logo

сиёсат

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. РӮЗИ СУЛҲ, РӮЗИ ЭҲЁИ МИЛЛӢ

Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи ҷашнҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ тантанаи сулҳу осудагӣ ва ҳамдастиву ҳамдилист, ҷашни нуру сафо, меҳру вафо, созандагиву бунёдкориҳо ва эҷоду эъҷозҳои тоза ба тоза дар роҳи расидан ба ормонҳои бузурги миллист. Он ҷашни тоҷикистониёну тоҷикони рӯи дунё, ҷашни давлатдории навини тоҷикон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
16 ноябри соли 1994 дар тақвими таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун санаи хуҷастаи таърихиву тақдирсози миллат ва оғози марҳилаи нави давлатсозиву давлатдорӣ бо ҳарфҳои зарҳалин ҷовидонӣ сабт шудааст. Маҳз дар ҳамин рӯзи муборак Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин бор ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қасами вафодорӣ ба халқу Ватан ёд карданд.
Воқеан, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди ёдкардаи хеш содиқ монданд ва хушбахтона, миллати тоҷикро аз парокандагиву сарзамини Тоҷикистонро аз хатари нестшавӣ раҳоӣ бахшиданд ва, сипас, ҳама талошу кӯшиши хешро барои рушду тараққии минбаъдаи кишвар ва зиндагии орому осудаи мардуми он равона карданд. Оид ба нақши Президенти Тоҷикистон ва бузургии шахсияти ин сиёсатмадори камназири ҷаҳонӣ мақолаву китобҳои зиёде аз ҷониби муаллифони ватаниву хориҷӣ ба нашр расидаву дастраси хонандагони сершумор шудаанд, филмҳои ҳуҷҷатии зиёд рӯйи навор омадаву манзури тамошобин гардиданд. Бо вуҷуд ин, ҳанӯз ҳам нақши сиёсии ин абармарди арсаи сиёсат, махсусан мактаби сулҳофаринии ӯ аз сӯйи коршиносони сиёсӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор нагирифтааст.
Сиёсати сулҳофаринии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сиёсатмадори тавоно муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби омӯзиш барои ҷаҳониён аст. Нуфузу эътибори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсии ҷаҳон иртиботи ногусастанӣ ба сиёсати сулҳофариниву ваҳдатсароӣ дорад, зеро ин шахсияти бузург тавонистаанд, сулҳу оромиро дар мамлакат барқарор кунанд, миллати парокандаро ба ҳам оранд ва шарораи умеду эътимод ба ояндаро дар дили ҳар сокини Тоҷикистони тозаистиқлол барафрӯзанд.
Муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат ва Пешвои миллат дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ормонҳои бузурги миллӣ, ба хотири рушди мунтазами соҳаҳои ҳаётан муҳим барои ҷомеаи кишвар ва фароҳам овардани зиндагии шоиставу пурсаодат барои халқ бо дарки масъулияти баланди ватандориву соҳибдавлатӣ на танҳо ҳама хираду маҳорат, ақлу заковат ва донишу истеъдоди хешро сарф кардаанд, балки дар ҳассостарин лаҳзаҳо ҳастии худро дареғ надоштаанд.     
 Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди баору номус, бедордилу хештаншинос ва озоду озодаи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯзи фараҳу шодмонӣ, саодату пирӯзӣ ва ифтихор аз таъриху тамаддуни бузурги миллати бостонии тоҷик ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Шариф КОМИЛЗОДА,
Фарзон НАЗРӢ,
ходимони илмии
Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии
фарҳанг ва иттилоот


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2018    №: 223 - 224    Мутолиа карданд: 206

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед