logo

сиёсат

ПРЕЗИДЕНТ БА ВАНҶ ОБОДӢ ОВАРД

Имрӯзҳо сокинони ноҳияи Ванҷ, дар баробари кулли мардуми  кишвар, шодиву хурсандии басе ҳам фузун доранд. Хурду калони ин диёри пурганҷ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фараҳмандӣ ҷашн мегиранд. Пиру барно дар шаъни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пурмеҳртарин суханонро вирди забон мекунанд.
Хизматҳои ин роҳбари сатҳи байналмилалӣ, абармарде, ки тамоми ҳастии хешу неруи хастанопазирашонро баҳри гул - гулшукуфии Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияи Ванҷ, бахшидааст, хеле бузург мебошад. Барои ҳамаи ин заҳматҳо, ободкориҳои беқиёс, хислатҳои наҷибона ва олиҳимматонаашон Президенти кишвар азизи ҳар як хонадони мардуми Ванҷзамин   гаштаанд.
Сокинони  ноҳия аз он ифтихорманд ва шукргузоранд, ки дар 27 соли истиқлолияти кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар Ванҷ, садҳо иншооти самтҳои гуногун бунёд гардиданд. Бебаҳотарин хизмати Ҷаноби Олӣ ташаббускорӣ ва меъморӣ дар бунёди шоҳроҳи  байналмилалии автомобилгарди Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ - Мурғоб - Кулма мебошад. Ҳоло дар даҳ соат ронандагону мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ роҳи 480 -  километраи Ванҷ - Душанберо мепаймоянд.
11 сентябри соли равон Президенти кишвар зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ванҷ дар суханрониашон таъкид намуданд: “Барои боз ҳам беҳтар намудани шароити инфрасохтори ноҳия корҳои омодасозии лоиҳа барои таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаихумб - Ванҷ ба масофаи зиёда аз 92 километр бо харҷи беш аз 2 миллиард сомонӣ идома дорад».  Бо таҷдид ва азнавсозии қитъаи роҳи Дарвоз - Ванҷ фосилаи вақти ҳаракати мошинҳо ба Бадахшон боз ҳам камтар мегардад. Ҳар як ташрифи Пешвои маҳбуб ва муаззами миллат ба ноҳияи Ванҷ авҷу барори баланди амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагиҳои зиёдеро рӯи кор меорад. Натиҷаҳои сафарҳои нахустини Роҳбари давлат ба он мусоидат намуд, ки корхонаи хиштбарории мавзеи Лугад ва чандин коргоҳҳои хурду миёна ба кор дароварда шуданд. Дар фосилаи кӯтоҳ неругоҳҳои барқи обии «Андарбак», «Техарв», «Пои Мазор», «Пшихарв» ва «Ғӯмаяк» сохта шуданд.
Баъди сафарҳои минбаъдаи кории Пешвои миллат Неругоҳи барқи обии «Ванҷ-2», варзишгоҳ дар маҳаллаи Убари Даргов, толори варзишии «Вастан», инчунин, пулҳои мошингузар дар мавзеъҳои Сурхсангов, Бодавд ва Шавуд-Будун аз болои Ванҷобу Язгуломоб, роҳи ҳашткилометраи автомобилгарди Жамаг-Зайч, бинои муассисаи таълимӣ дар деҳаи Ҷовидон, корхонаи истеҳсоли равғани ангат ва истироҳатгоҳ дар мавзеи Вишхарваки водии Ванҷи Боло ва боз даҳҳо иншоот мавриди истифодабарӣ  қарор гирифтанд.
Сафари кории моҳи сентябри соли ҷорӣ анҷомдодаи Пешвои миллат ба ноҳияи Ванҷ дар хотири сокинони ин диёри пурфайз дер боз боқӣ мемонад. Роҳбари давлат баъди мавриди истифода қарор додани биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4, қасри фарҳанг, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи  Кумитаи давлатии амнияти миллии мамлакат бо сокинони ин диёри пурфайз мулоқоти самимӣ ва ошкоро доштанд. Ҷаноби Олӣ аз дастовардҳои заҳматкашони ноҳия дар пиёдасозии  амалҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ, вусъатбахшӣ дар самти боғдориву зироаткорӣ, истеҳсоли себу нок ва чормағзи хушсифаттарини ин минтақа изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Роҳбари дилсӯз ва ғамхори миллат баҳри ободии минбаъдаи марказ ва деҳоти ноҳия, аз байн бурдани иморатҳои пастаки назарногири канори роҳу кӯчаҳо, бунёди  иншооти ҳозиразамони  соҳаи иҷтимоӣ, мумфаршу чароғон сохтани 5,5 километр роҳҳои шаҳраки Рохарв, бунёди боғи фарҳангиву истироҳатии ҷавобгӯи шавқу завқи мардум, ҳамчунин, рушди соҳаи кишоварзӣ, нигаҳдории себу ноки фаровони боғҳо, равнақи сайёҳӣ то домони пиряхҳои Федченко ва Хирсон,  азнавбарқароркунии роҳу пулҳо аз деҳаи Пои Мазор то наздикиҳои лозурҳо дар масофаи 20 километр тавсияҳо ва маслиҳатҳои судбахш доданд.
Аз рӯи нақша - чорабиниҳо то ҷашни пурифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия даҳҳо иншооти самти иҷтимоӣ, 8 пули нақлиётгузар, корхонаҳо ва садҳо манзилҳои истиқоматии ҷавобгӯи меъёрҳои меъмории ҷаҳонӣ ва шаҳрсозӣ бунёд мегардад. Роҳҳои ҷониби водиҳои Ванҷи Боло ва Язгулом, маконҳои тамошобоб барои сайру саёҳат тахту ҳамвор ва мумфарш мегарданд. Дар даромадгоҳи водии Ванҷи Боло пули мошингарди Ҷовидон - Потов мавриди истифода қарор мегирад. Раҳандозии ин корҳои бунёдгарӣ ва созандагӣ ба он мусоидат менамояд, ки барои ҷавонон  ҷойҳои нави корӣ муҳайё мешавад.
Барои ҳамаи ин дастгириҳо ва ғамхориҳои беназир, ободгарӣ ва созандагиҳои беқиёс мардуми ноҳияи Ванҷ аз Роҳбарияти Олии кишвар басе шоду мамнуну шукргузоранд. Натиҷаи ҳамаи ин дастгирӣ ва ғамхориҳост, ки пиру ҷавон  бо қалбҳои саршор аз меҳру муҳаббат ба Сарвари муаззами кишвар дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саломатии бардавом, умри дароз, саодатмандӣ ва дар амалисозии   нақшаҳои ватандӯстонаашон, бо мақсади ба яке аз кишварҳои ободу зебо ва пешрафтаву тараққикардаи ҷаҳон табдил додани Тоҷикистон, барори кор мехоҳанд.
Давлатбӣ  РАҶАБОВА, раиси ноҳияи Ванҷ

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2018    №: 225    Мутолиа карданд: 187

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед