо ба манбаи нур аҳамияти бузурге барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамҷавори мо дорад, марҳилаи дигари таҳкими истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон фаро расида, ҳамкориҳои кишвари мо бо мамлакатҳои дӯст ва бародари ҳамҷавор боз ҳам тақвият касб мекунанд.
Дар ҳақиқат, ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 - уми декабри соли 2017, № 968 “Дар бораи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” марҳилаи навини  корномаҳои созандаву бунёдкоронаро дар мамлакат оғоз бахшид. Ҳарчанд то фарорасии ин рӯйдоди бисёр нодири таърихии миллати мо ҳанӯз наздик ба се соли дигар  ҳаст, аммо ин тадбири наҷибро ҳар як сокини бонангу ори мамлакат бо ихлосу иродат истиқбол намуда, барои гузоштани саҳми арзандаи хеш дар ободонии ҳар гӯшаи кишвари азиз иқдом менамояд. Имрӯзҳо дар саросари Тоҷикистони азизи мо эҳсос мешавад, ки мардуми сарбаланди мамлакат ин иқдоми наҷиби Пешвои миллатро бо муҳаббату иродаи тамом чун ташаббуси таъминкунандаи сарсабзиву шукуфоӣ, равнақи бунёдкорӣ истиқбол намудаанд, зеро мо ҳамагон борҳо аз калому паёмҳои Пешвои миллат тафсири ҳақиқати ин ташаббуси наҷибро шунидаем, ки ҳадаф аз эълони барномаҳои созанда ба истиқболи ин ҷашни бузург,  пеш аз ҳама, таъмини баробарии рушду ташаккули тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон ва дар ин фурсати кӯтоҳ ба сарзамини саршори шукуфоиву нусратҳо, ободону хуррамтар аз имрӯз табдил додани тамоми қаламрави кишвар маҳсуб меёбад. Истиқболи самимонаи мардум аз ин иқдомот ва ғояву ормонҳои Пешвои миллат аллакай боиси он гардида истодааст, ки соҳибкорону шахсони ватандӯст, чеҳраҳои сиёсиву ходимони давлатӣ дар навбати аввал аз худ ташаббусҳои наҷиби ватандӯстона нишон дода, барои бунёди боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, варзишгоҳу майдонҳои варзишӣ, мактабу кӯдакистонҳо ва дигар иншооти муҳим  иқдом намуда истодаанд.
Сокинони шарафманди шаҳри Ҳисор низ дар қатори мардуми соҳибиқболи Тоҷикистон пайваста талош намуда истодаанд, ки бо ҷонибдорӣ аз ин ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат баҳри сазовор истиқбол намудани Ҷашни мубораки миллат – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои амалии созандагиву бунёдкорӣ андешида, аз ин роҳ дар шукуфоиву сарсазбӣ ва ободонии ин гӯшаи диёри нозанини мамлакат  саҳми назарраси хешро гузоштанд. Дар заминаи Фармони Сарвари давлат қарори раиси шаҳри Ҳисор ба тасвиб расида, бар асоси он то фарорасии ин ҷашни ҳумоюнӣ анҷоми мукаммали барномаи созандагиву бунёдкорӣ тарҳрезӣ гардидааст. Дар назар дошта шудааст, ки то  ҷашни мазкур дар  шаҳри Ҳисор  бунёди 613 иншооти хоҷагии халқ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. 
