logo

сиёсат

ҶИЛОИ ХИРАД

Таърихи башарият, аз ҷумла сарнавишти халқи  тоҷик,  аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳама гуна гардишҳои бузург, таҳаввулоти азиму бунёдӣ дар умури сиёсиву иҷтимоӣ, афкору андешаи миллӣ, оину таомулот ва зеҳну сиришти афроди ҷомеа бо азму талош, кору пайкори шахсиятҳои маъруф, фарзонфарзандоне, ки зимни ҷасорату матонат, фидокориву  хирадмандӣ, фазилату иродати сиёсӣ ва маънавии хеш  ормонҳои таърихии мардумро таҷассум намудаанд, пайванди ногусастанӣ дорад.
Дар аввалин рӯзҳои соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон - дар  марҳилаи ҳассосу тақдирсоз ҷараёни рӯйдодҳои иҷтимоиву сиёсӣ дар кишвари мо тарзе сурат гирифт, ки заминаҳои воқеии дигаргуниҳои батадриҷи мамлакат ва рушди босуботу осоиштаи истиқлолро ба куллӣ аз байн бурд. Бо қазовати андешамандоне, ки буҳрони миллии солҳои навадумро таҳлилу тааммул кардаанд,  - мӯҷиби шукр ва ифтихор аст, ки дар радифи чанд тан  аз чеҳраҳои шинохта ва арбобони сиёсии ҷаҳони муосир «Ба иқболи миллати тоҷик Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зуҳури шахсияте (Эмомалӣ  Раҳмон - Р. М.) дар саҳнаи таърих мусодиф омад, ки дар саропои вуҷуд ва андешаҳои созандааш муҳаббати бепоён ба сарзамину мардуми хеш, ба таърих ва муқаддасоти миллӣ шуълавар буд, ки рӯшноии сафоангези он дарвоқеъ чароғи ҳидояти миллати куҳанбунёди мо гардид».
Аз замони зимоми давлатдории навини тоҷиконро ба даст гирифтани фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон фазилати хоссаи давлатдории тоҷикон бо шукӯҳу шаҳомати тоза падид омад, ки муҳаррик ва меҳвари асосии он ҳимояву ҳифозати манфиатҳои олии миллӣ – таъмини истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар  мебошад. 
Лозим ба таъкид аст, ки дар ин радиф ба шарофати тафаккури стратегӣ ва созандаву ояндабинона, ҳамзамон, азму талоши беназир ва сиёсати хирадмандонаи  Пешвои миллат забони миллӣ ва ташаккулу рушди пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи Истиқлолияти давлативу сиёсӣ ва  фарҳангии мо гардида, ба ҳайси яке аз рукнҳои асосии  давлатдорӣ  ва бунёдии фарҳанг дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ нақши муҳим бозид.
Аз ин ҷост, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  сиёсатмадори асил, Пешвои муаззами миллат дар фосилаи начандон тӯлонии таърихӣ  оид ба масъалаҳои рушди устувори забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ як силсила тадбирҳои муассир андешида, омӯзиш, ҳифзу такомул ва гиромидошти онро қарзи ҳар фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандору меҳанпараст арзёбӣ намуд.
Баррасиву андеша ва хулосаҳое, ки Пешвои фархундақадами миллат дар заминаи таҳқиқ андар моҳият ва сарнавишти забони миллӣ, ҳифзи асолат, гиромидошти он ва наслҳои оянда поку беолоиш ва равону шево ба мерос гузоштан дар рисолаи пурарзиши хеш - «Забони миллат – ҳастии миллат» иброз намудаанд, ба муҳимтарин масъалаҳои марбут ба арзишҳои фарҳангиву забонӣ посухҳои қотеонаи илмӣ медиҳанд. 
Имсол таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кушодашавии чархаи аввали НБО  «Роғун» рост омада, бори дигар ба ҷаҳониён аз тафаккури созанда, ҳиммати воло, мушкилнописандӣ ва иродаи матини фарзонафарзанди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон башорат медиҳад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи ҷашнҳои нави миллӣ рӯзи фаромӯшнопазири таърихӣ ва рӯзи ифтихору сарфарозӣ, баёнгари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми мо ба шумор меравад. Зеро нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун татбиқкунандаи сиёсати дохиливу хориҷӣ ва кафили рушди ҳамаҷонибаи Ватани азизамон  - Тоҷикистон беандоза бузург аст.
Мавриди зикри хоса аст, ки ба шарофати садоқату фидокорӣ, тафаккури стратегӣ, иродаи матин  ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мардуми тоҷик дар як муддати начандон тӯлонии таърихӣ фосилаеро тай намуда, соҳиби музаффариятҳое гардид, ки барои як зумра халқияту миллатҳои олам орзуву ормонҳои деринаву дастнорас маҳсуб меёбанд. 
Аз ин ҷост, ки мардуми мо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро  барои хизматҳои воқеан бузургу беназири таърихӣ, ҳамчун рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили хеш, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон  сидқан ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат эътироф кардааст.
Моро зарур аст, ки симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат, хизматҳои беназиру таърихии ӯро бо камоли масъулият  ҳар чи бештару амиқтар омӯзем, таҷассум ва тараннуми онро дар адабиёти миллӣ ва ҷаҳон густариш бахшем, ҷанба ва паҳлуҳои инсонгароёнаву умумибашарии сиёсати ин абармарди миллатро дар олам ҳамаҷониба тарғиб намоем.
 Бигзор ҷилои хиради Пешвои миллат дар ҳамбастагӣ бо нури созандаи Роғун роҳи ояндаи миллати моро мунаввар сохта, қалби ҳамватанонро саршор аз эътимоду боварӣ ба ояндаи неки Ватани азизамон Тоҷикистон гардонад!
Маҳмадулло РАҶАБЗОДА,
ректори Донишкадаи давлатии забонҳои
Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2018    №: 223 - 224    Мутолиа карданд: 203

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед