Хабарҳо
Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд
Regnum.ru. Тибқи супориши президенти кишвар Шавкат Мирзиёев мактабҳои президентӣ барои тарбияи «кадрҳои насли нав» арзи ҳастӣ мекунанд.
«Мо назди худ вазифаи афзалиятнок гузоштаем, ки кишварамонро ба сатҳи нави рушд барорем. Барои ин кадрҳои насли нав заруранд. Барои омодасозии онҳо ният дорем, ки дар ҳар минтақа муассисаи таълимии шакли нав – мактаби президентӣ дошта бошад», - гуфт Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон.
Ташкили чунин мактабҳо бо пешниҳоди Сарвари давлат маҳз аз ҳамин шаҳр оғоз меёбад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 130