Шоистаи таъкид аст, ки сокинони шарафманди шаҳри Ҳисор дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллатро дар ин арса ба ҳукми номаи фардосози кишвари азизи худ қабул намуда, талош доранд, ки дар ин ҷода саҳми арзандаи хешро гузоранд. Маҳз талошу пайкор ва ғояву ормонҳои мардуми шаҳр, сокинони ватандӯсти ин сарзамини куҳан, соҳибкорону табақаҳои дигари аҳолӣ буд, ки нақшаи тадбирҳои муҳими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо корномаҳои созандаи мардум ғанӣ гардида, аллакай қисме аз онҳо иҷро ва мавриди истифодаи мардум қарор гирифтанд. Таҷдиду тармими роҳҳои маҳалла ва деҳоти аҳолинишин, бунёди муассисаҳои маърифатӣ, соҳаҳои тандурустӣ, варзишгоҳ ва маҷмааву майдончаҳои варзишӣ, коргоҳҳои саноатӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, хоса бунёди боғҳои нав ва ривоҷи ангурпарварӣ,  афзоиши ҳаҷми истеҳсоли мева ва дар умум тақвияти барномаи дурнамои таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ташаббус ва тадбирҳои муҳими мардуми шаҳри Ҳисор маҳсуб меёбанд, ки дар дарозои истиқболи самимонаи ин ҷашни бузурги миллат дар назди худ гузоштаанд, то ҳар яке аз ин корномаҳоро ба ҳукми туҳфаҳои арзанда ба ҷашни миллӣ пешниҳод созанд.
Барҳақ, роҳе, ки Пешвои миллат барои таъмини саросарии ободии мамлакат, пешрафти  маҷмӯи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар интихоб намудаанд, аз фардои пур аз ибтикорот, шукуфоиву нусратёриҳои Тоҷикистон  башорат медиҳад. Ин роҳи мунаввар ҷодаест, ки дар навбати аввал барои мардуми кишвар зиндагии шоиста, озоду обод ва ҳаёти хушу хуррамро кафолат медиҳад. Мардуми шарафманди Тоҷикистон низ моҳият ва аҳамияти ин ташаббусҳои наҷиб, иқдомоти созандаро дар сатҳи зарурӣ дарк намуда, имрӯз бо камоли садоқат ва ихлосу иродат аз маҷмӯи ин барномаҳои муассир ба пешрафтҳои навини кишвар истиқбол менамоянд. 
Дар қатори тамоми сокинони Тоҷикистон  мардуми шарафманди шаҳри Ҳисор низ метавонад пеш аз ҳама, тавассути азму иродаи қавӣ, ҳамдиливу ҳамраъйӣ, меҳнати софдилона, зуҳури корномаҳои ватандӯстона ва, маҷмӯан, иттиҳоду ваҳдат дар зери парчами ормонҳои олии Пешвои миллат дар ҷодаи ба кишвари бузурги пешрафтаву пешқадам табдил додани Тоҷикистон ба комёбиҳои боз ҳам бузургтаре мушарраф мегардад. Боварии комил дорем, ки мо, мардуми меҳнатқарин ва ватандӯсти Тоҷикистони офтобрӯя, тавассути ҳамин садоқат ва ихлос ба ормонҳои миллӣ, истиқболи самимона аз ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои ватандӯсти миллати хеш мерасем ва дар ин фосилаи начандон тӯлонӣ Тоҷикистонро ба сарзамини ормонҳо, диёри хурраму ободон ва яке аз мамлакатҳои пешқадам  мубаддал мегардонем.
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА,
раиси шаҳри Ҳисор


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2018    №: 222    Мутолиа карданд: 310

28.01.2020


Иқтидори энергетикии кишвар рӯ ба афзоиш дорад

Азнавбақайдгирӣ. Ҷараёни иҷро нигаронкунанда боқӣ мемонад

Тоҷикистону Эрон. Ҳамкориҳои гумрукӣ таҳким меёбанд

Ноҳияи Рӯдакӣ. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

СММ ИМА ва Россияро ба тамдиди созишномаи ССҲ-3 даъват намуд

Аксарияти нафароне, ки мубталои коронавирус шуданд, аз 60 - сола боло мебошанд

Дар Қазоқистон бо офияти занҳое машғул мешаванд, ки аз Сурия баргаштанд

Ҳамлаи малах ба Африқои Ҷанубӣ боиси нигаронии сахти СММ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед