logo

сиёсат

ЧЕҲРАИ ДУРАХШОНИ ТАЪРИХ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заковати фитрӣ ва нури хирад ҳамчун бунёдгузори тафаккури навини давлатсозии миллӣ дар дили мардум маҳбубияти хос касб карданд.  Зеро, шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ягонагӣ ва садоқат ба мардум, таваҷҷуҳ ба гузаштаи таърихии халқ ва асолати фарҳангию маънавии миллӣ, ҳувият ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон пойдор гашта, дар ҷӯши ходисаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии замон шуҳрат пайдо намуд.
Чеҳраи дурахшони сиёсатмадорӣ ва шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро бе арзишҳои миллӣ аз қабили истиқлолият ва ваҳдати миллӣ тасаввур наметавон кард. Зеро камолоти шахсият ва рисолати сиёсии ӯ парварда ва маҳсули ин арзишҳост. Ин абармарди таърих ба оини давлатдорӣ, меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ ва покнажодии ниёгонамон меҳру садоқати беандоза дошта, меҳвари сиёсати хирадмандона ва ҷовидонаи хешро андар тору пуди ин ғоя сириштаанд. Пешвои миллат ба ҳифз ва бузургдошти оини давлатдорӣ, суннатҳои мардумӣ ва арзишҳои умумибашарӣ пардохта, таърихи пуршукӯҳи ориёинажодонро аз фаромӯшӣ ва хатари нобудшавӣ нигоҳ дошта, ба эҳёи оину фарҳанги ниёгон муваффақ гаштанд.
Таваҷҷуҳ ба шахсият, сарнавишти шахсони бузург ва гузаштаи таърихи халқ, як шакли худшиносист, ки аз худшиносии шахс то ба дараҷаи  худшиносии миллӣ омада мерасад. Воқеияти таърихӣ танҳо зодаи афкору ақоиди ҳақиқати маҳдуднагашта буда, дар ин замина дастовардҳои фарҳангию маънавии миллӣ ба хубӣ дарк мегарданд. Дар ҳамин асос Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буданд: «Таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зориаш дида, ба ҳусни фаъолияту корбарии ӯ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯйи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои кишвари худро муайян карда метавонем. Танҳо оинаи таърих пайванди моро ба гузаштагонамон қавӣ месозад, барои беҳбудии ояндаи ҷамъият ва ободии кишвар роҳ мекушояд».
Дар ҳама давру замон унсури маънавӣ дар шуури миллии мардум нақши муҳими созанда ва бунёдгузорӣ дорад. Ин омил барои ба даст овардани истиқлол ва худшиносии миллӣ ва ҳамгироии омилҳои иҷтимоиву сиёсӣ заминаи мусоид фароҳам меорад ва пешрафти давлат ва бақову ҳастии онро таъмин менамояд. Барои ба даст овардан ва устувор гардондани ин ғояҳои олии сарнавиштсоз дар баробари истиқлолияти сиёсӣ, таъмини истиқлоли фарҳангӣ аз вазифаҳои муҳим ва пуршарафи зиёиёни эҷодкор мебошад. Ба қавли академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, истиқлоли фарҳангӣ ва бунёди маънавӣ шарти аввал дар таъмини бақои умри миллат аст. Истиқлоли фарҳангӣ роҳе ба сӯйи эҳёи миллӣ, расидан ба сатҳи ҷаҳонӣ буда, миллатро аз роҳи маънавият ба арсаи олам мебарорад.
Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳастии хешро ба ҳифзу эҳтироми муқаддасоти Ватан, бузургдошти анъана ва расму оини ниёгон, ҳимояи манфиатҳои мардум ва худшиносиву худогоҳии аҳли ҷомеа бахшиданд ва сарнавишти сулҳу ваҳдати миллӣ бо дастони мубораки ин абармарди таърих навишта шуд.
Мавзуна ҲУСЕЙНОВА, омӯзгори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
Маратҷон ҶАББОРОВ, донишҷӯ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2018    №: 223 - 224    Мутолиа карданд: 230

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед